Таъкиди сухангӯи вазорати бозаргонии Чин бар муқобила бо ҷанги тиҷории Амрико зидди Пекин
(last modified Thu, 06 Jun 2019 13:15:07 GMT )
Июн 06, 2019 18:15 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди сухангӯи вазорати бозаргонии Чин бар муқобила бо ҷанги тиҷории Амрико зидди Пекин

Сухангӯи вазорати бозаргонии Чин бар лузуми муқобила бо ҷанги тиҷории Амрико зидди Пекин, таъкид кард.

Ба гузориши хабаргузории Рейтерз, Гао Фэн (Gao Feng) рӯзи панҷшанбе дар гуфтугӯ бо расонаҳо дар Пекин гуфт, дар сурате, ки  Амрико ба ташдиди танишҳои тиҷорӣ бо Чин идома диҳад, давлати ин кишвар қотеъона бо Амрико бархурд хоҳад кард.

Сухангӯи вазорати бозаргонии Чин афзуд, тавассули Амрико ба фишори ҳаддиаксарӣ зидди Чин, мӯҷиби шикаст ва таваққуфи музокироти тиҷории ду кишвар шудааст.

Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико, имрӯз(панҷшанбе) бори дигар Пекинро таҳдид кард, таърифаҳои гумрукӣ бар 300 миллиард колои содиротии Чин ба Амрикоро афзоиш медиҳад.

Ахиран Амрико мизони таърифаи 10 дарсадӣ бар рӯи 200 миллиард доллар колои чиниро ба 25 дарсад афзоиш дод.

Дар пайи ин иқдоми Амрико, Чин низ бар 60 миллиарддоллар колои воридотӣ аз Амрико, 10 то 25 дарсад таърифа эъмол кард. Рӯёрӯии тиҷории Амрико ва Чин аз ҳаштуми моҳи марти 2018 оғоз шудааст.

 

Барчасп