Размоиши Амрико ва чанд кишвари дигар дар Халиҷи Форс ва баҳри Уммон
(last modified 2019-10-22T10:05:04+00:00 )
Октябр 22, 2019 15:05 Asia/Dushanbe
  • Размоиши Амрико ва чанд кишвари дигар дар Халиҷи Форс ва баҳри Уммон

Размоиши байналмиллалии дарёии 2019 бо ҳузури 50 кишвар ва ҳафт созмони байналмиллалӣ аз душанбе ба мизбонии фармондеҳии марказии нерӯҳои дарёии Амрико ва новгони панҷуми нерӯи дарёии Амрико ҳозир дар минтақа оғоз шуд.

Ба нақл аз Форс, ин шашумин маротиба аз баргузории ин размоиш аст, ки охирин бори он дар соли 2017 баргузор шуд. Ин размоиш дар чаҳор марҳила аз ҷумла коромӯзӣ, омӯзиши коркунон, ҳамандешиҳо, тамриноти новгони дарёӣ ва истиқрори дубораи нерӯҳо баргузор мешавад.

Ин дар ҳолест, ки нерӯи дарёии Амрико ҳозир дар Халиҷи Форс чанде пеш низ як амалиёти муштараки дарёӣ бо мушорикати Англия ва Фаронса дар обҳои соҳилии Баҳрайн анҷом дод. Сухангӯи новгони панҷуми Амрико дар минтақа дар он бурҳа аз амалиёти минрубӣ барои ончи ки таъмини рафту омади киштиҳо дар Халиҷи Форс тавсиф кард, хабар дода буд.

Ба навиштаи ЮнайтедПресс, фармондеҳии марказии нерӯҳои дарёии Амрико дар ин замина гуфт, ки ин размоиш дар Халиҷи Форс, баҳри Уммон, Халиҷи Адан ва баҳри Сурх анҷом хоҳад шуд ва шомили амалиёти ҳавоӣ, дарёӣ, муқобила бо минҳои сатҳӣ ва зерсатҳӣ ва тамрини муҳофизат аз бандарҳо бо василаҳои зерсатҳии бидуни сарнишин хоҳад шуд.

Ин манбаи хабарӣ навишт, ки ин размоиши бузурги дарёӣ 12 ноябр ба поён мерасад.

Фармондеҳи нерӯи дарёии артиши Эрон чанде пеш дар заминаи ҳузури низомии Амрико дар минтақа гуфт, ҳузури амрикоиҳо ва дигарон дар минтақаи Халиҷи Форс намоише аст, то кишварҳои арабии минтақаро биҷушанд.

Амир дарёдор Ҳусайни Хонзодӣ фармондеҳи нерӯи дарёии артиши Эрон бо баёни инки  дунё ва минтақа аз Халиҷи Форс баҳраманд аст ва амн будани он бисёр муҳим ва зарурӣ аст тасреҳ кард, нерӯҳои мусаллаҳи Эрон даст дар дасти ҳам бисёр мустаҳкам ва мунсаҷим барои барқарории амният дар минтақаи Халиҷи Форс ва гулӯгоҳи Ҳурмуз омода ҳастанд.

Барчасп