Ҷо Байден: Ҷаҳон аз Амрико пешӣ гирифтааст
(last modified Sat, 16 Oct 2021 09:40:56 GMT )
Октябр 16, 2021 14:40 Asia/Dushanbe
  • Ҷо Байден: Ҷаҳон аз Амрико пешӣ гирифтааст

Раисиҷумҳури Амрико гуфт, бо вуҷӯди ин ки барои муддатзамони тулонӣ Амрико дар ҷаҳон пештоз будааст, аммо акнӯн ҷаҳон аз мо пешӣ гирифтааст.

Ҷо Байден, раисиҷумҳури Амрико дар изҳороте дар Connecticut гуфт, зерсохтҳои мо аз беҳтаринҳо дар ҷаҳон будаанд, аммо бар асоси нишасти ҷаҳонии иқтисод аз назари кайфият зерсохтҳо ҳамакнӯн дар рутбаи сездаҳум қарор дорад, ин мавзӯ дар бораи ҷодаҳо, пулҳо, озодроҳҳо ва ҳамаи зерсохтҳо сидқ мекунад.

Байден бо баёни инки мо илова бар бозсозии сареъи бузургроҳҳо ва пулҳои худ, бояд лӯлаҳои интиқоли оби худро таъвиз кунем, афзуд, 40 ҳазор мадриса дар Амрико вуҷӯд дорад, ки дар оби ошомидании онҳо сурб вуҷӯд дорад ва донишомӯзон дар хатари масмӯмият қарор доранд.

Раисиҷумҳури Амрико ҳамчунин бо ишора ба инки мо наметавонем дар робита бо бахши омӯзиши ақибтар аз дигар кишварҳо бошем, гуфт, замоне, ки мо омӯзиши давоздаҳ марҳалаиро беш аз як қарн пеш эҷод кардем, мо беҳтарину омодатарин нерӯҳои кориро барои ҷаҳон эҷод кардем.

Байден ҳамчунин ёдовар шуд, 50 ширкат аз 500 ширкати бузург дар Амрико дар соли гузашта ҳеҷ молиёте пардохт накарданд ва 50 миллиарддоллар даромад касб карданд.

Чанде пеш «Анҷумани муҳандисони шаҳрии Амрико» дар гузорише эълом кард, Амрико бо касрии дутриллиону 590 миллиарддолларӣ барои рафъи ниёзҳо дар таъсисоти зербиноии худ мувоҷеҳ аст, ки мусталзими афзоиши ҳангуфти ҳазинаҳои давлатӣ барои расидагӣ ба пулҳо ва ҷодаҳои фарсуда ва барномаҳои дигар аст.

Дар бист соли ахир дар давлатҳои ҷумҳурихоҳ ва демократи Амрико ҳамвора буҷети низомии рӯ ба афзоиш буда ва буҷетҳои умумӣ ва хадамотӣ ва бозсозии зерсохтҳо бо коҳиш мувоҷеҳ будаанд.

Бештар бихонед: