Декабр 08, 2021 13:34 Asia/Dushanbe
  • Меҳвари аслии гуфтугуҳои Путин ва Байден, масъалаи Украина буд
    Меҳвари аслии гуфтугуҳои Путин ва Байден, масъалаи Украина буд

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия рӯзи сешанбе бо Ҷо Байден, ҳамтои амрикоии худ ба шакли маҷозӣ ва аз тариқи видеоконфронс дидор кард. Раисони ҷумҳурии ду кишвар дар бораи масоили мухталифе ба баҳс пардохтанд.

Ба гуфтаи Ҷейк Салливан, мушовири амнияти миллии Амрико, меҳвари аслии гуфтугуҳои ду тараф, масъалаи Украина буд ва Байден дар ин дидор, бар ҳимояти Амрико аз ҳокимияту тамомияти арзии Украина таъкид кард.

Вай изҳор дошт, ки Байден ба сароҳат эълом кард, агар Русия ба Украина ҳамла кунад, Амрико ва муттаҳидонаш бо иқдомоти қавии иқтисодӣ, посух хоҳанд дод. Дар муқобил, Кохи Кремли Русия шомгоҳи сешанбе ба судури баёнияе дар бораи гуфтугӯи Путин ва Байден эълом кард, ки Вашингтон бо мутаваҷҷеҳ кардани тамоми тақсирҳо ба сӯи тарафи русӣ дар буҳрони Украина, муртакиби иштибоҳ шудааст.

Путин аз Байден хост то Амрико замонатҳое дар бораи адами тавсеаи НАТО ба сӯи марзҳои Русия диҳад ва ҳамзамон, тамомии иқдомоти дуҷониба дар хусуси коҳиши фаъолияти ҳайатҳои дипломатӣ дар ду кишвар мутаваққиф шавад.

Бо тавваҷуҳ ба авҷгирии буҳрони сиёсӣ ва низомӣ дар шарқи Аврупо дар партави иддаоҳо ва иттиҳомоти физояндаи Ғарб бавижа Амрико дар бораи қасди Русия барои ҳамлаи густарда ба Украина ва анҷом додани омодагиҳои лозим дар ин замина, гуфтугӯи видеоии раисони ҷумҳурии Русия ва Амрико аз аҳамияти хоссе бархӯрдор аст. Байден рӯзи душанбе бо ҳадафи касби омодагӣ барои нишаст бо Путин, бо сарон Аврупо гуфтугӯ кард ва баъд аз ин нишаст гуфт, ки мақомҳои аврупоӣ тавофуқ карданд «ҷабҳае муттаҳид» дар хусуси Украина ташкил диҳанд. Ҳамчунин Вашингтон эълом карда, ки аввалин таҳоҷуми низомии Русия ба Украина дар соли 2014 боиси эъзоми нерӯҳо ва таҷҳизоти бештаре ба шарқи Аврупо шуд ва дар бурҳаи кунунӣ низ Амрико вокуниши мушобеҳеро нишон хоҳад дод.

Манобеи иттилоотии Амрико иддао мекунанд, Русия метавонад дар чанд моҳи оянда ба Украина ҳамла кунад, зеро 175 ҳазор нерӯи низомии худ дар имтидоди марзҳо бо Украина мустақар кардааст. Мақомоти Украина низ муддаиянд, ки Маскав қасд дорад дар январ ё авоили феврали 2022 ин таҳоҷумро анҷом диҳад.

Дар воқеъ ин дидори маҷозӣ ба монанди ултиматуми Вашингтон ба Маскав дар бораи ҳар гуна таҳоҷум алайҳи Украин ва ҳушдори ҷиддӣ дар бораи авоқиби ин амр бавижа эъмоли бесобиқатарину густардатарин таҳримҳо алайҳи Русия аст. Албатта давлати Байден сирфан ба ин басанда накарда, балки гомҳои амалӣ дар ростои ҳимоят аз Украина бардоштааст, ки аз ҷумла шомили эътои садҳо миллиондоллар кумакҳои низомӣ ва таслеҳотӣ ва баргузории размоишҳои муштарак бо артиши Украина аст. Ҷомеъаи иттилоотии Амрико бар ин бовар аст, ки Путин ҳануз тасмими худро барои ҳамлаи низомӣ ба Украина нагирифтааст ва лизо ҳушдорҳои ҷиддии Байден ба Путин дар ин замина метавонад корсоз бошад.

Dmitri Trenin, коршиноси сиёсӣ мегӯяд: Дипломасии амалан дар равобити Русия бо Украина, НАТО, қудратҳои пешрави Иттиҳоди Аврупо монанди Олмону Фаронса ва то онҷо ки ба Украина марбут мешавад бо Иёлоти муттаҳида фалаҷ шудааст.

Бо вуҷуди ҳаёҳӯи Ғарб дар бораи ҳамлаи эҳтимолии Русия ба Украина, аммо аз дидгоҳи Маскав ҳамаи ин иқдомот дар воқеъ ҷанги равонӣ ва таблиғотӣ дар ростои ироаи тасвири манфӣ аз Русия ва эҷоди заминаи лозим барои ташдиди иқдомоти зиддирусӣ бавижа дар буъди таҳримӣ аст. Зимни инки нигоҳе ба иқдомоти НАТО ба унвони созмони низомии Ғарб дар Аврупо нишондиҳандаи рӯйкарди таҳоҷумии он алайҳи Русия бо талоши мустамар барои тавсеа ба сӯи шарқ ва узвияти кишварҳои ҳамҷавори Русия дар ин паймони ғарбист; масъалае, ки ду даҳа аст табдил ба дағдағаи аслии Маскав дар заминаи низомӣ ва амниятӣ шуда ва тадовуми ин раванд бавижа узвияти Украина дар НАТО-ро ба монанди хати қирмизи амнияти миллии Русия эълом кардааст. Дар хости Путин аз Байден дар бораи ироаи замонатҳое барои адами тавсеаи НАТО ба сӯи шарқ низ дар ҳамин чорчуб қобили табйин аст.

Бештар бихонед :

Барчасп