Ҷанги Украина ба варзиш кашида шуд, Русия бедуни парчам ва суруди миллӣ дар рақобатҳои футбол
(last modified 2022-02-28T13:55:49+00:00 )
Феврал 28, 2022 18:55 Asia/Dushanbe
  • Ҷанги Украина ба варзиш кашида шуд, Русия бедуни парчам ва суруди миллӣ дар рақобатҳои футбол

ФИФА истифода аз парчам ва сурди миллии Русияро дар рақобатҳои байналмиллалӣ мамнуъ кард.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо ба нақл аз шабакаи телевизионии Алҷазира, Федерастияи ҷаҳонии футбол (FIFA) эълом кард тими Русия фақат бо унвони "Иттиҳодияи футоли Русия" метавонад дар рақобатҳои байналмиллалӣ ҳузур пайдо кунад.

Бар ин асос ҳеҷ рақобати байналмиллалӣ низ дар Русия баргузор нахоҳад шуд, ФИФА ҳузури Русия дар рақобатҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳониро мамнуъ карда аст.

Роб Харис хабарнигори варзишии Ассошиэйтед Пресс дар суханоне эълом кард бисёре аз аъзои FIFA аз ин мавзуъ ибрози ноумедӣ карданд, ки ин таҳримҳои зидди Русия кам аст.

Рот Харис гуфт: Ҳақиқат ин аст, ки Русия дар ҳар сатҳе метавонад дар рақобатҳои байналмиллалӣ ҳузур дошта бошад ва танҳо наметавонад аз парчам ва суруди миллияш истифода кунад ва бояд таҳти унвони "Иттиҳодияи футболи Русия" дар рақобатҳо ҳузур дошта бошад. Инҳо иқдоме аст, ки дар пайи таҳоҷуми Русия ба Украина дар пеш гирифта шуда аст, аммо нигарониҳое дар ин бора вуҷуд дорад, ки ин муҷозотҳо кофи нестанд.

Дар баёнияи ФИФА омада аст дар сурати ташдиди танишҳо ва шиддат гирифтани ҷанг иқдомоти дигар зидди Русия иҷро хоҳад шуд.

 

Барчасп