Радди эҳтимоли оташбас дар замони музокироти Русия ва Украина аз сӯи Маскав
(last modified Mon, 21 Mar 2022 17:10:58 GMT )
Март 21, 2022 22:10 Asia/Dushanbe
  • Радди эҳтимоли оташбас дар замони музокироти Русия ва Украина аз сӯи Маскав
    Радди эҳтимоли оташбас дар замони музокироти Русия ва Украина аз сӯи Маскав

Сухангуи раёсати Федератсияи Русия эҳтимоли оташбас дар Украина дар замони музокироти Маскав ва Киевро рад кард.

Аз замони оғози ҷанги Русия ва Украина (24 феврал) то кунун чанд давра музокира байни ҳайатҳои ду кишвар дар сатҳҳои мухталиф анҷом шуд, ки ба оташбаси фарогир мунҷар нашуда аст.

Музокироти вазирони хориҷаи Русия ва Украина дар Туркия низ дастоварди малмусе надошт, танҳо натиҷаи ин музокирот эҷоди замина барои оташбаси муваққат дар бархе минтақаҳо ҷиҳати хуруҷи ғайринизомиён аз масирҳои башардустона буда аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Дмиртрий Песков, сухангуи раёсати Ҷумҳурии Русия имрӯз душанбе дар нишасти хабарӣ дар Кремл зимни радди оташбас дар замони музокироти Маскав ва Киев эълом кард, пеш аз баргузории нишаст байни Владимир Путин ва Владимир Зеленский, раисони Ҷумҳурии Русия ва Украина ибтидо бояд пешрафтҳои асосӣ ҳосил шавад.

Дмиртрий Песков гуфт музокироти Русия бо Украина онтавре, ки бояд пешрафти чандҷониба надорад ва Маскав омода аст сариътар аз Киев дар музокирот вориди амал шавад.

Владимир Путин раиси Ҷумҳурии Русия низ дар тамоси телефонӣ бо Улоф Шулз, садри аъзами Олмон эълом кард Украина талош мекунад бо матраҳ кардани пешниҳодоти ғайривоқеъӣ аз музокирот хориҷ шавад.

Путин ҳамчунин аз сукути кишварҳои ғарбӣ дар қиболи бомбаборони манотиқи истиқоматӣ дар Донетск тавассути артиши Украина интиқод кард.

 

Барчасп