Мария Захарова: Ғарбиҳо беш аз 10 ҳазор таҳрим зидди Русия ҷори карданд
(last modified Thu, 16 Jun 2022 15:53:25 GMT )
Июн 16, 2022 20:53 Asia/Dushanbe
  • Мария Захарова: Ғарбиҳо беш аз 10 ҳазор таҳрим зидди Русия ҷори карданд
    Мария Захарова: Ғарбиҳо беш аз 10 ҳазор таҳрим зидди Русия ҷори карданд

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия имрӯз дар маҷмаъи иқтисодии Санкт-Петербург гуфт: Ғарбиҳо беш аз 10 ҳазор таҳрим зидди Русия ҷори карданд.

Аз замони оғози ҳамла Русия ба Украина, Амрико ва мутаҳидонаш таҳримҳо ва фишорҳо зидди Русияро ба шиддат афзоиш доданд Русия низ дар посух теъдоди зиёди аз мақомоти ғарбиро таҳрим карда аст.

Ба гузориши Спутник Мария Захарова, сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия имрӯз панҷшанбе дар суханоне эълом кард, ки кишварҳои ғарби беш аз 10 ҳазор таҳрим зидди Русия ҷори карданд.

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия дар суханоне дар маҷмаъи иқтисодии Санкт-Петербург дар ин хусус идома дод: Як рекорди беш аз 10 ҳазор маҳдудияти аст таҳримҳои зидди Русия, ки ба сурати пай дар пай иттихоз шуданд.

Мария Захарова дар посух ба саволе дар бораи ҷойгоҳи Русия дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ гуфт: Ин мавзуъ қобили музокира нест ва Маскав қасд дорад дар ин Созмон бимонад.

Коршиносон муътақидан таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо ва воридоти нефт аз Русия, ки фишори пахш дар бозорҳо ва нархи нефтро афзоиш медиҳад таъсири мавриди интизор бар иқтисди Маскавро надошта аст.

Бар асоси гузориши моҳи май Ожонси байналмиллалии энержи аз бозори нефт, даромади моҳонаи нефти Русия аз аввали соли ҷорӣ то кунун 50 дарсад афзоиш ёфта ва ба 20 миллиард доллар расида аст, кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ҳам бештарин саҳмро аз ин содироти нефти Русия  доштанд.

Аз сӯи дигар Вазорати хазонадории Амрико сешанбеи ҳафтаи ҷорӣ дар баёнияе эълом кард, ки то 5 декабр иҷозаи амалиёт бо бонкҳои таҳримшудаи Русияро медиҳад.

 

Барчасп