Сентябр 20, 2022 17:56 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Ҳушдори дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид дар борваи вазъияти хатарноки ҷаҳон
    Таҳлил: Ҳушдори дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид дар борваи вазъияти хатарноки ҷаҳон

Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид аз хатари бузур ва ҷидди ҳушдор дод.

Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид дар суханронии худ таҳти унвони "Вазъияти Ҷаҳон" зимни ҳушдор ба ин ки ҷаҳон дар хатари бузург ва ҷидди қарор дорад гуфт: Раҳбароне, ки барои нахустин бор дар се соли ахир ба сурати ҳузури дар нишасти солонаи маҷмаъи умумии Созмони Миллали Муттаҳид бо якдигар дидор мекунанд бояд бо даргириҳо, фоҷеъаҳои марбут ба тағироти иқлимӣ ва афзоиши фақр ва нобаробари муқобила карда ва тафриқаҳо дар байни қудратҳои бузурге, ки аз замони ҳамлаи Русия ба Украина бадтар шуд расидаги кунанд.

Ҳафтодуҳафтумин нишасти маҷмаъи умуии Созмони Миллали Муттаҳид бо ҳузури сарони кишвароҳи ҷаҳон дар сояи аввалин ҷанги бузурги Аврупо аз замони ҷанги ҷаҳонии дувум баргузор мешавад.

Ин ҷанги бузург миёни Русия ва Украина боиси эҷоди буҳрони ҷаҳонии ғизо шуд ва фосилаҳоеро дар байни қудратҳои бузурги ҷаҳон ба вуҷуд овард, ки аз замони ҷанги сард мушоҳида нашуда буданд.

Густариши вируси куруно ва бемории Ковид-19 дар се соли ахир илова бар ин ки сабаби бемори беш аз шашсад миллион нафар шуд, балки боиси марги беш аз 6.5 миллион нафар дар ҷаҳон шуд ва дар ҳоли ҳозир таъсири вайронкунандаи бар иқтисоди ҷаҳон ба вижа иқтисоди кишварҳои фақир бар ҷой гузошт.

Масъалаи даргири, ки акнун дар маркази таваҷҷуҳи ҷаҳони қарор дорад оғоз ва идомаи ҷанги вайронгари дар қораи Аврупо яъне ҷанги Украина аст, ки аз феврали соли 2022 бо ҳамлаи Русия ба ин кишвари аврупои шарқи оғоз шуд.

Маскав далели оғози ҷангро бетаваҷҷуҳии НАТО ва Амрико ба ҳушдорҳои мукарари Русия дар бораи густариши НАТО ба шақр бо талош барои узвияти Украина аз яксу ва иқдомоти зидди башарии давлати Киев зидди сокинони минтақаҳои шарқи Украина дар ду вилояти Донест ва Лугангск эълом карда аст.

Акнун ҷаҳон дар остонаи буҳрони бузург дар буъдҳои мухталифи инсонӣ, обу ҳаво, иқтисодӣ ва ғизоӣ, низомӣ ва амниятӣ бо шиддати хатари руёруӣ ҳастаӣ Русия ва Амрико ва НАТО қарор гирифта аст, дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид низ дар хусуси ҳамин чашмандози ҳароснок ҳушдор дода аст.

 

Барчасп