Март 11, 2023 22:29 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Инҳилоли расмии Инистекс намоди хулфи ваъдаи Аврупо дар қиболи таъаҳудоти барҷомӣ
    Таҳлил: Инҳилоли расмии Инистекс намоди хулфи ваъдаи Аврупо дар қиболи таъаҳудоти барҷомӣ

Се кишвари аврупоӣ Олмон, Фаронса ва Британия рузи панҷшанбе дар баёнияи эълом карданд созукори табодулои моли ва тиҷорӣ бо Эрон Инистексро, ки дар соли 2019 барои муҳофизат аз тиҷорати бо Эрон дар бобари таҳримҳои Амрико роҳандози карда буданд таътил карданд.

Бар асоси изъони ин кишварҳо танҳо як муъомила аз тариқи ин сомона анҷом шуда аст Инистекс 14 моҳ пас аз эҷод ва дар марти соли 2020 тавонист аввалин ва танҳо тарокуниши худро бо Эрон дар хусуси таҷҳизоти дармони анҷом диҳад.

Ин кишварҳо дар баёнияи худ таъкид карданд, ки тасмим барои инҳилоли Инистекс сирфан бар мабнои масоили тиҷорӣ ва мустақил аз омилҳои дигари итихоз шуда аст созукори Иснистекс дар январи соли 2019 ва ҳудуди ду сол пас аз хуруҷи Амрико аз тавофуқи ҳастаӣ рунамоӣ шуд.

Бо он ки кишварҳои аврупоӣ муддаи буданд ин сомонаро барои муқобила бо таҳримҳои Амрико зидди Эрон роҳандози карданд, аммо мақомоти олирутбаи ин кишвар борҳо дар назарҳояшон эътироф карданд, ки бо таваҷуҳ ба ин ки ширкатҳои хусусиро наметавон ба тиҷорати бо кишваре маҷбур кард Иннистекс танҳо иқдоми намодин ба шумор меравад.

Бо вуҷуди ин ки аврупоиҳо акнун бо инҳилоли Инистекс талош карданд то тақсири ин амрро мутаваҷеҳи Эрон намоянд, аммо воқеъият он аст, ки бо вуҷуди хостаи ҷиддии Теҳрон барои иҷроӣ шудани Инистекс дар ростои таҳаққуқи таъомулоти тиҷорӣ бо кишварҳои аврупоӣ ба манузри коҳиши осори манфии таҳримҳои якҷонибаи Амрико, аммо ин аврупоиҳо буданд, ки ё нотавон аз иҷроӣ кардани Инистекс буд ва ё ба далели тарс аз муҷозотҳои Вашенгтон амалан ширкатҳо, муассисаҳо ва бонкҳои аврупоӣ ҳеҷгоҳ вориди таъомулоти молӣ ва тиҷорӣ бо Эрон нашуданд.

Дар воқеъ аз ҷумла далелҳои аслии нокоромадии Инистекс адами рағбати бонкҳои аврупоӣ барои анҷоми тарокунишҳои марбут ба Эрон ба далели нигарони аз таҳримҳои Амрико буд.

Носири Канъонӣ, сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар бораи инҳилоли Инистекс гуфт: Ҷумҳурии Исломии Эрон агарчи ҳаргиз ба ин созукор такия накард ва дил набаста буд, аммо дар камоли ҳусни ният аз ҳеҷ ҳамкори муқтази барои фаъолияти ин канал дареғ накард.

У давлатҳои аврупоиро беамали ва нокоми дар роҳандозии муассири Инистекс мутаҳам ва таъкид кард, ки онҳо иқдомоти лозим ва заруриро барои фаъолсозии он дар қолаби анҷоми таъаҳудоти аврупо зели БарҶом анҷом надоданд.

Дар ҳоли ҳозир се кишвари аврупоӣ дар баёнияи худ муддаи шуд, ки 10 саҳомдори Инистекс Белжик, Олмон, Фенланд, Донморк, Фаронса, Ҳоланд, Нервеж, Испания, Шветсия ва Британия ба ин ҷамъбанди расиданд, ки баъд аз имтиноъи Эрон барои кор кардан бо ин сомона далели барои идомаи фаъолияти он вуҷуд надорад.

Аврупоиҳо иддао мекунанд, ки Эрон бино бар далелҳои сиёсӣ монеъ аз фаъолияти Инистекс бар мабнои дастури кораш шуда аст дар ин баёния иддао шуд Эрон танҳо барои як муъомила муҷавизи содир кард ва баъд аз он аз анҷоми муъомилоти дигар пешгири карда аст.

Дар бурҳаи кунуни низ бо вуҷуди мавозеъ ва баёнияҳои мукарар Иттиҳодияи Аврупо ва се кишвари аврупоӣ дар заминаи азми Аврупо барои бозгашт ба БарҶом, аммо ҳеҷ гоми муассири дар ин замина аз ҷониби онҳо бардошта нашуда аст.

Асосан аврупоиҳо бо вуҷуди чанд сол музокироти Вена ва омода будани тавофуқ барои бозгашт ба БарҶом аммо фишори ба тарафи амрикоӣ дар ин замина ворид намекунанд.

Вашенгтон низ бо вуҷуди иддаоҳои қаблии давлати Байден дар бораи бозгашт ба БарҶом акнун бар ин мавзеъ аст, ки музокироти барҷомӣ дар авлавияти он қарор надорад ин масъалае аст, ки бо интиқоди Русия ба унвони яке аз азъои гуруҳи 4+1 муваҷаҳ шуда аст.

Михаил Улянов намояндаи доими Русия дар созмонҳои байналмилалии мустақар дар Вена зимни интиқод аз коршиканиҳои Амрико ва Аврупо дар бозгашт ба тавофуқи БарҶом гуфт, ки амрикоиҳо ба зуди ба мизи мудокирот боз намегарданд.

Барчасп