Қисмати 952 сураи муборакаи “Ҳуҷурот” ояти 1-5
Қисмати 952 сураи муборакаи “Ҳуҷурот” ояти 1-5
بسم الله الرحمن الرحیم
(1)
»یا أَیُّهَا الَّذِینَ آمَنُوا لا تُقَدِّمُوا بَیْنَ یَدَیِ اللَّهِ وَ رَسُولِهِ وَ اتَّقُوا اللَّهَ إِنَّ اللَّهَ سَمِیعٌ عَلِیم«
»Эй касоне, ки имон овардаед! Ба Худо ва Расулаш пешдастӣ накунед; ва аз Худо битарсед; ҳамоно Худованд шунавои доност. «
Ин сура, аҳли имонро хитоб қарор дода аст ва мефармояд: Иқтизои имон, таслим будан дар баробари дастуроти Худо ва Паёмбар ва пеши нагирифтан аз онҳост. Ба вижа дар умури иҷтимоъӣ, ки умумӣ мардум бояд итоъаткунандаи раҳбари ҷомеъаи исломӣ бошанд ва ҳаргуна пеш гирифтан, сабаби ихтилол дар низоми ҷомеъа ва тафриқа ва парокандагӣ миёни мардум мешавад.
Баъзе мусалмонони ифротӣ, интизор доранд пешвои ҷомеъаи исломӣ бар асоси майлу салиқаи ва ақидаи онҳо корҳоеро анҷом диҳад ё бо баъзе аз афрод ва гуруҳҳо бархурди сахт дошта бошад ва ё ҳатто корҳоеро тарк кунад ин дар ҳоле аст, ки Ӯ бар асоси шинохти ҳақиқӣ аз вазъият ва аҳволи ҷомеъа ва бо иноят ба маслиҳати умумӣ тасмим мегирад ва набояд аз Ӯ ғайр аз ин интизор дошт.
Аз ин оят меомӯзем:
- Ҳаром шуморидани бархе аз корҳое, ки Худованд ҳалол кард ва ё ҳалол шуморидани аз корҳое, ки Ӯ ҳаром карда аст, навъи пешгирифтан бар Худо ва Расул аст.
- Қонунҳои ҷомеъаи исломӣ бояд бар мабнои китоби Худо ва сунати Паёмбар(с) бошад ва ҳаргуна вазъи қонун бар хилофи Қуръон ва Суннат, ба маънои пешгирифтан ба Худо ва Расули Ӯ аст.
- Касоне, ки ба хотири салиқаҳои шахсӣ ё одобу русумим иҷтимоъӣ, бар ҳукми Худо ва Расулаш пеш мегиранд, дар ҳақиқат аз имон ва тақво фосила гирифтанд.
(2)
»یا أَیُّهَا الَّذِینَ آمَنُوا لا تَرْفَعُوا أَصْواتَکُمْ فَوْقَ صَوْتِ النَّبِیِّ وَ لا تَجْهَرُوا لَهُ بِالْقَوْلِ کَجَهْرِ بَعْضِکُمْ لِبَعْضٍ أَنْ تَحْبَطَ أَعْمالُکُمْ وَ أَنْتُمْ لا تَشْعُرُونَ»
»Эй касоне, ки имон овардаед! Садоҳои худро болои садои Паёмбар баланд накунед ва дар гуфтот бо ӯ баланд ]сухан[ нагӯед, ҳамонанди баланд ]сухан[ гуфтани баъзе аз шумо бо баъзе ]дигар[, ки аъмолатон ноббуд гардад; ва шумо дарк намекунед. «
(3)
«إِنَّ الَّذِینَ یَغُضُّونَ أَصْواتَهُمْ عِنْدَ رَسُولِ اللَّهِ أُولئِکَ الَّذِینَ امْتَحَنَ اللَّهُ قُلُوبَهُمْ لِلتَّقْوى لَهُمْ مَغْفِرَةٌ وَ أَجْرٌ عَظِیمٌ"
»Ҳамоно касоне, ки дар назди Паёмбари Худо садояшонро пас мекунанд, онон касоне ҳастанд, ки Худо дилҳояшонро барои тақво имтиҳон кард; барои онҳо омурзиш ва подоши бузург аст.«
Дар ояти қабл сухан ин буд, ки дар корҳо бар Паёмбар пеши нагиред ва то Ӯ тасмимро эълом накарда аст иқдоме анҷом надиҳед, ин оят мефармояд: Дар сухан гуфтан низ бар Ӯ пеши нагиред ва баландтар аз Ӯ сухан нагуед ва дар назди Ӯ садои худро боло набаред ва доду фарёд накунед.
Муҳтавои ин оят нишон медиҳад, ки бархе мусалмонон одоби иҷтимоъиро риъоят намекарданд, онҳо ҳамонгунае, ки бо мардуми оди бо садои баланд сухан мегуфтанд, бо Паёмбар низ беадабона ва бо садои баланд суҳбат мекарданд то ҷойе, ки Худованд ба онон ҳушдор медиҳад, ки ингуна рафтор ношоиста ва тавҳеномиз аъмоли шуморо нобуд мекунад, бе онки худатон мутаваҷҷеҳ бошед.
Идомаи Оятҳо бар ин нукта таъкид мекунад, ки иқтизои тақвои илоҳи, риъояти адаб дар назди Расули Худо ва поён овардани садо ҳангоми сухан гуфтан дар ҳузури он фиристодаи бузурги илоҳи аст, ки ин амр лутфу раҳмати илоҳиро дар дунё ва охират ба дунбол дорад.
Аз ин оятҳо меомӯзем:
- Муроқиби сухан гуфтани худ бошед, зеро корҳои мо хуб ё бад, дорои осор вазъи аст ва натоиҷу паёмадҳои корҳоёмон ба донистан ё надонистани мо бастаи надорад.
- Чи бисёр афроде, ки риёкорна изҳори адабу тавозеъ мекунанд, вале дар дарун мутакабиранд ба иборати дигар, дар воқеъ риъояти эҳтиром ва адаб ва изҳори тавозуъ, ҳангоме бо арзиш аст, ки бар асоси тақво дурусти ва садоқат бошад ва агар на навъи тамалуқ ва фаребкори аст.
- Лозимаи имон ва тақво, исмату поки аз гуноҳ нест чи басо афроди бо имон ва парҳезкоре, ки гирифтори лағзиш ва гуноҳ мешаванд, аммо зуд мутаваҷҷеҳи хатоӣ худ шуда ва бозгашт, онро ҷуброн мекунанд.
(4)
»إِنَّ الَّذِینَ یُنادُونَکَ مِنْ وَراءِ الْحُجُراتِ أَکْثَرُهُمْ لا یَعْقِلُونَ»
»Ҳамоно касоне, ки туро аз пушти ҳуҷраҳо нидо мекунанд, бештари онҳо андеша намекунанд. «
(5)
«وَ لَوْ أَنَّهُمْ صَبَرُوا حَتَّى تَخْرُجَ إِلَیْهِمْ لَکانَ خَیْراً لَهُمْ وَ اللَّهُ غَفُورٌ رَحِیمٌ»
«Ва агар онҳо сабр мекарданд, то ба сӯи онҳо хориҷ шавӣ, ҳатман барояшон беҳтар буд; ва Худованд омурзандаи меҳрубон аст.»
Ин оят ба яке аз мисдоқҳои баҳси гузашта ишора карда мефармояд: Дар ҳоле, ки Паёмбар(с) дар хона дар канори ҳамсар ба умури хонавода ва ё истироҳат машғул буд, бархе аз арабҳои бефарҳанг сабр намекарданд то Паёмбар аз хонааш хориҷ шавад ва сухани худро бо Ӯ дар миён бигузоранд. Онҳо аз беруни хона бо садои баланд Паёмбар(с)-ро нидо мезананд ва хостаи худро матраҳ мекарданд.
Қуръон хитоб ба ин афрод мефармояд: Ин кор нишонаи бехиради аст ва аз муҳимтарин нишонаҳои ақлу хирад, риъояти адаб ва эҳтиром дар равобити иҷтимоъи ва дар замони ру ба ру шудан бо бузургони ҷомеъа аст.
Аз ин оят меомӯзем:
- Ислом, барои одоби иҷтимоъи аҳамияти вижае қоил аст, то ҷойе, ки беадабиро нишонаи бехиради медонад.
- Хона ва хонавода, дорои ҳарим аст ва ҳаққи музоҳимат барои муҳити хона ва хонавода надорад, ҳатто бо садо задани онҳо аз беруни хона.
- Масулиятҳои иҷтимоъии афрод набояд монеъи расидагии онҳо ба умури хонаводагӣ шавад.
- Ба барномаҳо ва вақтҳои истироҳати дигарон эҳтиром бигузоред ва бемавқеъ музоҳими онҳо нашавед.