Қисмати 964 сураи муборакаи “Зориёт” ояти 24-37
Қисмати 964 сураи муборакаи “Зориёт” ояти 24-37
«هَلْ أَتاکَ حَدِیثُ ضَیْفِ إِبْراهِیمَ الْمُکْرَمِینَ»
24
Оё хабари меҳмони гиромии Иброҳим ба ту расидааст?
«إِذْ دَخَلُوا عَلَیْهِ فَقالُوا سَلاماً قالَ سَلامٌ قَوْمٌ مُنْکَرُونَ»
25
Ҳангоме, ки ба ӯ ворид шуданд, пас гуфтанд: »Салом!« Гуфт: »Салом!« ]Шумо[ Гурӯҳе ношинохта]-ед[.
«فَراغَ إِلى أَهْلِهِ فَجاءَ بِعِجْلٍ سَمِینٍ»
26
Пас, ба сӯи хонаводааш рӯӣ овард ва гӯсолаи фарбеҳ]-и бирёншуда[ овард.
«فَقَرَّبَهُ إِلَیْهِمْ قالَ أَلا تَأْکُلُونَ»
27
Пас, онро ба ]онҳо[ наздик кард, гуфт: »Оё намехӯред!«
«فَأَوْجَسَ مِنْهُمْ خِیفَةً قالُوا لا تَخَفْ وَ بَشَّرُوهُ بِغُلامٍ عَلِیمٍ»
28
Пас, аз онҳо эҳсоси тарс кард. Гуфтанд: »Натарс«; ва ӯро ба писари доно башорат доданд.
«فَأَقْبَلَتِ امْرَأَتُهُ فِی صَرَّةٍ فَصَکَّتْ وَجْهَها وَ قالَتْ عَجُوزٌ عَقِیمٌ»
29
Ва занаш дар ҳоле, ки фарёд мекашид, рӯй овард ва ба рӯи худ зад ва гуфт: »Пиразани нозо ҳастам«.
«قالُوا کَذلِکِ قالَ رَبُّکِ إِنَّهُ هُوَ الْحَکِیمُ الْعَلِیمُ»
30
Гуфтанд: »Парвардигори ту чунин гуфтааст, ҳамоно Ӯ худ ҳакими доност«.
Дар ин оятҳо моҷарои нузури фариштаголи Илоҳӣ бар ҳазрати Иброҳим матраш шуда аст, ки дар қолаби инсон ва ба сурати ношинос бар он ҳазрат ворид шуданд. Онҳо маъмур буданд, ки ду хабари муҳимро ба иттилоъи Иброҳим бирасонанд: Яке башорати фарзандор шудани ҳазрати Иброҳим дар сини пири ва дигари нозил шудани азоб бар қавми фосид ва гунаҳкори Лут.
Ин оятҳо аввал ба наҳваи вуруди онҳо бар ҳазрати Иброҳим ишора карда ва мефармояд: Бо он ки Иброҳим онҳоро нашинохт, аммо ба унвони меҳмон онҳоро пазируфт ва мавриди такрим эҳтром қарор дод. Иброҳим барои он меҳмонони ношинос василаи пазироиро фароҳам сохт ва ҳайвонеро зебҳ ва гушти онро бирён кард.
Аммо чун онҳо ғизо намехуранд нигарон шуд, ки шояд ин афроди ношинос қасди бади доранд зеро дар қадим расм бар ин буд, ки агар каси аз ғизое, ки фарди дигар барои у таҳия карда буд мехурад ба маънои он буд, ки ба у осеб ва озор намерасонад лизо Иброҳим далели ғизо нахурданро аз меҳмонон пурсид дар он ҳангом онҳо худро фариштагони Илоҳӣ муаррифи карданд, ки монанди дигар фариштагон ғизо намехуранд.
Чи ҳикмати будааст, ки дар ибтидо фариштагон худро ба Иброҳим муаррифи накарданд то барои пазироӣ аз онҳо мутаҳамили чунин ҳазина ва заҳмати нашавад? Шояд ин ҳам озмуни барои санҷиши меҳмоннавози ва саховатмандии Иброҳим буда аст.
Дар айниҳол заҳматҳои Иброҳим бепосух намонд ва онҳо ба ӯ башорат доданд, ки Худованд ба зуди ба ӯ писаре хоҳад дод, ки аз олимон ва доноёни замон хоҳад шуд дар он замон Иброҳим ва ҳамсараш ҳар ду пир ва ноз буданд лизо вақте, ки ин сухан ба гуши Соро ҳамсари Иброҳим расид аксуламали тез аз худ нишон дод ва гуфт акнун, ки пир шудаам ва имкони фарзандоршудан бароям фароҳам нест чигуна мумкин аст фарзандор шавам? Гуё у аз ҳокимияти иродаи Худованд бар ҷаҳон ғофил шуда буд.
Аз ин оятҳои меомӯзем:
- Гироми доштани меҳмон сираи Илоҳӣ аст гар чи меҳмон ношинос бошад ва нисбати дусти ё хешонванди ба мизбон надошта бошад.
- Салом кардан як адаби осмони аст ва фариштагон низ бо салом каломи худро оғоз мекунанд.
- Дар пазироӣ аз меҳмон саховатманд бошем ва ҳадиақал иктифо накунем.
- Паёмбарон аз ҷинси башар ва гоҳи низ ба таври табиъӣ мисли дигар инсонҳо дучори навъи тарс ва нигарони мешуданд.
- Қудрати Худованд ҳеҷ маҳдудияти надорад ва бар ҳамаи омилҳои табиъӣ қодир аст чуноне, ки аз пирамард ва пиразани нозо фарзанди доно ба дунё меоварад бинобар ин ҳеҷгоҳ набояд аз луфт ва раҳмати Илоҳӣ ноумед шуд.
«قالَ فَما خَطْبُکُمْ أَیُّهَا الْمُرْسَلُونَ»
31
Иброҳим Гуфт: Эй фиристодагон! Хостаи шумо чи аст?
«قالُوا إِنَّا أُرْسِلْنا إِلى قَوْمٍ مُجْرِمِینَ»
32
Гуфтанд: Ҳамоно мо ба сӯи гурӯҳи гуноҳкор фиристода шудаем.
«لِنُرْسِلَ عَلَیْهِمْ حِجارَةً مِنْ طِینٍ»
33
то ба онҳо сангҳое аз гила фурӯ резем;
«مُسَوَّمَةً عِنْدَ رَبِّکَ لِلْمُسْرِفِینَ»
34
Сангҳое ки назди Парвардигорат барои исрофкорон нишондор буд.
«فَأَخْرَجْنا مَنْ کانَ فِیها مِنَ الْمُؤْمِنِینَ»
35
Пас, ҳар касе аз мӯъминон, ки дар он ҷо буд, берун овардем.
«فَما وَجَدْنا فِیها غَیْرَ بَیْتٍ مِنَ الْمُسْلِمِینَ»
36
Пас, дар он ҷо ҷуз як хона аз мусалмонон наёфтем.
«وَ تَرَکْنا فِیها آیَةً لِلَّذِینَ یَخافُونَ الْعَذابَ الْأَلِیمَ»
37
Ва дар он ҷо барои касоне, ки аз азоби дарднок метарсанд нишонае бар ҷой гузоштаем.
Фариштагони Илоҳӣ пас аз башорати фарзанд ба Иброҳим эълом карданд, ки маъмурияти аслии онҳо ҳалокати қавми Лут аст қавме, ки амали бади ҳамҷинсобози дар миёни онҳо ривоҷ дорад ва кори худро бад ва нописанд намешуморанд онҳо ба ҳушдорҳои ҳазрати Лут низ ҳеҷ таваҷҷуҳи намекунанд.
Ҳазрати Лут аз ҷониби ҳазрати Иброҳим барои ҳидояти он қавми фосид ва табоҳкор маъмур шуда буд лизо фариштагон аввал хидмати Иброҳим расиданд то ӯро дар ҷараёни ин кайфари Илоҳӣ қарор дода ва ба ӯ этминон диҳанд, ки Лутф ва афроди муъмине, ки аз ин олудагӣ пок ҳастанд ба азоби Илоҳӣ гирифтор намешаванд.
Аз ин оятҳо меомӯзем:
- Кайфари муҷримон махсуси қиёмат нест бархе афрод ва қавмҳо дар ҳамин дунё ба кайфар мерасанд ва ҳалок мегарданд.
- Гарчи иҷтимоъи фосид бистари фасодро фароҳам мекунад бо ин ҳол метавон дар ҷомеъаи фосид ва олуда солим зиндаги кард пас ҳеҷ кас набояд барои баҳонаи гуноҳони худ ба фасоди муҳит истинод кунад.
- Дар низоми адли Илоҳӣ агар аксарияти ҷомеъаӣ гуноҳкор ва фосид бошанд, инсонҳои бегуноҳ ба кайфари муҷримон ва муфсидон гирифтор намешаванд ва саранҷом наҷот меёбанд.
- Осори бостони баҷомонда аз қавмҳои ситампеша мояи ибрат аст барои ояндагон аст, ки аз нофармонии Худо бипарҳезанд.