Зарарноктарин маводи хурокӣ барои дандонҳо
(last modified Sun, 30 Apr 2017 05:11:47 GMT )
Апрел 30, 2017 10:11 Asia/Dushanbe
  • Зарарноктарин маводи хурокӣ барои дандонҳо

Бархе аз маводи ғизоӣ, ки рӯзона онҳоро истеъмол мекунем барои дандонҳо бисёр зараровар ҳастанд ва умри дандонҳоро кутоҳ мекунанд.

Ба гузориши Саломат Ниюс, ба нақл аз ИСНА   бархе маводи  хурокӣ  метавонанд қабати болоии   дандонҳоро дучори  соидагӣ(харошидагӣ)  кунанд, ки боъис мешавад дандонҳо дар баробари гармо, сармо, ширинӣ ва турушӣ  ҳассос шаванд. Дар сурате ки вайронии   қабати болоии   дандонҳо вахим шавад бо гузашти замон дандонҳо  пур аз пусидагӣ ва шикастагӣ  мешаванд.

 Шоколадҳо  ва карамелҳо  аз ҷумлаи  ин хурокиҳо  ҳастанд ,ки ба сатҳи дандонҳо мечасбанд ва муддати   зиёде  тул мекашад, то аз руи  дандонҳо  ҷудо шаванд. Ҳамчунин шириниҳои хушк ва  сахт метавонанд оиси  шикастагии  дандонҳо  шаванд.

 Ғизоҳои  шур(серкислота)  низ аз ин даста маводи хурокии  зарарнок  ҳастанд. Агар  тасаввур  мекунед  макидани   лимон  як равиши  дармони хонагӣ барои сафед кардани дандонҳост, бояд дар ин маврид бознигарӣ  кунед. Дандонпизишкон  тавсия мекунанд пас аз хурдани   афлесун , лимон ва грейпфрутҳо , ки таркиби  кислотаӣ   доранд, дандонҳо     бояд шуста шаванд.

 Баъзе  доруҳо   витаминҳои  ҷавидан ӣ (хоиданӣ)ӣ низ дорои кислотаҳои  фишурда ҳастанд, ки бо часпидан ба девораи  дандонҳо ба онҳо осеб мерасонанд.

Бисёре аз мо ба хурдани    навъи зерини ғизоҳо   одат  дорем бидуни онки аз асароти  баъдии он огоҳ бошем.Чипси картошка, писта ва гамбергерҳо ба роҳатӣ дар байни дандонҳо қарор мегиранд. Ин маводи хурданӣ агарчи ҷузви  гуруҳҳои  ғизоии ширин қарор намегиранд, аммо ба суръат ба маводи қандӣ табдил мешаванд.

 Ҳамчунин истеъмоли   доимии   навъҳои зерини  нушиданиҳо  ба саломатии дандонҳо осеб мерасонанд. Нушиданиҳои  ғайриалколӣ  манбаъи аслии  қанди  изофӣ  дар миёни   кудакон ва бузургсолон аст. Ин навъ нушиданӣ илова бар доро будани қанд, дорои  оксидситрик ва фосфор низ ҳастанд, ки  ба харобии   дандонҳо  суръат мебахшанд.

Илова бар ин бештари ашхос  одат доранд дар байни   ғизоҳо ба ҷои меваҳои консервшуда аз меваҳои хушк истифода  кунанд, аммо онҳо  огоҳ нестанд ки ин навъ меваҳо низ ба дандонҳо осеб мерасонанд  чун дорои   қанди зиёд ҳастанд.

Пизишкон ҳамчунин хурдани  об, маҳсулоти ширӣ, мева ва сабзиҷот, мағзи  хушкмеваҳо  ва чойи сабзро барои кумак ба саломатии  дандонҳо тавсия мекунанд.

 

Барчасп