Нон ва хосиятҳои он аз дидгоҳи тибби исломӣ ва Имом Ризо (а)
(last modified 2017-07-08T04:31:09+00:00 )
Июл 08, 2017 09:31 Asia/Dushanbe
  • Нон ва хосиятҳои он аз дидгоҳи тибби исломӣ ва Имом Ризо (а)

Дини ислом барои ҳифзи саломатӣ ва тандурустии инсонҳо аҳамияти фаровоне қоил аст.

Суфоришоти ислом дар мавриди тағзияи солим ва варзиш ва низ иртиботи доим бо Худованд, ‌ҳамагӣ дар ростои баҳрамандӣ аз саломатии ҷисмӣ ва руҳӣ аст.

Нон ғизои аслии бештари мардуми дунёст. Мусалмонон нонро баракати суфра медонанд ва ҳурмати хосе барои он қоиланд. Паёмбари гиромии ислом (с) дар бораи арзиши нон мефармоянд: "Худовандо, барои мо ба нон баракат бидеҳ ва миёни мо ва он ҷудоӣ маяфкан".

Имом Содиқ (а) мефармояд: "Тан (ва ҷисми одамӣ) бар нон устувор шуда аст".

Аз Имом Ризо (а) дар бораи нон ва об пурсиданд: Ҳазрат фармуд: "Мазаи об, мазаи зинда будан аст ва мазаи нон , мазаи зиндагӣ кардан."

Мутахассисони тағзия бар ин боваранд, ки дар миёни  нонҳо, нони сабусдор дорои арзиши ғизоии бештаре аст.

Сабус ҳовии маводи чарбӣ, витаминҳои гурӯҳи B ва E, маводи фасфордор ва аз ҳама болтар глутен "gluten" аст. Глутен танҳои қисмати азотдори гандум аст, ки дар ҳақиқат, ҷузви масолеҳи сохтмонии бадан ба шумор меравад.

Бо элак кардан орди гандум, қисмати муфиди он ҷудо мешавад ва витаминҳо ва маводи зиёдеро аз даст медиҳад. Ба таври намуна, сабус, ки дар истеҳкоми дандонҳо ва устухонҳо муассир аст ва қалб ва кулияҳоро тақвият мекунад, дар асари элак кардан аз байн меравад. Ҳамчунин дар асари тасфия, гандум бисёре аз маводи маъдании худро назири фосфор, манйезиюм, потасиюм, оҳан ва намак аз даст медиҳад. Ин маводи муфиди маъданӣ барои глобулҳоҳои сафеди хун, ки сарбозони мудофеи бадан ба шумор мераванд, зарурӣ ҳастанд.

Пизишкон мегӯянд: "Беш аз 50 дарсади нони бидуни сабус дар бадан ҳазм нашуда ва дафъ мегардад. Вале нони комил ва сабусдор, ҷазби бадан шуда ва фақат 5 дарсади он дар бадан ҳазм намешавад".

Дар ривоёти исломӣ омада аст, ки нони ҷав бар нони гандум бартарӣ дорад ва Имом Ризо (а) дар ин робита мефармояд: Ҳеч бадане нест, ки ҷав ба он ворид шавад ва ҳамаи дардҳо аз он берун наравад. Нони ҷав хӯроки паёмбарон ва ғизои некон аст".

Фазл ибни Юнус, яке аз ёрони Имом Ризо (а) мегӯяд:  Абулҳасан (а) назди ман субҳона хӯрд, дар ин ҳангом косае овараданд, ки зери он нон буд, фармуд: Нонро гиромитар аз он доред, ки зери коса бошад ва ба ман фармуд: Ба ғулом бигӯ тиккаи нонро аз зери коса дароварад.

Барчасп