Маводи ғизоие, ки қабл ва баъд аз супоридани хун муфид аст
(last modified Sun, 15 Oct 2017 05:28:17 GMT )
Октябр 15, 2017 10:28 Asia/Dushanbe
  • Маводи ғизоие, ки қабл ва баъд аз супоридани хун муфид аст

Баъд аз супоридани хун шахс бояд таи чанд руз ғизоҳои муфид аз ҷумла карбогидратҳо, чарбиҳо ва протеинҳое, ки манбаи ғании энергия аст ба андозаи кофӣ дарёфт кунад, то хуни аз даст рафта ҷуброн шавад.

Хун ҷузви бофтҳои пайвандӣ аст ва қисмати асосии онро об ташкил медиҳад.Вақте  шахс хунро аз даст медиҳад,ба ҳамон мизон ҳам об аз даст медиҳад, ки дар ин ҳолат камобӣ ё  ба истилоҳи илмӣ  дигидрасоне, ки ҷузви шароити хатарноки бадан аст, ки набояд рух бидиҳад, иттифоқ меафтад.

 Содатарин коре ки шахс бояд қабл аз супоридани хун анҷом  диҳад нушидани камаш  1 литр нушиданиҳое, ки ҳудудан  4 стакан аст, ҳатмӣ аст, ки табиатан беҳтар аст ин нушиданиҳо ба сурати оби меваҳои табиӣ бошад, то инки оби маъмулӣ нушида   шавад.

 Шахс  баъд аз инки хун дод бояд фаврӣ  2 стакан оби мева истеъмол кунад, то ин кор ҷуброни аз дастдиҳии моеъот дар бадан бишавад ва аз тарафи дигар сохти ҳар литр хун дар бадан ниёзманди 2600 калория аст, ки баробар бо ин аст, ки гуё шахс  ба муддати   2 ҳафта ба ҳамон андоза ғизои худашро аз даст дода бошад . Бинобарин бояд зарфи  2 то 3 ҳафта  ғизоро нисбат ба гузашта    аз панҷ як ҳисса  афзоиш бидиҳад, то ин калорияи  аз даст рафта ба бадан баргардад .

 Хун додан  барои ашхосе ки аз ибтидо бадани заъиф доранд ё аз бадхурокии шадид ранҷ мебаранд ва ё дучори камхунӣ аз навъи оҳан, Б12 ва кислота  ҳастанд зарарнок  аст .

Хундеҳӣ  барои ашхосе ки таи  чанд моҳи гузашта хун додаанд, аммо аз замони табиӣ байни ду хундеҳӣ, ки камаш бояд 3 то 6 моҳ гузашта бошад иқдом ба хундеҳӣ кунанд ин амал зарарнок аст . Баъд  аз супоридани  хун шахс  бояд дар таи чанд рӯз ғизои муфид ба андозаи кофӣ дарёфт кунад, ки энергияи аз даст рафта ба шахс баргардад; аз ҷумла дарёфти  карбогидратҳо, чарбиҳо ва протеинҳо метавонад дар навъи худ муфид ва зарурӣ бошанд.

Барчасп