Ҷустуҷу
-
Mar 02, 2017
Коршиносони тоҷик фаъолияти Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодии мавсум ба ЭКО-ро заиф ва ташрифотӣ арзёбӣ мекунанд, ки ниёз ба тақвияти ҳамкорӣ байни кишварҳои аъзо дорад.
-
Mar 01, 2017
Тоҷикистониҳои ҷӯёи кор дар Русия аз ин ба баъд пеш аз сафар ба ин кишвар бояд маҳоратҳои касбӣ-техникиро дар кишварашон фаро бигиранд.
-
Mar 01, 2017
Устоди донишгоҳи Ҳеделбурги Олмон ва пажӯҳишгари масоили исломӣ мӯътақид аст, ки масҷиди ҷомеи Маскав дар тарбияти исломии коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия нақши созандае ифо кардааст.
-
Feb 27, 2017
Мақомоти Хадамоти давлатии марзбонии Украина, аз боздошти як шаҳрванди 34 солаи Тоҷикистон бо шиносномаи қалбакии қирғизӣ хабар додаанд, ки аз Истамбули Туркия қасди вуруд ба ин кишварро доштааст.
-
Feb 23, 2017
Муҳоҷирини кории тоҷик дар соли 2016 аз Русия ба Тоҷикистон 1.9 миллиард доллар ирсол карданд.
-
Feb 23, 2017
Додгоҳи вилояти Самара дар Русия, як шаҳрванди Тоҷикистонро ба иттиҳоми мушорикат дар куштори 6 тан аз аъзои хонаводаи полковники пулиси ин кишвар, ба зиндони абад маҳкум кард.
-
Feb 11, 2017
Бо вуҷуди ин ки дар моҳи гузаштаи мелодӣ, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз интизориҳо барои ҷудо кардани саҳмияи кор аз сӯи Кореяи Ҷанубӣ, барои муҳоҷирони тоҷик хабар дода буд, мақомоти Кореяи Ҷанубӣ эълом карданд, ки ба далели набуди тафоҳумнома байни Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ, имкони кор барои тоҷикон дар ин кишвар вуҷуд надорад.
-
Feb 09, 2017
Як шаҳрванди Тоҷикистон ба ҷурми талош барои пайвастан ба гурӯҳи террористии ДИИШ ба ҳафт сол зиндон, маҳкум шуд.
-
Feb 08, 2017
Сафири Русия дар Тоҷикистон аз афзоиши саҳмияи таҳсилии донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои кишвараш хабар дод.
-
Jan 25, 2017
Барои саҳми бузург дар таҳкими дӯстӣ ва якдилӣ дар Узбакистон Мирзиёев ба фаъолони соҳаи фарҳанг, аз ҷумла ба фарҳангиёни тоҷик ордени “Дустлик” ва медали “Шӯҳрат тақдим кард.
-
Jan 23, 2017
Гузоришҳои расида аз Русия баёнгари идомаи ихроҷи муҳоҷирон аз ин кишвар аст. Бахши аъзами муҳоҷироне, ки Русия аз марзаш берун мекунад, муҳоҷирони тоҷик мебошанд. Ин дар ҳолест, ки соли гузашта Русия танҳо аз ҳисоби фурӯши патент ба муҳоҷирон беш аз 700 миллион доллар фоида ба даст овардааст.
-
Jan 19, 2017
Хабаргузории Тренд гузориш дод, мушовири вазири дифои Тоҷикистон дар ҳодисаи ронандагӣ ҷон бохтааст.
-
Jan 19, 2017
Мақомҳои амниятии вилояти Липетскии Русия алайҳи шаҳрванди 23 солаи Тоҷикистон, ки дар соли 2015 аз ин минтақа барои пайвастан ба гурӯҳи террористии ДИИШ ба Сурия рафтааст, парвандаи ҷиноӣ ташкил додаанд.
-
Jan 17, 2017
Намояндаи Созмони ғизо ва кишоварзии Созмони милали муттаҳид дар Тоҷикистон (ФАО) бар зарурати табдили даромадҳои муҳоҷирони кории ин кишвар ба сармоягузорӣ дар бахшҳои тиҷорат ва сохти корхонаҳои хурд таъкид кард.
-
Jan 16, 2017
Додситони нақлиёти Тоҷикистон гуфт, аксари шаҳрвандони ин кишвар аз роҳи Русия ба кишварҳои ноороми Ховари Миёна мераванд.
-
Jan 15, 2017
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон барои донишҷӯёни тоҷик, ки дар давраҳои омӯзиши барномаи ҳимоят аз демократияи ин сафорат ширкат кардаанд, озмуни дарёфти ҷоизаҳои молӣ эълом кардааст.
-
Jan 12, 2017
Кароматуллоҳ Аҳмад, рӯзноманигори маъруфи тоҷик дар син 68 солагӣ дар маҳалли кори худ, дар бинои Маҷмааи табъу нашри “Шарқи озод” даргузашт.
-
Jan 09, 2017
Ҳамидуллоҳ Фақеров, сардори раёсати маорифи шаҳри Душанбе даргирии маргбори ҷавонони пойтахт дар авоили соли ҷориро, натиҷаи интиқомҷӯӣ байни навҷавонони ду маҳалла унвон кард.
-
Jan 09, 2017
Сиёсатмадори шинохта, собиқ президенти Эрон Алӣ Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ дар синни 83-солагӣ дар шаҳри Теҳрон аз олам даргузашт. Замони раҳбарии Рафсанҷонӣ Эрон яке аз аввалинҳо шуда соҳибистиқлолии Тоҷикистонро эътироф карда буд.
-
Jan 07, 2017
Ахлоқу рафтори муҳоҷирони тоҷик дар Русия, дар солҳои ахир натанҳо мавриди писанди шаҳрвандони ин кишвар будааст, балки бархе аз шаҳрвандони русӣ дар фазои маҷозӣ ба ситоиши рафтори тоҷикон дар ин кишвар пардохтаанд.