Ҷустуҷу
-
Май 07, 2024
Муҳаммади Исломӣ раиси Созмони энержии атомии Эрони рузи сешанбе дар нишаст муштараки хабарӣ бо Рафаел Гросси мудирикули ожонси байналмилалии энержии атомӣ дар ҳошияи нахустин конфаронси байналмилалии улум ва фунуни ҳастаӣ Эрон дар Исфаҳон, ҳузури мудири кулли ожонс дар Эронро дар имтидоди таъомулоти ҷории ду тараф дар қолаби подмон ва Эн Пи Ти донист.
-
Май 07, 2024
Вазири умури хориҷаи Эрон равобити Эрон ва минтақаи Курдистон Ироқро қадимӣ, дӯстона ва ногусастанӣ донист.
-
Май 07, 2024
Ҳусайн Амир Абдуллоҳиёни вазири умӯри хориҷаи Эрон ; Дар дидор бо мудӣри кули Ожонси байналмилалии энержии атомӣ бо таъкид бар савобиқи бадаҳдии Амрико дар тавофуқоти гузашта дар мавриди барномаи сулҳомези ҳастаии Эрон таъкид кард : Набояд ҳамкории Эрон ва Ожонс таҳти таъсири рӯйкард ва рафтори бесуботу мутаноқизи Амрико қарор дошта бошад .
-
Май 07, 2024
Шашумин нишасти Комиссияи муштараки консулии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Тоҷикистон баргузор шуд.
-
Май 07, 2024
Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) бо пешниҳоди Қатар ва Миср барои тавофуқи оташбас мувофиқат кард.
-
Қадрдонии вазири хориҷаи Эрон аз мавозеъи давлат ва мардуми Бангладеш дар ҳимоят аз мардуми Фаластин
Май 07, 2024Вазири умури хориҷаи Эрон дар дидор бо ҳамтоии бангладешии худ, аз мавозеъи давлат ва мардуми Бангладеш дар ҳимоят аз мардуми Фаластин қадрдонӣ кард.
-
Май 06, 2024
Вазири хориҷа Русия гуфт: Эммануэл Макрон раиси Ҷумҳурии Фаронса бо русиҳароси ба сабки ғорнишинҳо ба дунболи ба даст гирифтани раҳбарии Аврупо аст.
-
Май 06, 2024
Мудири кулли ожонси байналмилалии энержии атомӣ барои ширкат дар конфаронси байналмилалии ҳастаӣ ва музокирот бо мақомоти олиирутбаи ҳастаӣ ва сиёсии Эрон дар садри ҳайатии ворид Теҳрон шуд.
-
Май 06, 2024
Вазири кишвари Эрон аз омодагии ин ниҳод барои баргузории даври дувуми интихоботи Маҷлиси Шӯрои исломӣ дар рӯзи ҷумъаи 21 урдибиҳишт (10 май) хабар дод.
-
Май 06, 2024
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо ишора ба ҳодисаи азими Ғазза ва ҷиноёти режими хуношоми саҳюнистӣ гуфтанд : Ғаҷи имсол дар партави оёти қуръони Карим ва ёду номи мубораки ҳазрати Иброҳим ( а ) , бояд фаротар аз ҳар сол , Ҳаҷи бароъат аз ин душмани ҷинояткори мусулмонон ва ҳомиёни он бошад .
-
Май 05, 2024
Ҳамзамон бо идомаи таҷаммуоти эътирозии донишҷӯёни донишгоҳҳои Амрико ба ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Ғазза ва ихроҷу таълиқи бисёре аз ин донишҷӯёни ҳомии Фаластин аз сӯи донишгоҳҳои Амрико, бисёре аз донишгоҳҳои бартари Эрон омодагии худро барои пазириши ин донишҷӯён эълом карданд.
-
Май 05, 2024
Раиси ситоди кулли артиши режими ҷаълии Исроил ба шикаст аз муқовимати Фаластин дар амалиёти “Тӯфони Алақсо” эътироф кард.
-
Май 05, 2024
Вазорати дифои Русия аз нобудии 2 пойгоҳи террористҳо дар ғарби Сурия хабар дод.
-
Май 05, 2024
Беҳрузи Хоҷазода ҷудукори Тоҷикистон дар дастаи манҳои 73 килограм дар мусобқоти байналмилалии ҷудои Dushanbe Grand Slam ба финал расид.
-
Май 05, 2024
Устоди таърихи донишгоҳи Иллинойси ҷанӯбӣ , ба иллати ҳамроҳӣ бо донишҷӯёни муътариз ба куштори мардуми Ғазза , бо хушунати полис боздошт шуд .
-
Май 05, 2024
Вазирони хориҷаи Эрон ва Миср дар ҳошияи понздаҳумини иҷлоси сарони Созмони ҳамкории исломӣ дар Банҷули пойтахти Гамбия , дар бораи охирин таҳаввулоти минтақа ва ҳамчунин вазъияти борика Ғазза гуфтугу ва ройзани карданд.
-
Май 05, 2024
Ҳусейн Иброҳими Тоҳо дабирикули Созмони ҳамкории исломӣ зимни ибрози хурсандӣ аз дидори муҷаддад бо доктор Амирабдуллоҳиён, бар иҳтимоми вижаи Созмони ҳамкории исломӣ дар пайгирии таҷовузоти режими Исроил таъкид кард.
-
Май 04, 2024
Маросими солрӯзи шаҳодати Имоми Ҷаъфари Содиқ ( а ) бо ҳузури ошиқони имомату вилоят дар маҳали сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон баргузор шуд .
-
Май 04, 2024
Вазири умӯри хориҷаи кишварамон дар понздаҳумин Иҷлоси сарони Созмони Ҳамкории Исломӣ, мавозиъи Ҷумҳурии Исломии Эронро дар қиболи таҳаввулоти ҷаҳони ислом ва минтақаӣ ва байналмилалӣ табин хоҳад кард .
-
Май 04, 2024
Варзишкорони эронӣ дар мусобиқоти байналмилалии дав ва майдонии Дубай дар дави 800 метр ва дави 100 метр ба тилло ва бринҷӣ расиданд.