Ҷустуҷу
-
Mar 29, 2024
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, ҳамалоти ҳавоии режими саҳюнистӣ ба манотиқе аз устони Ҳалаби Сурия, нақзи ошкори қавонину муқаррароти байналмилалӣ ва низ нақзи ҳокимияту тамомияти арзии ин кишвар ва таҳдиде ҷиддӣ зидди сулҳу амнияти минтақаӣ ва байналмилалӣ аст.
-
Mar 28, 2024
Вазъ ва чашмандози ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Гурҷистон дар Душанбе мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.
-
Mar 28, 2024
Мусаддиқ Малик, вазири нафти Покистон дар мавриди хариди газ аз Эрон таъкид кард, мавзеи Исломобод равшан аст ва Покистон нисбат ба пружаи интиқоли газ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон сирфан ибрози тамоюл намекунад, балки ниёзманд ба ин пружа аст.
-
Mar 28, 2024
Режими саҳюнистӣ ба баҳонаи ташдиди эътирозҳо дар Қудси ишғолӣ ва Каронаи Бохтарӣ ва юриши эҳтимолии саҳюнистҳои ифротӣ ба Масҷидулақсо, аз бастани дарҳои вурӯдии ин масҷиди муборак дар рӯзҳои оянда хабар дод.
-
Mar 28, 2024
Ҷонибек Ҳикмат, намояндаи доими Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид дар маросиме, ки ба муносибати бузургдошти Рӯзи ҷаҳонии «ҷаҳони бе партов» баргузор шуд, ширкат ва суханронӣ кард.
-
Mar 28, 2024
Абдуҷаббор Раҳмонзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон бо Бахтиёр Саидов, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Узбекистон дидору гуфтугӯ кард.
-
Mar 28, 2024
Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки ба манзури ройзанӣ бо мақомоти олии Туркманистон озими ин кишвар шудааст, чаҳоршанбешаб бо истиқболи мақомоти туркманистонӣ вориди фурудгоҳи Ашқобод шуд.
-
Mar 27, 2024
Ҳомиёни Фаластин дар иёлати Каролинаи Шимолӣ монеи суханронии интихоботии раиси ҷумҳурии Амрико дар ин иёлат шуданд.
-
Mar 27, 2024
Ба иллати бархӯрди як киштии борӣ ба пули Фрэнсис Скотт Кей дар Балтимори Амрико, ин пул фуру рехт.
-
Mar 27, 2024
Барои ҷуброни фақри ҳаракати донишомӯзон, афзоиши 50 дарсадии саронаи варзишӣ, аз муҳиммтарин дастовардҳои вазорати омӯзиш ва парвариши Эрон (дар соле, ки гузашт), буд.
-
Mar 27, 2024
Ҷашни Наврӯз дар Сиринагари Кашмири таҳти контроли Ҳинд бо омадан баҳор ва Наврӯз баргузор шуд.
-
Mar 27, 2024
Мусобиқаи «Шоҳномахонӣ» дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров баргузор шуд.
-
Mar 27, 2024
Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар дидори раиси дафтари сиёси ҷунбиши Ҳамос ва ҳайати ҳамроҳ гуфтанд, муқовамати беназири нерӯи муқовимат ва мардуми Ғазза ба Ислом иззат бахшидааст.
-
Mar 27, 2024
Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим дар Душанбе бо роҳбарону мутахассисони якчанд ширкати сохтмонии Ҷумҳурии Исломии Эрон, аз ҷумла «Фароб» ва «Сангоб», ки ба тармиму навсозии нақби автомобилгарди «Истиқлол машғул мебошанд, мулоқот намуд.
-
Mar 26, 2024
Тими милли хоккейи рӯйи яхи духтарони Эрон дувумин пирӯзии худро дар рақобатҳои қаҳрамонии Осиё - Уқёнусия муқобили мизбони мусобиқот-Қирғизистон ба даст овард.
-
Mar 26, 2024
Рӯзномаи "Арабниюс" (Арабистони саудӣ) бо интишори паёми табрики иди Наврӯз дар сафҳаи аввали худ даст ба иқдоми бесобиқа зад.
-
Mar 26, 2024
Байни муассисаи давлатии "Китобхонаи миллии ҷумҳурии Тоҷикистон ва Китобхонаи умумӣ, илмӣ ва фаннии Академияи улуми Русия дар минтақаи Сибир, тавофуқномае дар мавриди ҳамкории фаъолиятҳои пажӯҳишии илмӣ, созмонӣ, фарҳангӣ ва табодули таҷриба бар асоси фановарии китобхонаӣ имзо шуд.
-
Mar 25, 2024
Фриконси пахши барномаҳои радиои тоҷикии Садои Хуросон аз 31 март тағйир мекунад.
-
Mar 25, 2024
Расонаҳои Русия гузориш доданд, ки донишомӯзи 15 солаи мусулмони рус боиси наҷоти ҷони беш аз сад нафар дар ҳамлаи террористӣ ба муҷтамаи тиҷории Крокус сити ҳол, дар наздикии Маскав - пойтахти Русия шуд.
-
Mar 24, 2024
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид бори дигар таваққуфи ҳамалоти артиши Исроил ба минтақаи борикаи Ғазза ва барқарории оташбаси фаврӣ дар ин минтақаро хостор шуд.