Март 27, 2024 10:34 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ: Муқовимати беназири нерӯи муқовимат ва мардуми Ғазза, ба Ислом иззат бахшидааст

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар дидори раиси дафтари сиёси ҷунбиши Ҳамос ва ҳайати ҳамроҳ гуфтанд, муқовамати беназири нерӯи муқовимат ва мардуми Ғазза ба Ислом иззат бахшидааст.

Ба гузориши пойгоҳ иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ асри рӯзи сешанбе дар дидори Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёси ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) ва ҳайати ҳамроҳ дар Теҳрон, бо таҷлил аз истодагии беназири нерӯҳои муқовимати Фаластин ва ҳамчунин мардуми Ғазза таъкид карданд, сабри таърихии мардуми Ғазза дар муқобили ҷиноятҳо ва ваҳшигариҳои режими саҳюнистӣ, ки бо ҳимояти комили Ғарб анҷом мешавад, як падидаи азим аст, ки ҳақиқатан ба Ислом иззат бахшида ва мавзӯи Фаластинро алорағми хости душман, ба масъалаи аввали ҷаҳон табдил кардааст.

Раҳбари муаззами Инқилоби исломӣ бо таъкид бар инки куштори мардуми Ғазза ва наслкушӣ дар ин минтақа, ҳар инсони соҳибвиҷдонеро мутаассир мекунад, афзуданд: Ҷумҳурии Исломии Эрон дар мавзӯи ҳимоят аз қазияи Фаластин ва мардуми мазлум ва муқовими Ғазза ҳеҷ тардиде ба худ роҳ нахоҳад дод.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ мавзӯи ҳимояти афкори умумии байналмилалӣ ва ҳамчунин афкори умумии ҷаҳони Ислом бавижа дунёи Араб аз мардуми Ғаззаро муҳим арзёби карданд ва гуфтанд: Иқдомоти таблиғотӣ ва расонаии муқовимати Фаластин токунун бисёр хуб ва ҷилватар аз душмани саҳюнистӣ будааст ва бояд дар ин замина беш аз пеш иқдом шавад.

Эшон ҳамчунин ёди шаҳид Ал Орурӣ, аз раҳбарони Ҳамосро, ки ба дасти режими саҳюнистӣ ба шаҳодат расид, гиромӣ доштанд ва хотирнишон карданд: Ин шаҳиди бузургавор шахсияти барҷастае буд, ки оқибати мубораки шаҳодат, подоши Худованди мутаол ба муҷоҳидатҳои вай буд.

Исмоил Ҳания низ дар ин дидор зимни ташаккур ва қадрдонӣ аз ҳимоятҳои мардум ва давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон аз қазияи Фаластин ва ба хусус мардуми Ғазза, гузорише аз охирин таҳаввулоти майдонӣ ва сиёсии ҷанги Ғазза ироа кард ва гуфт: Сабр ва истодагии мисолзадании мардуми Ғазза ва нерӯҳои муқовимат дар ин шаш моҳ, ки ношӣ аз имони росихи онон аст, мӯҷиб шуда душмани саҳиюнистӣ ба ҳеҷ як аз аҳдофи роҳбурдии худ дар ҷанги Ғазза, даст наёбад.

Ҳания зимн таъкид бар инки амалиёти «Тӯфони Алақсо» устураи шикастнопазирии режими саҳюнистиро аз байн бурд ва акнун душмани саҳюнистӣ баъд аз гузашти шаш моҳ хисоратҳои сангинеро мутаҳаммил шуда ва ҳазорон нафар аз низомиёни ин режим кушта ва захмӣ шудаанд, афзуд: Ҷанги Ғазза як ҷанги ҷаҳонӣ аст ва ҳайати ҳокимаи Амрико шарики аслии ҷинояти саҳюнистҳо аст, зеро мустақиман ҳидояти ҷанги режими саҳюнистиро бар ӯҳда дорад.

Исмоил Ҳания ба Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ итминон дод, ки ба рағми ҳамаи ваҳшигириҳо ва ҷиноёт ва наслкушӣ, ки дар Ғазза дар ҷараён аст, мардуми Ғазза ва нерӯҳои муқовимат бо қудрат истодаанд ва ба душмани саҳюнист иҷоза нахоҳанд дод, заррае ба аҳдофи худ даст ёбад.

 

Барчасп