Ҷустуҷу
-
Feb 10, 2017
Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон гуфт, мардуми Эрон бо ҳузури ҳамосӣ ва густарда дар роҳпаймоии 22-и баҳмани имсол, паёми қотеи худ дар дифоъ аз ормонҳои инқилоби исломиро ба гӯши таҳдидкунандагони Ҷумҳурии исломии Эрон расонданд.
-
Feb 04, 2017
Устондори Теҳрон гуфт, бар асари барфу борони шадид ва зери тарма мондани чаҳор мошин дар роҳи Ҳароз – Обалӣ, дар шарқи Теҳрон се нафар ҷон бохтанд.
-
Feb 03, 2017
Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон озмоиши ахири мушакии Эронро ҷилвае аз намоиши иқтидори миллии Эрон дар ҷаҳон донист.
-
Jan 27, 2017
Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон ба раиси ҷумҳурии тоза рӯйикоромадаи Амрико тавсия кард, ба умури кишвари худ бипардозад.
-
Jan 25, 2017
Вазири умури хориҷаи Кувайт дар Теҳрон бо вазири умури хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон дидор ва гуфтугӯ кард.
-
Jan 21, 2017
Шуморе дигар аз мақомоти кишварҳои мухталифи ҷаҳон бо ирсоли паёмҳои ҷудогона, бо мардум ва осебдидагони бинои Пласкои Теҳрон ибрози ҳамдардӣ карданд.
-
Jan 21, 2017
Нахустан Иҷлоси гуфтугӯи фарҳангии Эрон ва ҷаҳони араб имрӯз бо ҳузури 85 андешманд аз кишварҳои исломӣ, дар Созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ дар Теҳрон оғоз шуд.
-
Jan 20, 2017
Дар пайи ҳодисаи оташсӯзӣ ва фурӯ рехтани сохтмони тиҷории "Пласко" дар маркази Теҳрон, Раҳбари муаззами инқилоб дар паёме бо таслият ба хонаводаҳои ҷонбохтагони ин ҳодиса, талоши масъулонро барои наҷоти ҷони гирифторшудагон хостор шуданд.
-
Jan 20, 2017
Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон гуфт, эъдоми се ҷавони мусулмони баҳрайнӣ муҷиби аз даст рафтани машруияти режими Оли Халифа шудааст.
-
Jan 20, 2017
Мақомоти кишварҳои мухталифи ҷаҳон оташсӯзӣ ва фурӯ рехтани сохтмони 15 табақаи “Пласко” дар Теҳрон ва ҷон бохтану захмӣ шудани теъдоде аз шаҳрвандону имдодгаронро дар ин ҳодисаи ғамбор таслият гуфтанд.
-
Jan 20, 2017
Дар пайи ҳодисаи оташсӯзӣ ва фурӯ рехтани бурҷи “Пласко” дар шаҳри Теҳрон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо ирсоли паёме ба раиси ҷумҳурии исломии Эрон, бо давлату миллати Эрон ибрози ҳамдардӣ кард.
-
Jan 19, 2017
Шаҳрдори Теҳрон гуфт, то кунун беш аз 20 нафар аз оташнишононе, ки барои наҷоти мардум ва хомӯш кардани оташ дар маҳалли бурҷи “Пласко” ҳузур ёфта буданд, ҷони худро аз даст додаанд.
-
Jan 19, 2017
Бинои 15 табақаи Пласко дар хиёбони ҷумҳурии Теҳрон субҳи имрӯз -панҷшанбе дучори оташсӯзӣ шуд ва фурӯрехт.
-
Jan 15, 2017
Консерти Давлатманд Холов дар ҷашнвораи мусиқии “Фаҷр” дар Теҳрон лағв шуд.
-
Jan 13, 2017
Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон гуфт, марҳум оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ қабл ва баъд аз инқилоби исломӣ ҳамвора ба фикри ҷавонон, табйини Исломи ҳақиқӣ ва Қуръони карим буд.
-
Jan 12, 2017
Нахустин ҳавопаймои “Эйрбас”-и харидоришуда дар фурудгоҳи байналамилалии “Меҳробод”-и Теҳрон ба замин нишаст.
-
Jan 12, 2017
Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар дидори Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроии давлати Ваҳдати миллии Афғонистон дар Теҳрон, амният, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро пояҳои аслӣ барои раванди тавсеаи Афғонистон ва рифоҳи мардуми ин кишвар донист ва гуфт, Эрон аз ҳеҷ талоше барои кӯмак ба миллат ва давлати Афғонистон дареғ нахоҳад кард.
-
Jan 09, 2017
Худобердӣ Холиқназар-раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон аз тасмими Тоҷикистон барои густариши ҳамкориҳо бо Эрон ва Узбакистон хабар дод.
-
Jan 09, 2017
Пайкари Оятуллоҳ Акбари Ҳошимии Рафсанҷонӣ аз Бемористони шуҳадои Таҷреши Теҳрон ба Ҷаморон мунтақил шудааст. Аъзои хонаводаи вай ва шуморе аз мақомоти Эрон барои адои эҳтиром дар Ҷаморон гирд омадаанд. Оятуллоҳ Акбари Ҳошимии Рафсанҷонӣ, раиси Маҷмаи ташхиси маслиҳати низом рӯзи якшанбе 19 дай (8 январи 2017) дар асари сактаи қалбӣ даргузашт.
-
Jan 06, 2017
Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон гуфт, ба зудӣ ин хабарро хоҳем шунид, ки шарри ДИИШ аз сарзаминҳои исломӣ кӯтоҳ шудааст.