Ҷустуҷу
-
Dec 19, 2016
Созмони “Гузоришгарони бидуни марз” аз кушта шудани 57 хабарнигор дар соли 2016, дар манотиқи мухталифи ҷаҳон хабар дод.
-
Dec 19, 2016
Бо ҳукми додгоҳҳои вилояти Суғд имсол 20 имоми хатиби масоҷиди ин вилоят ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи Ихвоналмуслимин ба зиндон маҳкум шудаанд.
-
Dec 10, 2016
Бонки ҷаҳонӣ дар ҷадидтарин гузориши худ Тоҷикистонро аз назари шохиси амалкарди транзитӣ бо 39 зина уфт нисбат ба радабандии қаблӣ, дар мақоми 153-ум байни 160 кишвари ҷаҳон қарор дод.
-
Dec 03, 2016
Сайфулло Лутфуллоев, муовини сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон мегуяд, ки новобаста аз сардиҳои бесобиқаи ахири моҳи ноябр ва аввали моҳи декабр ҳамаи мактабҳои вилояти Хатлон фаъол будаанд.
-
Dec 01, 2016
Дафтари ҳамоҳангкунандаи умури башардӯстонаи Созмони Милали Муттаҳид эълом кард, дар соли 2016 беш аз ниммиллион афғонӣ дар натиҷаи нооромиҳои дохилии Афғонистон овора шудаанд.
-
Dec 01, 2016
Замони баҳрабардорӣ аз марҳалаи нахусти корхонаи коркарди нафти Данғара дар вилояти Хатлони Тоҷикистон барои бори сеюм ба таъхир афтод ва акнун ифтитоҳи ин тарҳ , дар моҳи марти соли оянда (2017) барномарезӣ шудааст.
-
Nov 24, 2016
Бонки ҷаҳонӣ пешбинӣ кард, дар соли 2017 нархи фақр дар Тоҷикистон коҳиш меёбад.
-
Nov 13, 2016
Бо интишори омори интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико мушаххас шуда, ки мизони мушорикати мардуми Амрико дар интихоботи 2016 пойинтарин мизон дар 20 соли гузашта будааст.
-
Nov 07, 2016
Давлатшо Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатолон дар ҷамъбасти натиҷаҳои 9 моҳаи соли равон гуфт, гарчанде қисми даромади буҷети маҳаллӣ дар вилоят барзиёд иҷро гардида бошад ҳам, вале қисме аз ноҳияҳои вилоят танҳо баъди кам кардани нақшаи буҷети маҳаллӣ аз иҷрои он баромадаанд.
-
Oct 29, 2016
Зиндаёд Қайсари Аминпур аз бузургтарин шоирони даврони муосири Эрон ва парчамдори шеъри Инқилоби Исломӣ буд, ки 9 сол пеш дар ҳамин рӯз даргузашт.
-
Oct 27, 2016
Дар ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон эълом шуд, ки буҷаи ҳукумат дар нуҳ моҳи аввали имсол тибқи барнома таъмин нашудааст.
-
Oct 25, 2016
Фармондеҳи нерӯи марзбонии Тоҷикистон, вобаста ба Қумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар аз вуқӯи 22 мавриди даргирӣ дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон тайи 9 моҳи имсол хабар дод.
-
Oct 18, 2016
Вазорати молияи Тоҷикистон қасд дорад, ки дар буҷети соли 2017-ум 3 миллион сомониро барои хариди инсулин ихтисос диҳад.
-
Oct 16, 2016
Муовини раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон муътақид аст, теъдоди ҷамъияти ин кишвар дар соли 2020 ба 10 миллиону 65 ҳазор нафар хоҳад расид.
-
Sep 01, 2016
Соли нави таҳсил имрӯз, якуми сентябр дар Тоҷикистон шурӯъ шуд.
-
Aug 27, 2016
Расонаҳои хабарии Русия бо такя ба манобеи худ дар ниҳоди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон эълом карданд, ки ба эҳтимоли зиёд Душанбе то ду соли оянда узви иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё нахоҳад шуд.
-
Aug 24, 2016
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе як сокини ноҳияи Бохтар дар вилояти Хатлонро ба иттиҳоми талош барои пайвастан ба гурӯҳи террористии ДИИШ ба 5 соли зиндон маҳкум кард.
-
Aug 10, 2016
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Шуҳрат Партоевро барои ҷонибдории ташкили иттиҳоди экстремистӣ ва омӯхтани дарсҳои равияи динии ифротгарои Салафия ба 5 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.
-
Aug 07, 2016
Раиси додгоҳи вилояти Суғди Тоҷикистон мегӯяд, ки тайи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ, дар ин минтақа як маврид ҳукми зиндони абад ва ду маврид сафед кардани гумонбаршудагон содир гардидааст.
-
Aug 05, 2016
Кумитаи давлатии амвол ва сармоягузории Тоҷикистон мегӯяд, ки то соли 2017-и мелодӣ 20 корхонаи азими тавлидотӣ дар ин кишвар мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.