Ҷустуҷу
-
Oct 06, 2017
Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон гуфт, масъулони минтақаи Курдистони Ироқ бо бетаваҷҷуҳӣ ба насиҳатҳои Ҳукумати Ироқ ва кишварҳои минтақа бо баргузории ҳамапурсии ҷудоӣ дар ин минтақа муртакиби хиёнат шуданд.
-
Oct 05, 2017
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дидори Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия, бо ишора ба манофеи Амрико ва режими саҳюнистӣ аз баргузории ҳамапурсӣ дар минтақаи Курдистони Ироқ, изҳор карданд: Амрико ва қудратҳои хориҷӣ ғайри қобили эътимод ва ба дунболи эҷоди як “Исроили ҷадид” дар минтақа ҳастанд.
-
Oct 05, 2017
Ал-Ҳавиҷа, воқеъ дар ҷануби ғарби Киркук пас аз як набарди сангину хиёбонӣ бо такфириҳо, ба таври комил озод шуд.
-
Oct 05, 2017
Нерӯҳои басиҷи мардумии Ироқ (Ал-Ҳашд-уш-Шаъби ) ду гӯри ҷамъӣ аз қурбониёни ДИИШ-ро пас аз озодии Ал-Ҳавиҷа кашф карданд.
-
Oct 04, 2017
Нахуствазири Ироқ дар паи даргузашти Ҷалоли Толибонӣ, раисҷумҳури собиқи ин кишвар ва дабири кулли Ҳизби иттиҳодияи меҳании Курдистон се рӯз азои умумӣ дар саросари кишвар эълом кард.
-
Sep 30, 2017
Дар вокуниш ба баргузории ҳамапурсии ҷудоӣ дар минтақаи Курдистони Ироқ, неруҳои эронӣ ва артиши Ироқ дар марзи Эрон ва минтақаи Курдистон размоиши муштарак баргузор мекунанд.
-
Sep 29, 2017
Марҷаи олиқадри мусулмонони Ироқ бо ҳамапурсии ҷудоии баргузоршуда дар минтақаи Курдистони ин кишвар мухолифат ва аз талошҳо барои таҷзияи Ироқ ибрози таассуф кард.
-
Sep 29, 2017
Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо ишора ба баргузории ҳамапурсии ҷудоии минтақаи Курдистон аз Ироқ, ин тарҳро саҳюнистӣ хонд.
-
Sep 27, 2017
Ситоди таблиғоти ҷанг дар Ироқ дар баёнияе эълом кард, беш аз 500 тан аз аносури ДИИШ дар марҳалаи аввали амалиёти озодсозии минтақаи Ҳавиҷа, дар шимоли Ироқ ба ҳалокат расиданд.
-
Sep 27, 2017
Раисҷумҳури Туркия дар вокуниш ба баргузории ҳамапурсии ҷудоии минтақаи Курдистони Ироқ тасреҳ кард: Кишвараш иҷозаи интиқоли нафти ин минтақаро аз хоки Туркия намедиҳад.
-
Sep 27, 2017
Шабакаи телевизионии “Русия ал-Явм” даргузорше аз ҳузури як духтари 16- солаи тоҷикистонӣ дар урдугоҳи нигаҳдорӣ аз бозмондагони гурӯҳи ДИИШ дар Ироқ хабар дод, ки сарпарастии панҷ кӯдаки дигарро бар ӯҳда дорад.
-
Sep 26, 2017
Гузориши ҳамкорамон, оқои Халилӣ. Ҳамапурсии ҷудоиталабӣ дар шимоли Ироқ бо вуҷуди мухолифатҳои дохилӣ, минтақаӣ ва ҷаҳонӣ баргузор шуд. Ин дар ҳолест, ки коршиносону таҳлилгарон дар бораи баргузории ин ҳамапурсӣ ва оқибатҳои он ба ҳукумати маҳаллии минтақаи Курдистони Ироқ ҳушдор медиҳанд.
-
Sep 26, 2017
Вазорати умури хориҷии Туркия дар баёнияе ҳамапурсии ҷудоиталабии минтақаи Курдистони Ироқро бидуни машрӯият ва хилофи ҳуқуқи байналмилал донист.
-
Sep 26, 2017
Раисҷумҳури Туркия гуфт: “Замоне ки монеи вуруди мошинҳои боркаш ба шимоли Ироқ шавем, курдҳои Ироқ бо гуруснагӣ рӯ ба рӯ хоҳанд шуд”.
-
Sep 26, 2017
Мақомоти минтақаи Курдистони Ироқ бо равишҳои мухталифу фазосозиҳои таблиғотӣ дар садад ҳастанд мизони мушорикат дар ҳамапурсии ҷудоии ин минтақаро пурранг ҷилва диҳанд.
-
Sep 26, 2017
Бо вуҷуди интишори хабарҳое дар бораи беэътиноии мардуми бархе манотиқи курднишини Ироқ ба ҳамапурсии ҷудоии иқлими Курдистон, шабакаи курдии Рудав ба нақл аз комиссияи интихобот, мизони мушорикат дар ин ҳамапурсиро 72 дарсад эълом кард.
-
Sep 25, 2017
Ҳамапурсии ҷудоии иқлими Курдистон алорағми мухолифати давлати марказии Ироқ ва ҷомеаи байналмилалӣ имрӯз дар ин минтақаи курднишини ин кишвар баргузор шуд.
-
Sep 25, 2017
Вазорати умури хориҷаи Туркия дар вокуниш ба оғози ҳамапурсии ҷудоии минтақаи Курдистони Ироқ, эълом кард, Анкара ин ҳамапурсиро ғайриқонунӣ медонад ва ба расмият намешиносад.
-
Sep 25, 2017
Раисони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Туркия дар гуфтугӯи телефонӣ дар бораи баргузории ҳамапурсии ҷудоӣ дар минтақаи Курдистони Ироқ таъкид карданд, тамомияти арзӣ ва ваҳдати миллии Ироқ ба ҳеҷ ваҷҳ набояд хадшадор шавад.
-
Sep 25, 2017
Сухангӯи Шӯрои олии амнияти миллии Эрон аз баста шудани марзҳои ҳавоии Эрон бо минтақаи Курдистони Ироқ хабар дод.