Ҷустуҷу
-
Май 27, 2017
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо шайх Абдуллоҳ бин Зойд Оли Наҳён, вазири хориҷаи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, ки барои сафаре расмӣ ва якрӯза вориди Душанбе шуда буд, дидор кард.
-
Май 25, 2017
Додгоҳи низомии шаҳри Маскав дар ҷаласае сайёр дар шаҳри Санк-Петербург ду шаҳрванди Тоҷикистонро ба иттиҳоми ҷазби ҷавонон ба гурӯҳи террористии ДИИШ ва нигаҳдории ғайриқонунии маводи мунфаҷира ба 6 то 6,5 сол зиндон маҳкум кард.
-
Май 25, 2017
Муовини Кумитаи Думаи давлатии Русия дар умури Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гуфт, атбои Тоҷикистон дар се соли ахир бештарин дархостро барои касби тобеияти Русия ироа додаанд.
-
Май 23, 2017
Ройзаниҳои дуҷонибаи сиёсӣ миёни Тоҷикистону Австралия дар Вазорати умури хориҷии Ҷумҳури Тоҷикистон баргузор шуд.
-
Май 18, 2017
Ширкати ҳавопаймоии "Ямал”-и Русия аз аввали моҳи июли соли ҷорӣ парвоз ба шаҳрҳои Тоҷикистонро шуруъ хоҳад кард.
-
Май 15, 2017
Коршиносони тоҷик бар ин боваранд, ки вируси WannaCry, ки ахиран таъсисот ва таҷҳизоти компютерии беш аз 100 кишвари ҷаҳонро ҳадафи ҳамалоти киберӣ қарор дод, метавонад барои Тоҷикистон низ хатарсоз бошад.
-
Май 14, 2017
Коршиноси руси масоили Осиёи Марказӣ муътақид аст, ки кишвари Чин бо иҷроӣ кардани тарҳҳои зербиноӣ ва ҳамлу нақли хеш метавонад, заминаи иттисоли шабакаҳои роҳи оҳан ва заминии Эрон ва Тоҷикистонро фароҳам созад.
-
Май 13, 2017
Созмони дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирин дар Русия эълом кард, ки ду шаҳрванди тоҷике, ки чанде пеш ба дасти неруҳои амниятии Русия ба қатл расиданд, узви ҳеҷ гурӯҳи террористии созмонёфта набудаанд.
-
Май 12, 2017
Таҷлил аз солгарди пирузӣ дар Ҷанги Ҷаҳонии Дувум, идомаи қазияи боздошти мақомоти Ожонси зидди фасоди Тоҷикистон, натоиҷи афви муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ва ба синни 80 расидани Ҳошим Гадо, коргардон ва ҳунарманди саршиноси синамо ва театри тоҷик аз мавзӯъҳои меҳварии матолиби нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе аст.
-
Май 06, 2017
Коршиноси руси масоили минтақа муътақид аст, ки гурӯҳи Толибон марзҳои Тоҷикистонро дар вилояти Бадахшони ин кишвар таҳдид нахоҳад кард.
-
Май 05, 2017
Маркази зилзилагиронии Тоҷикистон дар гузорише эълом кард, заминларзае бо бурзургии 5.9 дараҷа соати 10:09 дақиқаи субҳи имрӯз бахшҳое аз Тоҷикистонро ларзондааст.
-
Май 02, 2017
Вазорати иқтисоди Тоҷикистон аз имзои ду санади ҳамкории гумрукӣ бо Узбакистон хабар дод.
-
Apr 27, 2017
Бунёди Оқохони 4 саҳмияи молии ширкати шведии хадамоти телефони ҳамроҳи “Telia” дар Тоҷикистонро харидорӣ кард.
-
Apr 19, 2017
Барои нахустин бор дар торихи равобити ду кишвари ҳамҷавори Тоҷикистону Афғонистон, мусобиқаи дӯстона дар риштаи варзиши валейбол миёни дастаҳои манотиқи ҳаммарзи ду кишвар баргузор шуд, ки бо пирӯзии тими ноҳияи Шуғнони Афғонистон ба поён расид.
-
Apr 10, 2017
Мақомоти низомии Афғонистон аз кушта шудани ҳашт ҷангҷӯи тоҷикистонӣ дар амалиёти вижаи нерӯҳои давлатӣ алайҳи гурӯҳи Толибон, дар ноҳияи Дашти Арчӣ аз тавобеъи вилояти Қундуз дар наздикии марзи ин кишвар бо Тоҷикистон хабар додаанд.
-
Apr 04, 2017
Ширкати шведии хадамоти телефони ҳамроҳи Telia эълом кардааст, ки ба иллати нокомӣ дар фурӯши саҳмияи худ ба Бунёди Оқохон дар Тоҷикистон, қасд дорад ин кишварро тарк кунад.
-
Mar 28, 2017
Коршиноси мустақили масоили низомии Тоҷикистон муътақид аст, ки баргузории размоиши низомии муштараки ин кишвар ва Русия барои тақвияти тавони дифоии низомиёни русу тоҷик бисёр муҳим аст.
-
Mar 27, 2017
Размоиши низомии муштараки Тоҷикистону Русия дар вилояти Хатлон оғоз шуд.