Ҷустуҷу
-
Jun 14, 2018
Додгоҳе дар вилояти Челябински Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро ба иттиҳоми вуруди ғайриқонунӣ ба дохили ин кишвар ва талош барои фурӯши 1 кило героин ба 17 сол зиндон маҳкум кард.
-
Jun 13, 2018
Вазири хориҷаи Русия гуфт, ҳалли буҳрони шибҳҷазираи Корея аз ҷумла халъи силоҳи ҳастаӣ дар ин минтақа ба сурати дуҷониба миёни Амрико ва Кореяи Шимолӣ, мумкин нест.
-
Jun 13, 2018
Сармураббии тими милли футболи Испания, ки ҳамгурӯҳи Эрон аст, дар остонаи оғози бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии 2018 Русия аз мақоми худ истеъфо дод.
-
Jun 13, 2018
Тайи ду моҳи ахир беш аз як тонну 530 кило зардолуи тоза аз боғоти шимоли Тоҷикистон ба манотиқи мухталифи Русия содир шудааст, ки 80 дарсади кулли содироти ин меваро ташкил медиҳад.
-
Jun 13, 2018
Вазорати маориф ва улуми Тоҷикистон аз қатъӣ шудани эъзоми 30 муаллими дигар аз Русия ба ин кишвар дар соли таҳсилии нав хабар дод.
-
Jun 12, 2018
Муовини вазири хориҷаи Русия гуфт, Маскав таҳримҳои ахири Амрикоро талофӣ мекунад.
-
Jun 12, 2018
Бахши муборизаи радиоэлектроникаи пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон бо системаи мухобиротии ҷангии "Борисоглебск-2" муҷаҳҳаз шудааст.
-
Jun 11, 2018
Сухангуи Вазорати дифои Русия гуфт, террористҳо дар Сурия дар ҳоли тадорук барои ҳамлаи химиявӣ ба устони Дерулзур дар шарқи ин кишвар ҳастанд.
-
Jun 11, 2018
Қаҳрамони собиқи ҳунарҳои размии таркибии Португалия ба унвони муҳофиз (нигаҳбон)-и Кристиано Роналдо дар мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонии Русия, баргузида шуд.
-
Jun 10, 2018
Равобити Эрону Русия дорои зарфиятҳои мутанаввеъ аст ва мақомҳои ду кишвар таъкид доранд, равобити мавҷуд метавонад пешрафтҳои бештаре дошта бошад.
-
Jun 10, 2018
Вазорати маорифи Русия дархости Тоҷикистонро дар мавриди равон кардани китобҳои забони русӣ баррасӣ дорад.
-
Jun 10, 2018
Бо тавсияи раиси ҷумҳури Русия, бо ҳадафи осонсозии марҳилаҳои марбут ба гирифтани шаҳрвандӣ, хизматрасонии онлайн роҳандозӣ шуд.
-
Jun 10, 2018
Ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Русия ба иттиҳоми мушорикат дар гурӯҳи террористии ДИИШ боздошт шудаанд, дар сурати исботи иттиҳом, мумкин аст ба 20 соли зиндон маҳкум шаванд.
-
Jun 09, 2018
Сухангӯи вазорати дифои Афғонистон, ҳар гуна кумаки Русия ва Ҷумҳурии Исломии Эронро ба гурӯҳи Толибон рад кард.
-
Jun 09, 2018
Раисиҷумҳури Русия, шарти беҳбуди равобит бо Амрикоро тағйир равияи Кохи Сафед эълом кард.
-
Jun 09, 2018
Раисҷумҳурҳои Тоҷикистону Русия дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шонгҳой дар Чиндаои Чин дидору гуфтугӯ карданд.
-
Jun 09, 2018
Раисҷумҳурҳои Узбакистону Русия бар густариши мубодилоти иқтисодии ду кишвар таъкид карданд.
-
Jun 09, 2018
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дидори раисҷумҳури Русия идомаи равобити Теҳрону Маскав дар ҳавзаи амният ва тавсеаи ҳамкори минтақаиро ҳоизи аҳамият баршумурда гуфт, ҳамкории ду кишвар дар мубориза бо ДИИШ ва соири гурӯҳҳои террористӣ дар минтақа идома хоҳад ёфт.
-
Jun 07, 2018
Тӯп, ки василаи аслии варзиши футбол аст, дар давраҳои мухталифи Ҷоми ҷаҳонӣ тағйироти зиёде доштааст ва тӯпҳои Ҷоми ҷаҳонии 2018-и Русия аз қобилиятҳои бисёр вежае бархӯрдоранд.
-
Jun 06, 2018
Тими футболи ҷумҳурии исломии Эрон пас аз поёни урдуи худ дар Туркия ва барои ширкат дар рақобатҳои Ҷоми ҷаҳонии 2018 Русия, Истанбулро ба мақсади Маскав тарк кард.