Ҷустуҷу
-
Dec 20, 2020
Бо шиносоии 38 мавриди ҷадиди ибтило ба Ковид-19 дар Тоҷикистон шумори ин беморон ба 12 ҳазору 960 нафар расид.
-
Dec 20, 2020
Мақомоти вилояти Бадахшони Афғонистон аз истиқрори 450 ҷангҷӯи хориҷии узви гурӯҳҳои террористӣ дар марзи ин кишвар бо Тоҷикистон ибрози нигаронӣ кардаанд.
-
Dec 20, 2020
Муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон эълом кард, ки пешбиниҳо нишон медиҳад, ҷамъияти ин кишвар бар асоси барномаи роҳбурдии рушди Тоҷикистон дар соли 2030 ба 11 миллионнафар бирасад.
-
Dec 19, 2020
Бо шиносоии 35 мавриди ҷадиди ибтило ба Ковид-19 дар Тоҷикистон шумори беморон ба 12 ҳазору 923 нафар расид.
-
Dec 19, 2020
Муовини нахуствазири Тоҷиикистон ҳушдор дод, ки дар сурати сарфаҷӯӣ накардан дар масрафи барқ эҳтимол дорад маҳдудияти барқ дар пойтахти ин кишвар низ эъмол шавад.
-
Dec 19, 2020
Фарзанди Зубайдуллоҳ Розиқ аз аъзои аршади Ҳизби мамнӯаи наҳзати исломии Тоҷикистон ба 5 сол зиндон маҳкум шуд.
-
Dec 19, 2020
Бо шиносоии 36 мавриди ҷадиди Ковид -19 дар Тоҷикистон шумори ин беморон ба 12 ҳазору 888 нафар расид.
-
Dec 19, 2020
Дар Тоҷикистон дар 10 моҳи имсол се миллиону 951 ҳазор тон семент тавлид шуда, ки дар муқоиса бо давраи монанди соли қабл наздик ба 37 ҳазор тон бештар аст.
-
Dec 18, 2020
Мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон 40 рӯз монда ба поёни маҳкумияти яксолаи Далер Шарифов, рӯзноманигори зиндонии тоҷик, бо тахфифи муҷозот ва тағйири режими нигаҳдории ӯ аз ҳабси умумӣ ба шартӣ мухолифат кардаанд.
-
Dec 18, 2020
Намояндагии барномаи умрони Милали Муттаҳид аз тасвиби пружаи нав ба Тоҷикистон таҳти унвони «Кумак ба рафъи авоқиби иқтисодии корона аз тариқи беҳбуди рифоҳ, фурсатҳои шуғлӣ ва ҳамкориҳои минтақаӣ дар водии Фарғона» хабар дод.
-
Dec 17, 2020
Роҳбари кумитаи ҷавонони федератсияи футбол аз баргузории чаҳор мусобиқаи тадорукотӣ барои тимҳои ҷавонон ва навҷавонон дар Тоҷикистон хабар дод.
-
Dec 17, 2020
Суханронии солонаи раисиҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти муштараки маҷлисҳои миллӣ ва намояндагони кишвар, ки маъмулан дар авохири моҳи декабр буд, ба замони дигаре афтод.
-
Dec 17, 2020
Додситонии кулли Русия ба дархости мақомоти Тоҷикистон 4 фарди гумонбар ба ҷинояткорӣ дар дохили ин кишварро, ки ба Русия фирор карда буданд, ба Душанбе истирдод кард.
-
Dec 17, 2020
Сафири Тоҷикистон дар Эрон дар сеюмин Ҳамоиши байналмилалии Мавлавӣ пажуҳӣ гуфт, бо фурӯпошии Шуравӣ раванди бозёбии ҳувияти миллӣ дар Тоҷикистон оғоз шудааст.
-
Dec 16, 2020
Бо шиносоии 38 мавриди ҷадиди Ковид- 19 дар Тоҷикистон, шумори ин беморон ба 12 ҳазору 815 нафар расид.
-
Dec 16, 2020
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо ислоҳи қонуни шароити нигаҳдории гумонбарҳо, боздоштшудагон ва маҳкумшудагон барои мулоқоти вакилони ҳуқуқӣ бо муваккилонашон шарти ҷадид таъйин кард.
-
Dec 16, 2020
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эъмоли дубораи маҳдудияти барқ дар сурати сарфаҷӯи накардани сокинони ин кишвар ҳушдор дод.
-
Dec 16, 2020
Агентии давлатии омори Тоҷикистон аз афзоиши 250 миллиондолларии содироти маҳсулоти ин кишвар ба хориҷ тайи 11 моҳи соли ҷорӣ дар муқоиса ба давраи мушобеҳи соли қабл хабар дод.
-
Dec 16, 2020
Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) ва сафорати ИМА дар Тоҷикистон аз оғози лоиҳаи барқароркунии гузаргоҳи марзии Чалдовар дар минтақаи Шаҳртуси вилояти Хатлон бо вилояти Балхи Афғонистон хабар доданд.