Ҷустуҷу
-
Jan 30, 2017
Раисҷумҳури Русия қарор аст, барои нуҳумин бор таи солҳои ахир дар моҳи феврал ба Тоҷикистон сафар кунад, ки интизороте аз дидору гуфтугӯҳои вай бо мақомоти давлати Душанбе вуҷуд дорад.
-
Jan 29, 2017
Раҳбари нави Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба унвони фасодзадатарин ниҳоди ҳукуматӣ, дар ин ҷумҳурӣ ёд кард.
-
Jan 28, 2017
Раисиҷумҳури Русия дар ояндаи наздик қарор аст, дар сафари минтақаӣ ба чанд кишвари Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон биравад. Ба гуфтаи коршиносон, ин сафар метавонад ба ҳалли мушкилоти пешомада байни ду кишвар кӯмак кунад.
-
Jan 28, 2017
Саранҷом пас аз моҳҳо интизор “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” пардохти супурдаҳои муштарёни худро оғоз карданд.
-
Jan 28, 2017
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли гузашта беш аз 51 ҳазор нафарро вориди феҳрасти бекорон кардааст.
-
Jan 28, 2017
Тоҷикистон дар соли 2016 бо 100 миллион доллар касри буҷа ва 80 миллион доллар афзоиши қарзи хориҷӣ рӯ ба рӯ шуд.
-
Jan 27, 2017
Муовини Ожонси давлатии назорати молӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон таъкид кард, ки фаъолияти молии шаҳрдори Душанбе бозрасӣ хоҳад шуд.
-
Jan 26, 2017
Дар ҳоле ки бархе аз манобеи хабарию таҳлилӣ аз таҷаммӯи гурӯҳҳои ифротию террористӣ дар шимоли Афғонистон пас аз шикаст дар Сурия ва Ироқ хабар медиҳанд, мақомоти тоҷик иддао мекунанд, бо тадобири онҳо Тоҷикистон аз газанди террористҳо дар амон мондааст.
-
Jan 26, 2017
Шарофиддин Имомов- сафири Тоҷикистон дар Кобул, бо Салоҳиддин Раббонӣ- вазири умури хориҷаи Афғонистон дидор ва гуфтугӯ кард.
-
Jan 26, 2017
Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон дар бораи дарёфти раводиди интернетии сафар ба ин кишвар, ки аз рӯзи 25 январ иҷроӣ шуда, тавзеҳ додааст.
-
Jan 26, 2017
Созмони ҷаҳонии шаффофият, “Transparency International” эълом кард, Тоҷикистон дар соли 2016 дар мубориза бо фасод бо 15 зина суқут дар миёни 176 кишвари ҷаҳон, дар рутбаи 151 қарор гирифтааст.
-
Jan 26, 2017
Вазорати умури хориҷаи Туркманистон изҳороти ахири масъулони ширкати роҳи оҳани Тоҷикистонро, хилофи равобити дӯстонаи ду кишвар унвон кардааст.
-
Jan 26, 2017
Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон эълом кардааст, ки дар соли 2016 барои бори нахуст дар таърихи ин кишвар тавлиди тилло аз 5 тон фаротар рафтааст.
-
Jan 25, 2017
Беҳрӯзи Саидхоҷа: Вазири адлияи Тоҷикистон бархе ахбори мунташиршуда дар бораи вуҷуди таблиғоти андешаҳои ифротӣ дар зиндонҳои ин кишварро такзиб кард.
-
Jan 25, 2017
Бонки тавсеаи Осиё эълом кард, дар сурате 50 миллион доллар кумаки дархостии Тоҷикистонро пардохт хоҳад кард, ки душанбе 13 шарти ин бонк ба хусус афзоиши нархи барқро иҷро кунад.
-
Jan 25, 2017
Вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон аз идомаи баррасиҳо барои ташхиси сабабҳои хомуш шудани барқ дар саросари ин кишвар дар рӯзи 28 октябри соли 2016 хабар дод.
-
Jan 25, 2017
Зиёратшоҳи Аҳмадшоҳ дар гузорише аз коҳиши муомилоти тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар соли гузаштаи 2016 хабар додааст.
-
Jan 25, 2017
Муовини Ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон аз талоши ин кишвар барои афзоиши ҳамкориҳо дар бахши роҳи оҳан бо Узбакистон хабар дод.
-
Jan 25, 2017
Раиси Созмони давлатии замин ва обёрии Тоҷикистон мӯътақид аст, ки ин кишвар барои кишти заминҳои нав ба миллионҳо доллар сармоя ниёз дорад.