Ҷустуҷу
-
Apr 15, 2018
Вазири хориҷаи Англия дар тамосе телефонӣ бо вазири хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон дар хусуси мушорикати кишвараш дар ҳамлаи мушакӣ ба Сурия тавзеҳоте ироа кард.
-
Apr 15, 2018
Раиси ҷумҳурии Русия таъкид кард, иқдоми Амрико ва муттаҳидонаш дар ҳамла ба Сурия, нақзи маншури Созмони милал ва усули ҳуқуқи байналмилал аст.
-
Apr 15, 2018
Дар пайи ҳамлаи таҷовузкоронаи мушакӣ ва ҳавоии Амрико, Бритониё ва Фаронса ба хоки Сурия Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар тамоси телефонӣ бо Башор Асад, раисҷумҳури Сурия таъкид кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон дар канори давлату миллати Сурия аст. Рӯҳонӣ тасреҳ кард, ҳамлаи Амрико, Англия ва Фаронса ба Сурия бе ҳеҷ гуна тардиде мисдоқи айнии ҷиноят, дар таоруз бо қавонину меъёрҳои байналмилалӣ, нақзи ошкори ҳаққи ҳокимият, тамомияти арзии миллат ва давлати Сурия аст.
-
Apr 15, 2018
Ҳамлаи низомии Амрико ба Сурия, маҳкумиятҳо ва вокунишҳои шумори зиёде аз мақомот, сиёсатмадорон ва аҳзобро дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон дар пай дошт.
-
Apr 14, 2018
Илова бар Ҷумҳурии Исломии Эрон, бисёре аз кишварҳо ва шахсиятҳои матраҳи ҷаҳон ҳамалоти мушакии Амрико ва муттаҳидонашро ба хоки Сурия, ба шиддат маҳкум карданд ва нисбат ба осор ва паёмадҳои минтақаӣ ва фаромитақавии он, ҳушдор доданд.
-
Apr 14, 2018
Вазорати дифои Русия эълом кард, падофанди ҳавоии артиши Сурия, бештари мушакҳои эътилофи ғарбиро, мунҳадим ва аз бархурди онҳо ба аҳдофи мавриди назари муҳоҷимон, ҷилавгирӣ кард.
-
Apr 14, 2018
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон таҷовузи Амрико, Англия ва Фаронса ба Сурияро, иқдоме барои тақвияти терроризм дар минтақа донист.
-
Apr 14, 2018
Созмони Милали Муттаҳид аз вуруди бозрасони Созмони манъи таслиҳоти кимиёвӣ ба Дума дар атрофи Димишқ, хабар дод.
-
Apr 14, 2018
Раисиҷумҳури Фаронса, ҳамроҳӣ бо Амрико ва Бритониё барои мудохилаи низомӣ дар Сурияро тавҷеҳ кард.
-
Apr 14, 2018
Вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз омодагии Теҳрон барои кумакҳои дармонӣ ва пизишкӣ ба Сурия хабар дод.
-
Apr 14, 2018
Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ ҳамлаи саҳаргоҳи имрӯзи Амрико, Бритониё ва Фаронса ба Сурияро ҷиноят дониста, иддаои онҳоро мабнӣ бар мухолифат бо истифода аз силоҳи кимиёӣ дурӯғ хонданд.
-
Apr 13, 2018
Сарҳанги мустаъфӣ ва чеҳраи сиёсии ҷанҷолии Русия хостори эъзоми зодагони вилояти Бадахшони Тоҷикистон ба Сурия ба манзури дифоъ аз ҳукумати Башшор Асад шуд.
-
Apr 13, 2018
Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Чин аз Ғарб хост аз ҳар гуна ҳамлаи эҳтимолӣ ба баҳонаҳои беасос ба Сурия худдорӣ кунад.
-
Apr 12, 2018
Ҳарчанд мардуми Англия мухолифи ҳамроҳии ин кишвар бо Амрико барои ҷанг дар Сурия ҳастанд; Вале нахуствазири Англия бо эъломи омодагӣ барои ҳамроҳии низомӣ бо Амрико, дастури эъзоми киштиҳо ва зердарёиҳо ба сӯи Баҳри Миёназаминро содир кардааст.
-
Apr 12, 2018
Раисиҷумҳури Амрико рӯзи панҷшанбе бо ақибнишинӣ аз мавозеи қаблии худ бино бар ҳамлаи низомӣ ба Сурия, ба баҳонаи ҳамлаи кимиёвӣ дар шаҳри Думо, дар “Твитт”-е навишт, ҳаргиз нагуфтаам, ки чӣ замоне ба Сурия ҳамла хоҳем кард.
-
Apr 12, 2018
Мухолифатҳо бо ҷангафрузиҳои ҷадиди Амрико ва муттаҳидони аврупоиаш алайҳи Сурия, идома дорад.
-
Apr 12, 2018
Вазорати дифои Русия хабар дод, артиши Сурия Думаро ба таври комил озод кард.
-
Apr 12, 2018
Пирӯзиҳои ҷабҳаи муқовимат дар Ироқ ва Сурия ва шикастҳои паёпайи гурӯҳҳои террористии такфирӣ дар ин ду кишвар боис шудааст, ки Амрико бо баҳонаҳои такрорӣ ва иддаоҳои беасос ба дунболи моҷароҷӯиҳои тозае дар Сурия бошад.
-
Apr 12, 2018
Додгоҳи вилояти Суғд, муҳокимаи 7 узви як хонавода аз ноҳия Исфараро ба иттиҳоми талош барои рафтан ба Сурия ва пайвастан ба гурӯҳи террористии ДИИШ оғоз карда, ки модари 71 солаи ин хонаводаро низ шомил шудааст.
-
Apr 11, 2018
Як рӯзномаи британияӣ навишт, нахуствазири ин кишвар бо дархости раисҷумҳури Амрико барои ҳамлаи фаврӣ ба Сурия мухолифат кардааст.