Ҷустуҷу
-
Jan 26, 2021
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тавофуқномаи кӯмаки молии 30 миллиондолларии Бонки Рушди Осиё барои омӯзиши коргарони муҳоҷири тоҷикро тасвиб кард.
-
Jan 25, 2021
Мақомоти Бонки Миллии Тоҷикистон мегӯянд, мизони таваррум дар соли 2021 бо беш аз 3 дарсад коҳиш ба 6 дарсад мерасад.
-
Jan 25, 2021
Шери хашмгине мардеро, ки аз панҷараи девори ҷойи нигаҳдории шерҳо дар боғи ҳайвонот дар Бразилия боло рафтаву ҳаракоти шерро мушоҳида мекард, бо зарба захмӣ кард, то ба дигар боздидкунандагон дарси ибрате дода бошад, ки бо шер сар ба сар нашаванд.
-
Jan 25, 2021
Бозори Султони Кабир-бузургтарин маркази фурӯши масолеҳи сохтмонӣ ва қисмҳои худравҳо дар шаҳри Душанбе субҳи имрӯз (25 январ ) дучори оташсӯзӣ шуд.
-
Jan 24, 2021
Яке аз раҳбарони Ҷумбиши ҷиҳоди исломӣ ва озодаи фаластинӣ таъкид кард: Эрон ҳомии аслии Фаластин барои муқобила бо режими саҳюнистӣ аст.
-
Jan 24, 2021
Дар тазоҳуроти эътирозомези ғайриқонӯнии рӯзи шанбе дар Маскав ва дигар шаҳрҳои Русия дар ҳимоят аз Алексей Навалний беш аз 600 нафар аз ширкаткунандагон боздошт шуданд.
-
Jan 23, 2021
Камтарин теъдоди мавориди фавт аз Ковиди 19 дар Эрон тайи 7 моҳи ахир дар 24 соати гузашта сабт шуд.
-
Jan 23, 2021
Вазири умури хориҷаи Саъудӣ муддаӣ шуд ки кишвараш ба дунболи оташбаси фарогир дар Яман аст ва метавонад бо давлати ҷадиди Амрико дар ин масаълаи ҳамоҳанг бошад.
-
Jan 23, 2021
Як шутур дар мусобиқаи дав дар шаҳри Абӯзабӣ-пойтахти Амороти муттаҳидаи арабӣ чанд метр монда ба хатти поён , ҷони худро аз даст дод
-
Jan 23, 2021
“Бар боли андеша” маҷмуъа барномае аст, ки бо ҳадафи ташвиқи мардум ба мутолиаи китоб ба муъаррифии бузургтарин нависандагони дунё ва осори онҳо мепардозад. Ин барнома рӯзҳои ҷумъа аз радиои тоҷикии Садои Хуросон пахш мешавад.
-
Jan 23, 2021
Кохи сафед дар баёнияе эълом кард, ки мушовири амнияти миллии Ҷо Байден-раиси ҷумҳурии Амрико ба ҳамтоии афғонистонии худ итилоъ дода аст, ки Амрико тавофуқи Трамп бо Толибонро бознигарӣ хоҳад кард.
-
Jan 21, 2021
Сафири Ҷумҳӯрии исломии Эрон дар Маскав ва муовини умӯри байналмилали Вазорати хориҷаи Русия дар хусӯси масоили муҳими минтақаӣ ва байналмиллалӣ бо меҳварияти масоили ғарби Осиё ва рӯйкарди эҳтимолии давлати ҷадиди Амрико дар қиболи масоили ин минтақа ройзанӣ карданд.
-
Jan 20, 2021
Барномаи бозсозии Маркази омӯзишии Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон барои омодасозии гурӯҳҳои наҷоту имдоди мавриди ниёзи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон оғоз шуд.
-
Jan 20, 2021
Ситоди кишварии мубориза бо вируси коронаи Тоҷикистон ба Шӯроии уламоии исломӣ дастур додааст, ки барои бозгушоии масоҷид аз рӯзи аввали феврал омодагӣ бигирад.
-
Jan 19, 2021
Раиси Кумитаи умури мудофиа ва амният дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки бо ислоҳи хидмати ҳарбии ин кишвар бозхаради хизмати сарбозӣ расмӣ шавад.
-
Jan 19, 2021
Бонки осиёии рушд (БОР) барои иҷрои 4 тарҳ дар соли 2021 ба Тоҷикистон 237 миллиону 85 ҳазор доллар кумаки молӣ ихтисос хоҳад дод.
-
Jan 19, 2021
Шодравон Ҳабибуллоҳ Абдураззоқов дар сериали эронии “Дар чашми бод” дар нақши оқои Ҳисом зоҳир шуда буд, ки бахшҳое аз бозии зебои ӯро дар ин сериал мушоҳида мекунед .
-
Jan 19, 2021
Ҳабибуллоҳ Абдураззоқов-бозигар ва коргардони театру синамои Тоҷикистон дар синни 84 солагӣ дори фониро тарк кард.
-
Jan 18, 2021
Мақомоти интизомии Узбекистон аз боздошти 10 нафар аз сокинони вилояти Сирдарёи ин кишвар ба иттиҳоми интишори хабари дуруғи рахна пайдо кардани обанбори Қайроқум дар шимоли Тоҷикистон хабар доданд .
-
Jan 18, 2021
Нашрияи чинӣ ба номи " Гул-бозтоби торихӣ " ( (鲜花畅谈历史 ) дар тозатарин шумораи хеш иддаои ҳаққи моликияти Пекин бар бахше аз сарзамини Тоҷикистонро ба миён оварда аст.