Ҷустуҷу
-
Oct 21, 2017
Як коршиноси масоили сиёсии Тоҷикистон муътақид аст, ки решакан кардани фасоди молӣ ва ришвахорӣ дар ин кишвар тайи 10 соли оянда ғайримумкин аст.
-
Oct 21, 2017
Пас аз интиқоди шадиди раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз моликони ширкати таъмини сӯхти мавсум ба “Умед – 88”, онон ба хориҷ аз кишвар фирор кардаанд.
-
Oct 21, 2017
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон эълом кард, вуруди шаҳрвандони ин ҷумҳурӣ бо гузарномаҳои қаблии тамдидшуда то соли 2020 ба бархе аз кишварҳо, аз ҷумла Русия мамнуъ аст.
-
Oct 20, 2017
Мақомоти тоҷик аз тавофуқи ҳукумати ин кишвар бо Қатар дар заминаи ирсоли нерӯи корӣ ба Доҳа хабар доданд.
-
Oct 20, 2017
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз сафари қарибулвуқӯи Қурбонгули Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури Туркманистон ба Душанбе дар моҳи оянда хабар дод.
-
Oct 19, 2017
5 шанбе 19 октябр дар Тоҷикистон, бори дигар хабари боздошти яке аз шаҳрвандон ба ҷурми пайравӣ аз ҷарёнҳои ифротӣ ба вижа гурӯҳҳои Салафия расонаӣ шуд.
-
Oct 19, 2017
Шуморе аз намояндагони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон хостори истеъфои раиси Бонки Миллии ин кишвар шудаанд.
-
Oct 17, 2017
Бозии ташрифотии тимҳои миллии футзали Эрону Тоҷикистонро тими Эрон бо натиҷае пургул ба суди худ ба поён бурд.
-
Oct 17, 2017
Раисҷумҳури Тоҷикистон пирӯзии Сооронбой Жээнбековро дар интихоботи раёсатҷумҳурии рӯзи якшанбеи Қирғизистон табрик гуфт.
-
Oct 17, 2017
Як мақоми мазҳабии Русия аз таъсиси гурӯҳи ҷадиди ифротӣ-террористӣ дар марзи миёни Афғонистон ва кишварҳои Тоҷикистону Туркманистон хабар дод.
-
Oct 17, 2017
Тими миллии футзали Тоҷикистон дар рақобатҳои футзали муқаддамотии Ҷоми миллатҳои Осиё, минтақаи ҷануб ва марказ, ки дар шаҳри Табрези Эрон дар ҳоли баргузорӣ аст, дар баробари Афғонистон ба пирӯзӣ расид.
-
Oct 16, 2017
Вазирони умури хориҷа ва иқтисодии 28 кишвари арабӣ, Осиёи Марказӣ ва ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҳамоиши ҳамкориҳои иқтисодӣ дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон гирди ҳам омаданд.
-
Oct 16, 2017
Ба эътиқоди коршиноси руси масоили Осиёи Марказӣ, беҳбуди равобити Ӯзбакистону Тоҷикистон ба замони бештаре ниёз дорад.
-
Oct 16, 2017
Чин тарҳи сохти як донишгоҳи нави байналмилалиро барои 40 ҳазор донишҷӯ дар Тоҷикистон ба ҳукумати ин кишвар ироа кардааст.
-
Oct 15, 2017
Нуҳумин шумора аз маҷаллаи «Садои Шарқ» нашрияи миллӣ, адабии Анҷумани нависандагон Тоҷикистон дар соли 2017 бо матолиби гунонгун дар 160 сафҳа мунташир шуд.
-
Oct 15, 2017
Коршиноси масоили Осиёи Марказӣ дар пажӯҳишгоҳи роҳбурдии Русия мегӯяд, тайи солҳои гузашта бо кумаки Маскав, артиши Тоҷикистон тавони размии худро ба таври қобили мулоҳизае боло бурдааст.
-
Oct 15, 2017
Иттиҳодияи Аврупо пас аз баргузории нуҳумин давр аз гуфтугӯҳои худ бо Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, аз маҳдуд шудани фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин кишвар ибрози нигаронӣ кардааст.
-
Раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дод, қарзи андозии 172 миллион долларии соҳибкорони тоҷик дар соли 2016
Oct 14, 2017Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт: Бо таваҷҷуҳ ба бозрасиҳои соли 2016 ва 6 моҳи нахусти соли ҷорӣ, маблағи андози пардохтнашуда аз сӯи соҳибкорон, як миллиарду 520 миллион сомонӣ муодили 172 миллион доллар будааст.