Ҷустуҷу
-
Aug 17, 2017
Мақомҳои давлати Душанбе ба манзури таҳаққуқи кашфи ҳиҷоб, ба тавҷеҳоти ғайриусулӣ рӯй овардаанд.
-
Aug 17, 2017
Никита Мендкович, коршиноси Шӯрои равобити хориҷии Русия муътақид аст, ки ҳамкории баъзе аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо гурӯҳҳои ифротӣ ва мушорикати онҳо дар фаъолиятҳои террористӣ ба маънии дар маърази иттиҳом қарор гирифтани ҳамаи тоҷикон нест ва аксари тоҷикон афроди заҳматкаш ва дур аз андешаҳои ифротӣ ҳастанд.
-
Aug 16, 2017
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо роҳбари тозатаъини намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони милали муттаҳид UNICEF дар Тоҷикистон Лучиано Калестин дидор намуд.
-
Aug 16, 2017
Имомхатиби пешини масҷиди ҷомеи шаҳри Истаравшан дар вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон аз сӯйи мақомоти амниятии ин минтақа боздошт шудааст.
-
Aug 16, 2017
Дастрасӣ ба интернет дар бархе манотиқи Тоҷикистон баъд аз зӯҳри рӯзи гузашта (15 –уми август) қатъ шуда ё ба шиддат коҳиш ёфтааст.
-
Aug 16, 2017
Ожонси давлатии омори Тоҷикистон эълом кардааст, ки кормандони ширкатҳои бахши кишоварзӣ, парвариши моҳӣ ва муҳитбонӣ (ҷангалбонӣ) камтарин дастмузди моҳонаро дар Тоҷикистон дарёфт мекунанд.
-
Aug 16, 2017
Воридоти мошин ба Тоҷикистон дар шаш моҳи нахусти имсол дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл беш аз 30 дарсад коҳиш ёфтааст.
-
Aug 16, 2017
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Китобхонаи миллии ин кишварро аз кор барканор кардааст.
-
Aug 15, 2017
Фармондеҳи нерӯҳои заминии фармондеҳии Ситоди марказии Амрико рӯзи чаҳоршанбе, 16 август барои дидору гуфтугӯ бо мақомоти Тоҷикистон вориди Душанбе хоҳад шуд.
-
Aug 15, 2017
Узви Комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии парлумони Эрон бо радди иддаои ахири Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таъкид кард, Эрон мухолифи ҳар иқдоме аст, ки ҳокимияти Тоҷикистонро нақз мекунад.
-
Aug 15, 2017
Маҷаллаи бритониёии "Wanderlust" Тоҷикистонро дар радаи чаҳоруми кишварҳои дорои низоми раводиди осон ҷой додааст.
-
Aug 14, 2017
Дар рӯзҳои ахир, бурузи таҳаррукоте дар Тоҷикистон алайҳи ҷумҳурии исломии Эрон равобити ду кишварро таҳти таъсир қарор додааст. Коршиносон муътақиданд, дастҳое дар Тоҷикистон даркоранд, то бо бурузи тафриқа дар байни ду миллат, иттиҳод ва дӯстии деринаи ду кишвари форсизабонро аз байн бубаранд.
-
Aug 14, 2017
Нахуствазири Тоҷикистон барои ошноӣ бо раванди иҷро ва бозсозии чанд тарҳи умронӣ ба вилояти Суғд сафар кард.
-
Aug 14, 2017
Пас аз ду сол таъхир дар имзои тавофуқномаи транзитии “Тоҷикистон-Афғонистон- Покистон”, музокирот барои густариши мубодилоти молӣ ва колоии байни ин кишварҳо аз сар гирифта шуд.
-
Aug 14, 2017
Муовини аввали Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, Абдураҳмон Аламшозода бо Абдусалом Азизов дидор намуд.
-
Aug 14, 2017
Коршиноси тоҷики Маркази пажӯҳишии “Лев Гумилёв”-и Русия, муътақид аст, ки ахиран тавони таслиҳотии қочоқчиёни маводи мухаддири афғонистонӣ дар марзи муштараки ин кишвар бо Тоҷикистон афзоиш ёфтааст.
-
Aug 14, 2017
Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки то соли 2020 нархи ҳар киловатт /соат барқ дар ин кишварро барои бахши хонагӣ ва санъатӣ ба тадриҷ афзоиш диҳад.
-
Aug 14, 2017
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон, ки ҳиҷобситезтарин чеҳра дар солҳои ахир дар ин кишвар будааст, ахиран иддао карда, ки сатр ва ҳиҷоби исломии бонувон дар фарҳанги тоҷикӣ нест.