Ҷустуҷу
-
Dec 29, 2016
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон зимни истиқбол аз қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эъломи солҳои 2018-2028 ба унвони даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор” ин иқдомро гоми устувору ҳамоҳанге барои ҳаллу фасли мушкилоти марбут ба мудирияти масоили об дар ҷаҳон арзёбӣ кард.
-
Dec 29, 2016
Ба навиштаи сойти Озодагон, ширкати ҳавопаймоии русии “Ямал” дар назар дорад, бобати лағви парвозҳояш аз Тоҷикистон ба додгоҳ шикоят кунад.
-
Dec 29, 2016
Русия дар чорчӯби қарордоди ҳамкории низомӣ бо Тоҷикистон маҷмӯае аз ҷангафзорҳои пешрафтаро дар пойгоҳи низомии худ дар ин кишвар мустақар кард ва қарор аст таслиҳоти ҷадидеро ба воҳидҳои русии мустақар дар ин пойгоҳ таҳвил диҳад.
-
Dec 29, 2016
Русия дар чорчӯби қарордоди ҳамкории низомӣ бо Тоҷикистон, истиқрор маҷмӯае аз ҷангафзорҳои пешрафтаро дар пойгоҳи низомии худ дар ин кишвар оғоз кардааст.
-
Dec 29, 2016
Нишасти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Тоҷикистон ва Узбакистон, ки дирӯз (28 декабр) дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ба кори хеш поён дод.
-
Dec 29, 2016
Вазорати молияи Тоҷикистон эълом кардааст, ки ин кишвар аз тавони бозпардохти қарзҳои молии хеш ба ниҳодҳои молии байналмилалӣ ва минтақаӣ бархӯрдор мебошад.
-
Dec 28, 2016
Имрӯз дар Душанбе нишасти комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Тоҷикистон ва Узбакистон баргузор шуд.
-
Dec 28, 2016
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон барномаи рушди миёнмуддати ин ҷумҳуриро то соли 2020 тасвиб кард. Барои иҷрои ин барнома ба беш аз 25 миллиард доллар ниёз аст.
-
Dec 28, 2016
Сафири Русия дар Тоҷикистон ибрози умедворӣ кардааст, ки ихтилофи ширкатҳои ҳавоии ин кишвар ва Тоҷикистон ба зудӣ аз роҳи музокира ҳалу фасл шавад.
-
Dec 28, 2016
Афроди ношинос дар шаҳри Санкт-Петербург шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ҳамчун прораб кор мекардааст, гаравгон гирифтаанд.
-
Dec 28, 2016
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, муовини сарвазири Узбакистон, ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Узбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ Рустам Азимовро ба ҳузур пазируф.
-
Dec 27, 2016
Ширкати русии Русал ҳайъати худро озими Тоҷикистон кардааст, то масоили марбут ба рафъи ихтилофоти гузашта ва ҳамкориҳои ояндаро бо корхонаи алюминийи Тоҷикистон пайгирӣ кунад.
-
Dec 27, 2016
Муовини мусофирии Ширкати роҳи оҳани ҷумҳурии исломии Эрон аз музокира барои барқарории иртиботи рейлӣ байни Эрон, Қазоқистон, Туркманистон ва Тоҷикистон ҳамсу бо дастовардҳои сафари раисҷумҳур ба кишварҳои Осиёи Марказӣ хабар дод.
-
Dec 27, 2016
Русия қасд дорад, ҳузури нерӯҳои низомии худ дар кишвари Тоҷикистонро афзоиш диҳад.
-
Dec 27, 2016
Давлати Тоҷикистон ба муносибати оғози соли нави мелодӣ 3 рӯз таътили расмӣ дар ин кишвар эълом кард.
-
Dec 27, 2016
Бонки ҷаҳонӣ амалкарди Тоҷикистонро дар таъмини обу барқи мавриди ниёзи мардум номуносиб арзёбӣ кард.
-
Dec 27, 2016
Дар остонаи соли ҷадиди мелодӣ Сафорати Амрико ба шаҳрвандони худ дар Тоҷикистон дар бораи эҳтимоли вуқуи ҳамалоти террористӣ ҳушдор додааст.
-
Dec 27, 2016
Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ҳамкории Вазорати хориҷаи Русияро барои ҳалли мушкили парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ миёни ду кишвар хостор шудааст.
-
Dec 26, 2016
Расонаҳои Узбакистон навиштаанд, сафари Рустам Азимов ба Тоҷикистон 27 декабр сурат хоҳад гирифт ва далели таъхири боздиди ҳайати Узбакистон аз Душанбе ба сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Русия марбут донистаанд.