Ҷустуҷу
-
Jun 21, 2019
Намояндаи доими Тоҷикистон дар иҷлоси Созмони Милал гуфт, терроризм, ифротгароӣ, ҷароими созмонёфта ва қочоқи маводи мухаддир монеи тавсеаи сулҳ дар Афғонистон ҳастанд.
-
Jun 13, 2019
Арги раёсатҷумҳурии Афғонистон эълом кард, то рӯзи чаҳоршанбе 490 зиндонии Толибон ба дастури Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури ин кишвар аз зиндон озод шуданд.
-
Jun 10, 2019
Дар нишастҳои ахири мақомоти сиёсӣ, амниятӣ ва дифоии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай, Ҷомеаи Ҳамсуд, Созмони Паймони Амнияти Ҷамъӣ, хадамоти амниятӣ ва нерӯҳои марзбонии минтақа аз афзоиши таҳаррукоти гурӯҳи террористии ДИИШ дар шимоли Афғонистон ва таҳдидоти амниятии ношӣ аз он барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ибрози нигаронӣ шудааст.
-
Jun 03, 2019
Мардуми мусалмони Афғонистон бо одобу русуми худ ба истиқболи иди саиди Фитр мераванд ва бо зоҳире ороста, пас аз адои намози ид ва зиёрати қабр, силаи раҳим ба ҷо меоваранд.
-
Jun 03, 2019
Селоб дар маркази вилояти Самангон шимоли Афғонистон як кушта ва ду масдум бар ҷо гузошт.
-
Jun 02, 2019
Созмони бозрасии Амрико аз гум шудани даҳҳо миллион доллар дар Афғонистон аз соли 2012 токунун хабар дод.
-
Май 30, 2019
Дуввумин нишасти намояндагони аҳзоби сиёсии Афғонистон ва гурӯҳи Толибон барои ҳалли буҳрони ин кишвар дар Маскав, бо судури баёнияе поён ёфт.
-
Май 29, 2019
Ҳадаф аз баргузории нишастҳои намояндагони аҳзоби сиёсии Афғонистон ва Толибон дар Маскав ва эъломи омодагии кишварҳои ҳамҷавори Кобул дар ҷиҳати кумак ба сулҳи Афғонистон умедворкунанда ба назар мерасад.
-
Май 28, 2019
Дувумин нишасти намояндагони аҳзоби сиёсии Афғонистон ва Толибон бо ҳузури вазири хориҷии Русия имрӯз дар шаҳри Маскав оғоз шуд.
-
Май 28, 2019
Сандуқи кӯдакони Созмони Милал рӯзи сешанбе эълом кард, ки ҳамалот ба макотиби Афғонистон дар соли гузаштаи милодӣ тақрибан се баробар шуда ва таҳсили кӯдакон дар манотиқи мухталифи ин кишварро бисёр душвор кардааст.
-
Май 26, 2019
Раисҷумҳури Афғонистон се узви кабинаашро барканор ва ва афроди ҷадидро ҷойгузин кард.
-
Май 25, 2019
Як болгарди мутааллиқ ба нерӯҳои Амрико имрӯз дар вилояти Ҳилманди Афғонистон суқут кардааст.
-
Май 24, 2019
Сухангӯи Толибон дар вокуниш ба изҳороти раиси Хадамоти амнияти федерали Русия эълом кард, ки ҳузури панҷ ҳазор диишӣ дар шимоли Афғонистон ҳақиқат надорад. Зеро Толибон ба ин гурӯҳи фитнагар иҷозаи фаъолият дар Афғонистонро намедиҳад.
-
Май 21, 2019
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид кард, гурӯҳи террористии ДИИШ барои нуфуз ва эҷоди ноамнӣ дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, дар ҳоли интиқол ба Афғонистон аст.
-
Май 19, 2019
Раиси дабирхонаи Шӯрои олии сулҳи Афғонистон дар робита бо ин, ки Амрико давлати Афғонистонро дар ҷараёни ҳамаи ҷузъиёти гуфтугӯҳояш бо “Толибон” қарор медиҳад, ибрози тардид кард.
-
Май 18, 2019
Муовини вазири хориҷаи Русия гуфт, дар хоки Афғонистон 8 урдугоҳи русзабони ДИИШ фаъол аст, ки дар он атбои Осиёи Марказӣ ва Русия машғули фаъолият ҳастанд.
-
Май 17, 2019
Намояндаи вижаи вазири умури хориҷии Эрон дар умури Афғонистон дар сафар ба Кобул бо раисҷумҳури Афғонистон дидор ва дар бораи масоиле аз ҷумлаи интихоботи ояндаи Афғонистон ва густариши равобити ду кишвар гуфтугӯ кард.
-
Май 15, 2019
Як низомии террористи амрикоӣ баъд аз бозгашт аз ҷанги тӯлонимуддат дар Афғонистон ба иллати сархурдагӣ ва афсурдагии фаровон худкушӣ кард.
-
Май 14, 2019
Як мақоми тоҷик аз ҳузури ДИИШ дар Афғонистон ибрози нигаронӣ карда ва вуҷуди ин гуруҳи такфирӣ-террористиро мушкиле барои кулли Осиёи Марказӣ унвон кард.
-
Май 05, 2019
Вазорати дифои Афғонистон эълом кард: даргирӣ байни нерӯҳои артиш ва гурӯҳи Толибон дар вилояти Ғазнӣ, 52 нафар аз аъзои ин гурӯҳ кушта шуданд.