Ҷустуҷу
-
Jan 17, 2020
Вазорати дифои Русия аз интиқоли ҷадидтарин таҷҳизоти низомӣ ба пойгоҳи низомии “Кант” дар Қирғизистон хабар дод.
-
Jan 15, 2020
Бар хилофи ваъдаҳои Иттиҳодияи Аврупо ва се кишвари аврупоии шомили Олмон, Фаронса, ва Британия ( Триуко ) дар амал ба таъаҳудҳои худ дар чорчуби БАРҶОМ, акнун Триуко ба баҳонаи иҷро нашудани таъаҳудҳои БАРҶОМӢ аз ҷониби Эрон ,гоми муҳимеро дар ростои аз байн бурдани ин тавофуқи байналмиллалӣ анҷом додааст.
-
Jan 15, 2020
Коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар ширкати таъсисоти ҳастаии Русия дар шаҳри Екатеринбург, аз ин, ки ҳар моҳ 10 дарсад ба фарди даллол (миёнарав) боҷ пардохт мекунанд, шикоят кардаанд.
-
Jan 14, 2020
Созмони Федератсияи умури зиндонҳои Русия аз нигаҳдории 7 ҳазор зиндонии тоҷик дар зиндонҳои ин кишвар хабар дод.
-
Jan 08, 2020
Ҳукумати Русия маҳдудиятҳоеро барои фаъолияти коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар ин кишвар, аз ибтидои соли ҷории 2020 эъмол кардааст.
-
Jan 07, 2020
Иқдомоти Амрико дар минтақаи ғарби Осиё, бавижа афзоиши қобили мулоҳизаи ҳузури низомӣ, ташдиди фишорҳо ба Эрон ва билохира анҷом додани иқдомоти террористӣ вокуниши шадиди Русияро барангехтааст.
-
Jan 07, 2020
10 мусофири тоҷик дар ҳодисаи ронандагӣ дар вилояти Тюмени Русия маҷруҳ шуданд.
-
Jan 05, 2020
Иқдомоти Амрико дар минтақаи ғарби Осиё бавижа афзоиши қобили мулоҳизаи ҳузури низомӣ, ташдиди фишорҳо алайҳи Эрон ва билохира анҷом додани иқдомоти террористӣ, бавижа террори генерал Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи посдорон, Абу Маҳдӣ ал Муҳандис, муовини Ҳашдуш-Шаъбӣ ва ҳамроҳони ин ду, вокуниши шадиди Русияро ба унвони яке аз бозигарони муҳимми ғарби Осиё барангехтааст.
-
Jan 02, 2020
Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия аз суи ҳамватанонаш,ки муддаъианд онҳоро дар масалаи молӣ фиреб додааст, таҳдид ба марг шуд.
-
Jan 01, 2020
Соли 2020-и мелодӣ дар миёни тадбирҳои шадиди амниятӣ, дар пойтахти Русия оғоз шуд.
-
Jan 01, 2020
Мудофеи ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷик дар бораи натоиҷи тафоҳумномаи эъзоми созмонёфтаи коргарони муҳоҷири тоҷик ба Русия ибрози шакку тардид кардааст.
-
Dec 31, 2019
Вазорати умури хориҷии Русия аз ҳамалоти ҳавоии Амрико алайҳи мавозеи нерӯҳои басиҷи мардумии Ироқ мавсум ба "Ҳашдушшаъбӣ"-и Ироқ интиқод кард.
-
Dec 29, 2019
Мутахассисони Русия қасд доранд суръати парвози мушаки фаросавтро то беш аз 10 мох афзоиш диҳанд.
-
Dec 27, 2019
Муовини вазири дифои Русия, Амрикоро ба далели нақзи тавофуқоти низомии байналмилалӣ ва хуруҷ аз Паймони нерӯҳои ҳастаии миёнбурд сарзаниш кард.
-
Dec 25, 2019
Тибқи натоиҷи як назарсанҷӣ, бештари мардуми Аврупо хостори беҳбуди равобит бо Русия ҳастанд.
-
Dec 24, 2019
Гармои ғайритабии ҳавои фасли зимистон дар Русия, ки дар 71 соли ахир бесобиқа будааст, хобро аз хирсҳои қутбие, ки дар ин фасл бояд ба хоби зимистонӣ бираванд, рабудааст.
-
Dec 24, 2019
Муовини вазири умури хориҷаи Амрико гуфт, иқдом алайҳи нуфузи Русия ва Чин дар Ховари Миёна афзоиш меёбад.
-
Dec 24, 2019
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон тафоҳумномаи эъзоми созмонёфтаи коргарони муҳоҷири тоҷик ба Русияро имзо кард.
-
Dec 22, 2019
Устоди донишгоҳи муштараки Русия ва Тоҷикистон муътақид аст, ки коргарони муҳоҷир аз ҷумла тоҷикон дар Русия ба ҳимоят ва ташвиқ ниёз доранд.
-
Dec 21, 2019
Мақомоти рус ҳувияти омили ҳамлаи мусаллаҳона ба сервиси амнияти федерали Русияро фош карданд.