Ҷустуҷу
-
Jun 25, 2019
Нахуствазири Русия рӯзи душанбе дар нишасти хабарии муштарак бо Эдвард Филип нахуствазири Фаронса дар шаҳри Лу-Авр шимоли ин кишвар гуфт, Амрико бо хуруҷ аз БАРҶОМ вазъияти минтақаи ғарби Осиёро буҳронӣ кардааст.
-
Jun 25, 2019
Вазири хориҷаи Туркия эълом кард, кишвараш аз таҳримҳои эҳтимолии Амрико дар сурати таҳвили сомонаи дифоии ҳавоии С-400 Русия ҳаросӣ надорад.
-
Jun 24, 2019
Си Ҷинпинг, раисҷумҳури Чин бо эъломи омодагӣ барои ҳифзи рафту омадҳои наздик бо раҳбари Кореяи Шимолӣ гуфт, ду кишвар бояд зимни тақвияти эътимоди мутақобили сиёсӣ, ба иртибототи роҳбурдӣ ва ройзанӣ дар бораи масоили муҳими ҷаҳон низ идома диҳанд.
-
Jun 23, 2019
Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон гуфт, ҳузури низомии Амрико дар минтақа муҷиби тақвияти гурӯҳҳои террористӣ шудааст.
-
Jun 23, 2019
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯйкарди собити Теҳронро коҳиши таниш, дурӣ аз ҳар гуна даргирӣ ва тавсеаи сулҳу субот дар минтақа ва саросари ҷаҳон донист.
-
Jun 20, 2019
Натиҷаҳои як назарсанҷӣ аз бартарии демократҳо бар ҷумҳурихоҳон дар интихоботи ояндаи Амрико ҳикоят дод.
-
Jun 19, 2019
Амрико дар давраи зимомдории Доналд Трамп иқдомоти худро ба манзури барандозии давлати чапгарои Венесуэла ва сарнагунии Николас Мадуро, раисҷумҳури қонунии ин кишвар ташдид кардааст. Вашингтон дар ҳоли ҳозир бар истифода аз абзорҳои иқтисодӣ алайҳи давлати Мадуро тамаркуз кардааст.
-
Jun 14, 2019
Раисҷумҳурҳои Эрону Русия дар суханрониҳои худ дар нишасти Созмони Ҳамкории Шанхай дар Бишкек аз рӯйкарди якҷонбагаро ва таҳоҷумии Амрико интиқод карда, онро таҳдиде барои суботи ҷаҳон донистанд.
-
Jun 13, 2019
Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ субҳи имрӯз (панҷшнба) дар дидори нахуствазири Ҷопон ва ҳайати ҳамроҳ таъкид карданд: Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳеҷ эътимоде ба Амрико надорад ва таҷрубаи талхи музокироти қаблӣ бо Амрико дар чорчӯби БАРҶОМ-ро ба ҳеҷ ваҷҳ такрор нахоҳад кард, зеро ҳеҷ миллати озода ва оқиле музокира таҳти фишорро намепазирад.
-
Jun 10, 2019
Як зани тоҷики 45 сола,ки ба унвони дипламат дар Вашингтон фаъолият мекард, тавассути шавҳари собиқаш ба қатл расид.
-
Jun 09, 2019
Вазири умури хориҷаи Эрон бо ишора ба сиёсатҳои мухриби Амрико таъкид кард: Сиёсатҳои Амрико фақат Эронро ҳадаф қарор надода, балки ҳамаи кишварҳоро ҳадаф қарор додааст.
-
Jun 09, 2019
Оморҳо нишон медиҳад худкушӣ дар байни туфангдорони неури баҳрии артиши Амрико афзоиш ёфтааст.
-
Jun 08, 2019
Сарпарасти Вазорати дифои Амрико ҷумъашаб гуфт, Вашингтон ба Туркия то 31 –уми июл муҳлат медиҳад, ки аз хариди сомонаи дифои мушакии “С-400” –и Русия сарфи назар кунад.
-
Jun 08, 2019
Ба рағми истифодаи таслиҳоти низомӣ дар ҷанги Яман алайҳи мардуми бегуноҳи ин кишвар ,Кохи Сафед сохти қатаъоти бомбаҳои пешрафта дар дохили Арабистонро содир кард.
-
Jun 08, 2019
Вазири умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба талоши Амрико ва муттаҳидонаш барои тафсири қатъномаи 2231 и Шӯрои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид тибқи хостаҳои худ таъкид кард, онҳо дар ҷоёгоҳе нестанд,ки тафсири мавриди назарашонро ба дигарон таҳмил кунанд.
-
Jun 06, 2019
Сухангӯи вазорати бозаргонии Чин бар лузуми муқобила бо ҷанги тиҷории Амрико зидди Пекин, таъкид кард.
-
Jun 02, 2019
Як маркази пажӯҳишҳои фаластинӣ эълом кард: Пас аз рӯи кор омадани Доналд Трамп дар Амрико ва интиқоли сафорати ин кишвар ба Қудси ишғолӣ ба унвони пойтахти Исроил, беш аз 440 фаластинӣ ба зарби гулӯлаи низомиёни саҳюнистӣ шаҳид шуданд.
-
Jun 02, 2019
Муовини вазири бозаргонии Чин аз эъмоли таърифаи 60 миллиарддолларӣ бар рӯи колоҳои воридотии Амрико хабар дод.
-
Май 31, 2019
Раиси маҷлиси Шурои исломии Эрон бо баёни ин,ки бисёре аз кишварҳои минтақа нигарони рафторҳои Амрико дар минтақа ҳастанд, гуфт; иқдомҳои ахири Амрико, нишондиҳандаи вусъати тавтиъаи ин кишвар зидди ҷаҳон аст.
-
Май 25, 2019
Сафир ва намояндаи доими Эрон дар Созмони Милаллӣ муттаҳид гуфт; хуруҷи Амрико аз Барҷом нақзи ошкори қавонини байналмиллалӣ ва аз ҷумла қатъномаи 2231 и Шурои амнияти Созмони Милаллӣ муттаҳид аст.