Ҷустуҷу
-
Dec 17, 2019
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, сиёсати нигоҳ ба Шарқ ва равобити наздиктар бо кишварҳои муҳими осиёӣ ҳамвора ҷузъи аҳдофи Ҷумҳурии Исломии Эрон будааст.
-
Dec 17, 2019
Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор аст дар ояндаи наздик ба Токио сафар кунад. Ин сафар дар пайи дидори нахуствазири Ҷопон аз Эрон, аз сӯи нозирони сиёсӣ боаҳамият арзёбӣ шудааст.
-
Dec 17, 2019
Раиси ҷумҳури Эрон барои ширкат дар иҷлоси байналмиллалии Куала-Лумпур 2019 озими Малайзия шуд.
-
Dec 16, 2019
Нишасти тавсеаи равобити тиҷории Эрон ва Ҷопон имрӯз(душанбе) дар Теҳрон баргузор шуд.
-
Dec 16, 2019
Мушовири фармондеҳи муъаззами кулли қувои Эрон дар ҳавзаи саноати дифоӣ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳ гуфт, агар душманон бихоҳанд барои Эрон маҳдудият ва ноамнӣ эҷод кунанд, посухи сахте дарёфт хоҳанд кард.
-
Dec 15, 2019
Бо вуҷуди гузориши дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, намояндаи вижаи Амрико дар умури Эрон, дар иддаои такрорӣ Эронро масъули ҳамла ба таъсисоти нафтии Арабистон "Арамко" муаррифӣ кард.
-
Dec 14, 2019
Равобити Тоҷикистон ва Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳоли густариши рӯзафзун аст.
-
Dec 14, 2019
Мудири як маркази фавқи тахассусии дармони ноборварӣ ва сиқти мукаррар дар Теҳрон Эронро мақсаде матлуб ва муносиб барои гардишгарии дармонӣ ба вижа дармони ноборварӣ донист.
-
Dec 14, 2019
Муфтии аъзам ва раиси Шурои муфтиёни Русия, олитарин нишони ифтихори мусулмонони ин кишвар мавсум ба Алфахр-ро ба сафири Эрон дар Русия эъто кард.
-
Dec 13, 2019
Ҳамиди Баидинажод, сафири Эрон дар Англия аз шикоят алайҳи “Би Би Си” –и форсӣ хабар дод.
-
Dec 12, 2019
Ҳайатҳои эронӣ ва венесуэлии ширкаткунанда дар иҷлоси тағйироти иқлимии Мадрид дидор карданд.
-
Dec 11, 2019
Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо ишора ба тавтеаҳои душманон зидди Эрони исломӣ гуфт, миллати Эрон ҳунармандона таҳдидҳои душманонро ба фурсат табдил мекунад.
-
Dec 11, 2019
Вазири иртиботот ва фанноварии иттилооти Эрон аз дафъи ҳамлаи сайберии созмонёфта ба зерсохтҳои кишвар хабар дод.
-
Dec 11, 2019
Фармондеҳи Нерӯи дарёии артиши Эрон ва фармондеҳи Нерӯи дарёии Покистон бар густариши ҳамкории дуҷониба таъкид карданд.
-
Dec 11, 2019
Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон ва вазири дороии Тоҷикистон бо якдигар дидор ва бар зарурати тақвият ва тавсиаи ҳамкориҳои ду кишвар таъкид карданд
-
Dec 11, 2019
Бозрасони Созмони Милали Муттаҳид рӯзи сешанбе, пас аз бозгашт аз Арабистон дар гузорише эълом кард, ҳеҷ далел ва шавоҳиди қонеъкунандае мабнӣ бар ин, ки Эрон омили ҳамла ба таъсисоти нафти Арабистони Саудӣ будааст, ба даст наёвардаанд.
-
Dec 11, 2019
Нишасти аъзои ҳайати расонаии Эрон ва ҷамъе аз андешамандон ва таҳлилгарони саршиноси рус дар Маскав баргузор шуд.
-
Dec 10, 2019
Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон дар вокуниш ба баёнияи масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳар гуна истифодаи абзорӣ ва сиёсӣ аз ҳуқуқи башар алайҳи кишварҳои мустақилро мардуд медонад.
-
Dec 10, 2019
Сафири Эрон дар Тоҷикистон бар зарурати афзоиши ҳаҷми мубодилоти иқтисодии Теҳрону Душанбе таъкид кард.
-
Dec 10, 2019
Вазорати умури хориҷии Эрон дар пайи эътисоботи умумии ахир дар Фаронса аз эрониёне, ки қасди азимат ба ин кишварро доранд, хост, барномаи сафарашонро ба замони дигаре мавкул кунанд.