Ҷустуҷу
-
Jun 13, 2018
Туркӣ Алмоликӣ, сухангуи эътилофи саудии зидди Яман эълом кард, ки токунун 149 фарванд мушак аз Яман ба сӯи Арабистон шиллик шудааст.
-
Jun 02, 2018
Борис Ҷонсон, вазири хориҷаи Бритониё эътироф кард, ки кишвараш бо эъзоми неруҳои низомӣ ба Арабистон дар ҷанги Яман, мушорикат дорад. Ҷонсон эълом кард, ки ин неруҳо зери назари эътилофи Саудӣ нестанд, балки мустақиман аз Лондон дастур мегиранд, вай таъкид кард, ки дар гуфтугӯи ахири худ бо Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Саудӣ ба вай итминони хотир дода, ки Бритониё худро дар баробари амнияти Арабистон масъул медонад.
-
Май 23, 2018
Пас аз даргириҳое, ки миёни Иморот ва Арабистон ва ҳамчунин миёни Иморот ва давлати мустаъфии Яман рух дод, нерӯҳои иморотӣ ва Қатар низ дар шаҳри Таиз дар ҷануби Яман даргир шуданд, ки чандин нафар аз тарафайн дар ин даргириҳо кушта ва захмӣ шуданд.
-
Май 12, 2018
Як хабарнигори яманӣ дар як барномаи зиндаи телевизионӣ, пораҳои бомбаҳои хӯшаиро, ки Арабистон дар пойтахти Яман истифода кардааст, ба намоиш гузошт.
-
Май 07, 2018
Дар паи ҳамалоти ҷангандаҳои мутаҷовизи Саудӣ ба сохтмони дафтари раёсатҷумҳурии Яман дар Санъо, омори қурбониёни ин ҳамалот ба 66 кушта ва захмӣ расид.
-
Май 05, 2018
Иттиҳодияи асҳоби расона дар Яман, таҳқиқот дар бораи ҷиноёти эътилофи мутаҷовизи Саудӣ, алайҳи асҳоби расона дар Яманро хостор шуд.
-
Apr 28, 2018
Рӯзномаи лубнонии ал-Ахбор номаеро мунташир кардааст, ки аз талоши Муҳаммад бин Салмон валиаҳди Арабистон барои интиқол ҷанг аз Яман ба Лубнон ҳикоят дорад.
-
Apr 24, 2018
Вазорати дифоъ ва ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Яман эълом карданд ба ҷинояти террори Солеҳ ас-Самод раиси шӯрои олии сиёсии Яман посухи муносиб ва кӯбанда хоҳанд дод.
-
Apr 24, 2018
Манобеи яманӣ навори лаҳзаи шаҳодати Солеҳ Самод, раиси Шӯрои олии сиёсии Яманро дар ҳамалоти ҳавоии Арабистон мунташир карданд.
-
Apr 23, 2018
Теъдоди қурбониёни ҳамлаи ахири ҷангандаҳои эътилофи мутаҷовизи Саудӣ ба як маросими арусӣ дар устони Ҳаҷҷа дар ғарби Яман, ба 88 кушта ва захмӣ расид.
-
Apr 22, 2018
Нерӯҳои амниятии Яман, як анбори таслиҳоти муздурони режими Оли Саудро дар шимоли Яман мунҳадим карданд.
-
Apr 07, 2018
Масъули равобити байналмилалии Шӯрои сиёсии Ансоруллоҳи Яман таъкид кард, суханони валиаҳди Арабистон беш аз он ки Саудӣ бошад, саҳюнистӣ аст ва бахше аз тарҳи Ховари Миёнаи ҷадид аст.
-
Apr 06, 2018
Дар амалиёти нерӯҳои Яман дар ғарби ин кишвар ҳудуди 100 низомии судонии узви эътилофи мутаҷовизи Саудӣ ба ҳалокат расиданд ва даҳҳо нафари дигар захмӣ шуданд
-
Apr 03, 2018
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ҳушдор дод, Яман шоҳиди бузургтарин фоҷеаи инсонӣ дар ҷаҳон аст.
-
Apr 03, 2018
Малик Салмон, шоҳи Арабистон дар гуфтугӯ бо раисҷумҳури Амрико аз баёнияи Кохи Сафед дар ҳимоят аз ҷанги эътилофи Саудӣ бо мардуми Яман қадрдонӣ кард. Ҳамзамон бо сафари Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Саудӣ ба Вашингтон, ки нахустин бор пас аз интисоб ба ин симмат дар моҳи марти соли 2018 анҷом шуд, Кохи Сафед тайи баёнияе аз ҷанги Арабистон дар Яман ҳимоят кард.
-
Mar 25, 2018
Вазорати ҳуқуқи башари Яман дар гузорише ба муносибати оғози чаҳорумин соли таҷовузи низомии режими Саудӣ ва ҳампаймононаш ба Яман эълом кард, дар ин таҷовузи сесола 38 ҳазору панҷсад ғайринизомӣ кушта ва ё захмӣ шудаанд.
-
Feb 28, 2018
Раисҷумҳури исломии Эрон ба ибрози таассуфи Аврупо ва ҷаҳон дар бораи авзои Яман бидуни иқдоми амалии онон, вокуниш нишон дод.
-
Feb 28, 2018
Дар ҳоле, ки 150 ҳазор кӯдаки яманӣ ба гуфтаи Созмони милал дар навбати марг ҳастанд, нишасти ахири Шӯрои амният дар бораи Яман бо қадрдонии Амрико аз Арабистон поён ёфт.
-
Feb 28, 2018
Масъули амалиёти кумакрасонии Созмони Милали Муттаҳид ҳушдор дод, шароити зиндагӣ дар Яман ба иллати ҷанги Арабистон ва бо таваҷҷуҳ ба афзоиши хатари қаҳтӣ ва вабо, фоҷеабор шудааст.
-
Feb 27, 2018
Мардуми Яман бо таҷаммуъ баробари дафтари Созмони милал дар пойтахти ин кишвар муҳокимаи Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди Арабистонро хостор шуданд.