Ҷустуҷу
-
Feb 26, 2020
Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон итминон дод, дар қаламрави Тоҷикистон то ба ҳол ҳеҷ фарди мубтало ба вируси “корона” мушоҳида нашудааст.
-
Feb 26, 2020
Чор шаҳрванди Тоҷикистон дар асари тасодуфи ронандагӣ дар устони Актоба дар ғарби Қазоқистон ҷон бохтанд.
-
Feb 22, 2020
Як коргари муҳоҷири тоҷик ба иллати сарозер шудан аз сохтмон дар Русия кушта шуд.
-
Feb 22, 2020
Садҳо нафар дар Тоҷикистон ба ( андомҳои маснуӣ ) ё пратези поҳо ва бозу ниёзманд ҳастанд.
-
Feb 22, 2020
Мудири ширкати давлатии Барқи тоҷик аз бахшидани қарзи 1 миллиард сомонии ин ширкат дар соли гузашта хабар дод.
-
Feb 17, 2020
Муовини аввали фармонеҳи нерӯи марзбонии Қирғизистон иддаои раиси Идораи полиси вилояти Суғди Тоҷикистонро бар асоси таърихӣ будани заминҳои вилояти Ботканд рад кард.
-
Feb 12, 2020
Додгоҳи ноҳияи Черёмушкинои шаҳри Маскав, ҳукми боздошти як табааи Тоҷикистонро, барои интишори навори шайтанатомези саҳнасозии хурӯҷи коронавирус дар шабакаҳои иҷтимоӣ содир кард.
-
Feb 12, 2020
Мизони бадеҳии ширкати "Барқи Тоҷик" дар соли 2019 ба нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-1" афзоиш ёфт.
-
Feb 10, 2020
Устоди донишгоҳи муштараки Русия ва Тоҷикистон ва коршиноси умури муҳоҷират муътақид аст, ки то 10-15 соли оянда Русия ҳамчунон кишвари пазирои коргарони муҳоҷири тоҷик хоҳад буд.
-
Feb 10, 2020
Мақомоти Идораи полиси вилояти Маскав эълом кардаанд як хонаводаи тоҷикистонии дорои 11 фарзанд метавонад зудтар аз мавъуд шаҳрвандии Русияро дарёфт кунад.
-
Feb 08, 2020
Вазири нави кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон ибрози умедворӣ кардааст, ки ҳукумати Русия тарҳи давлати Душанберо дар бораи авфи коргарони ихроҷии тоҷик тасвиб кунад.
-
Feb 08, 2020
Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар сафари расмӣ ба Малайзия бо донишҷуёни тоҷик дар Куала - Лумпур дидор ва гуфтугу кард.
-
Feb 08, 2020
Муъовини мудири ширкати ҳавопаймоии Тоҷик Эйри Тоҷикистон гуфт : 246 корманди ин ширкат ихроҷ ва ё бознишаста шуданд.
-
Feb 06, 2020
Масули Кумитаи давлатии умури дин ва танзими ҷашн ва марсими Тоҷикистон гуфт ; ҳануз таҳқиқоти ин ниҳод аз далер Шарипов рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик тамом нашудааст.
-
Feb 06, 2020
Рӯзноманигори саршиноси тоҷик барои озодии машрути яке аз ҳамкорони зиндонии худ дар Тоҷикистон 6 ҳазор сомонӣ пардохт кард.
-
Feb 06, 2020
Раиси Банки миллии Тоҷикистон гуфт; коргарони муҳоҷири тоҷик дар соли гузаштаи милодӣ 2 , миллиарду 700 миллион доллар даромади худро аз Русия ба Тоҷикистон интиқол доданд.
-
Feb 02, 2020
Ҷомеаи журналистӣ ва фаъолони мадании Тоҷикистон ба боздошти хабарнигори тоҷик, Далер Шарипов вокуниш нишон доданд. Маъракаи "Озодӣ ба Далер" дар шабакаи иҷтимоии Facebook низ роҳандозӣ шудааст.
-
Feb 01, 2020
Вакилони Далер Шарипов рӯзноманигори тоҷик аз додгоҳ дархост карданд ,ки ҳукми боздошти мувақати думоҳаи вайро лағв кунад.
-
Jan 30, 2020
Кормандони идораи амнияти миллии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе як рӯзноманигори тоҷикро бозҷӯӣ карданд.
-
Jan 28, 2020
Бо гузашти ҳудуди як моҳ аз боздошти теъдоде аз аъзои Ихвонулмуслимин, мақомоти Тоҷикистон барои нахустин бор дар ин бора изҳори назари расмӣ карданд.