Ҷустуҷу
-
Dec 17, 2021
Давлати муваққати Толибон ба иштибоҳ 800 ҳазор доллар ба ҳисоби Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон ворез кард.
-
Dec 07, 2021
Муовини дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ муътақид аст, ки баргузории размоишҳои муштараки низомии кишварҳои узви ин ниҳод муҷиби тақвияти марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ва барқарории субот дар ин минтақа шуд.
-
Nov 26, 2021
Бо мусоидати давлати Тоҷикистон, кумакҳои башардӯстона ба Афғонистон оғоз шуд.
-
Nov 18, 2021
Муовини аввали раиси вилояти Бадахшони Тоҷикистон аз сохти сад дар ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшони Афғонистон ибрози нигаронӣ кард.
-
Nov 04, 2021
Масъули равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ҳузури Аҳмад Масъуд дар Тоҷикистонро рад кард.
-
Nov 01, 2021
Гузоришҳо баёнгари он аст, ки дафтари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба раҳбарии Аҳмад Масъуд дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон гушоиш ёфтааст.
-
Oct 30, 2021
Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия ва Сироҷиддин Муҳриддин ҳамтои тоҷикистонии вай дар гуфтугӯи телефонӣ дар хусӯси авзоъи Афғонистон ва ҳамкориҳои ду кишвар гуфтугӯ ва табодули назар карданд.
-
Oct 30, 2021
Муовини сиёсии вазири дифои Амрико гуфт, ин кишвар дар ҳоли ройзанӣ бо намояндагони Узбекистон, Тоҷикистон ва соири кишварҳо барои анҷоми ҳамлаи алайҳи гурӯҳҳои террористии фаъол дар Афғонистон аст.
-
Oct 28, 2021
Тоҷикистон аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ хост то иқдомоти фавриро барои тазмини сулҳу субот дар Афғонистон иттихоз кунад.
-
Oct 27, 2021
Ожонси давлатии омори Тоҷикистон эълом кард, тайи 9 моҳи соли ҷорӣ ин кишвар бо Афғонистон 76 миллиону 700 ҳазор доллар табодулоти тиҷорӣ доштааст.
-
Oct 15, 2021
Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ размоиши муштаракеро дар навоҳии марзии Афғонистон бо Тоҷикистон баргузор мекунад.
-
Oct 14, 2021
Созмони паймони амнияти ҷамъӣ барои афзоиши омодагии худ ҷиҳати муқобила бо таҳдидоти воқеъӣ аз ҷониби Афғонистон размоиши муштаракеро дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон анҷом медиҳад .
-
Oct 14, 2021
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар сафар ба Туркия, мавозеи мақомоти Тоҷикистон дар қиболи авзои Афғонистонро эълом кард.
-
Sep 29, 2021
Ожонси давлатии омори Тоҷикистон эълом кард, ин кишвар дар моҳи август бо Афғонистон 12 миллиону 300 ҳазор доллар табодулоти тиҷорӣ доштааст.
-
Sep 24, 2021
Халабонҳое, ки аз Афғонистон ба Тоҷикистон фирор кардаанд, ҳанӯз ҳам дар бесарнавиштӣ ба сар мебаранд.
-
Sep 24, 2021
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханронии видеоконфронсии худ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид, бар зарурати ташкили давлати фарогир ва баргузории ҳамапурсӣ барои таъйини сохтори давлат дар Афғонистон таъкид кард.
-
Sep 22, 2021
Вазири хориҷаи Тоҷикистон дар ҳамоиши таъмини амният дар Афғонстон ширкат ва суханронӣ кард.
-
Sep 11, 2021
Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо роҳбари Намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон мулоқот кард.
-
Sep 10, 2021
Сафири Тоҷикистон дар Кобул дар дидор бо намояндаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури Афғонистон мавзеи Душанберо дар бораи ҳукумати Толибон тавзеҳ дод.
-
Sep 10, 2021
Раиси Ситоди муштараки Неруҳои мусаллаҳи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) аз баргузории размоиши неруҳои зудамали ин созмон дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон хабар дод.