Ҷустуҷу
-
Jun 19, 2020
Бо вуҷуди мухолифати Чин ва Русия, қатъномаи тройкаи Аврупо алайҳи Эрон дар нишасти фаслии Шӯрои ҳуккоми Ожонси Байналмилалии энержии атомӣ тасвиб шуд.
-
Jun 18, 2020
Раиси Комиссияи Аврупо бар лузуми ҳамкории ҷомеаи ҷаҳонӣ барои кашфи ваксинаи бемории коронавирус таъкид кард.
-
Jun 18, 2020
Русия бо таъкид бар лузуми ҳалли масъалаи пешомада миёни Эрон ва Агентии байналмилалии энергияи атомӣ, аз бузургнамоии он интиқод кард.
-
Jun 18, 2020
Ҷамъе аз намояндагони Парлумони Ироқ, бар лузуми ихроҷи низомиёни амркиоӣ аз он кишвар, бар асоси мусаввабаи Парлумони Ироқ таъкид кард.
-
Jun 18, 2020
Вазорати умури хориҷаи Эрон бо ишора ба чигунагии бархӯрд бо мӯътаризон дар Амрико таъкид кард: Вақти он фаро расидааст, ки ҷаҳон бар посухгӯ кардани режими Амрико дар заминаи ҳуқуқи башар дар дохил ва хориҷи ин кишвар тамаркуз кунад.
-
Jun 18, 2020
Муҳақиқони эронӣ таркиби се доруи Преднизулун ,напруксен , Азитрумойсин ро истифода , барои беҳбуди беморони Коронаи эълон карданд,ки дирӯз Созмони Тандурустии Ҷаҳонӣ ин дармонро таъйид кард.
-
Jun 18, 2020
Русия барои хариди маҳсулоти ғизоӣ ва тақвияти тарҳи тағзияи ройгони донишомӯзони мактабҳои Тоҷикистон 21 миллион доллар ба ин кишвар кумак мекунад.
-
Jun 18, 2020
Се ғайри низомии афғон бар асари таркиши бомб канори ҷодае дар шарқи Афғонистон , кушта шуданд.
-
Jun 18, 2020
Ситоди муқобила бо Коронаи Тоҷикистон эълон кард аз 20 июн баргузории маросими туйҳо дар ин кишвар муҷоз аст.
-
Jun 18, 2020
Ширкати ҳавопаймоии Тоҷик Эйр парвози ҳавопаймои мусофириро аз Душанбе ба мақсади Хоруғро оғоз кард.
-
Jun 17, 2020
Вазорати гардишгарии Ғано (Гана) бо ишора ба нажодпарастии ниҳодинашуда дар Амрико, аз сиёҳпӯстони амрикоӣ даъват кард, ба кишвари Ғано муҳоҷират кунанд.
-
Jun 17, 2020
Бархилофи дигар минтақаҳои Тоҷикистон маҳдудиятҳои коронаӣ дар вилояти Бадахшон тамдид шуд.
-
Jun 17, 2020
Сафорати Чин дар Душанбе аз таҳвили севумин бахши кумакҳои башардӯстонаи ин кишвар ба Тоҷикистон барои муқобила бо вируси корона хабар дод.
-
Jun 17, 2020
Имзои фармони иҷроии “Ислоҳи сохтори полис” аз сӯи раисҷумҳури Амрико ва идомаи эътирозот ба сиёсати табъизи нажодӣ дар ин кишвар мавзӯе аст, ки ҳамкорамон Қосимӣ ба он пардохтааст.
-
Jun 17, 2020
Ситоди муқобила бо вируси корона дар Тоҷикистон барои барқарории дубораи парвози ҳавопаймоҳои мусофирии ин кишвар бо Узбакистон ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ аз аввали моҳи июли соли ҷорӣ муҷаввиз дод.
-
Jun 17, 2020
Луко Буриливич, раиси утоқи бозаргонии Хорватия рӯзи сешанбе дар дидори Парвизи Исмоилӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Загриб, бар алоқамандии давлат, миллат ва бахши хусусии Хорватия бар тавсеаи ҳамаҷонибаи равобит бо Эрон таъкид кард.
-
Jun 17, 2020
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо интиқод аз таъсирпазирии Созмони Милали Муттаҳид гуфт, Арабистони Саудӣ бо пул ва Амрико бо қулдурмаобӣ, созукорҳои байналмилалиро ба масхара гирифтаанд.
-
Jun 16, 2020
Мақомоти Русия бо додани имтиёз барои тамдиди иқомати коргарони хориҷӣ мувофиқат карда, аммо хостори пардохти патент бо муҷаввизи кор шудааст.