Ҷустуҷу
-
Oct 09, 2018
Кумитаи давлатии рушди гардишгарии Тоҷикистон талош дорад дар соли 2020 теъдоди гардишгарони хориҷиро, ки ба ин кишвар ворид мешаванд, ба як миллион нафар бирасонад.
-
Oct 08, 2018
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Диловар Гулов, писари Шералӣ Гул, вазири собиқи саноат ва энергетикаи Тоҷикистон ва ҳамдастонашро ба иттиҳоми лату куби як маъмури пулис ба 5 сол зиндон маҳкум кард.
-
Oct 08, 2018
Мақомоти Тоҷикистон ва Ҳинд 10 санади ҳамкорӣ ба имзо расонданд.
-
Oct 08, 2018
Дар маросими истиқболи расмии Эмомалӣ Раҳмон аз раисиҷумҳури Ҳинд дар ҳавои боронии Душанбе, раисиҷумҳурии Тоҷикистон бар сари меҳмони худ чатр гирифт.
-
Oct 08, 2018
Шаби Абулқосим Лоҳутӣ рӯзи 8 октябр дар Теҳрон баргузор мешавад.
-
Oct 08, 2018
Конфронси «шахсият, ирфон, калом ва инсонгароии Мавлоно Ҷалолуддин Румӣ» дар Қирғизистон ба мизбонии сафорати Эрон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Туркия баргузор шуд.
-
Oct 08, 2018
Раисҷумҳури Туркия гуфт, сарнавишти Ҷамол Хошиқчӣ, рӯзноманигори мунтақиди режими Саудиро дар болотарин сутуҳ пайгирӣ мекунад.
-
Oct 08, 2018
Намояндагони Маҷлиси Шӯрои исломӣ рӯзи якшанбе бо пайвастани Эрон ба Конвенсияи байналмилалии муқобила бо таъмини молии терроризм (CFT) мувофиқат карданд.
-
Oct 08, 2018
Бар асари инфиҷорҳои террористӣ дар Бағдоди пойтахти Ироқ се ғайринизомии ироқӣ кушта шуданд.
-
Oct 08, 2018
Созмони афви байналмилал аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, дар баробари саркуби мухолифони ақидатӣ аз сӯи мақомҳои Арабистон сукут накунанд ва ба Риёз фишор оваранд, то парвандаи мубҳами рӯзноманигори арабистонӣ рамзгушоӣ шавад.
-
Oct 07, 2018
Ҳамкорамон Халилӣ дар гузорише вижа ба ин мавзуъ пардохтааст:
-
Oct 07, 2018
Раиси тозамансубшудаи вилояти Бадахшон барои ҷазби кумаки 57 миллиондолларии Бонки Ҷаҳонӣ бо намояндагони ин ниҳоди молӣ дар шаҳри Хоруғ музокира кард.
-
Oct 07, 2018
Маркази пажӯҳишҳои роҳбурдии вобаста ба ниҳоди раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон бар зарурати коҳиши ҳазинаи судури шиносномаи хориҷӣ барои шаҳрвандони ин кишвар таъкид кард.
-
Oct 06, 2018
Сандуқи Байналмилалии Пул (IMF) лағви муҷаввизи ду бонки бузурги Тоҷикистонро хостор шуд.
-
Oct 06, 2018
Додгоҳи олии Тоҷикистон пушти дарҳои баста ва ба сурати ғоибон Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломиро ба ҳабси тӯлонимуддат маҳкум кард.
-
Oct 06, 2018
Раиси бахши матбуоти Додситони кулли Узбакистон гуфт, додситонӣ аз тариқи ройзан(машварат)-ӣ бо Лондон, истирдоди дороиҳои марбут ба Гулнора Каримоваро, ки муттаҳам ба фасод аст, баррасӣ мекунад.
-
Oct 06, 2018
Масоили марбут ба тавсеаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ дар Душанбе баррасӣ шуд.
-
Oct 06, 2018
“Бар боли андеша” маҷмуъа барномае аст, ки бо ҳадафи ташвиқи мардум ба мутолиаи китоб ба муъаррифии бузургтарин нависандагони дунё ва осори онҳо мепардозад. Ин барнома рӯзҳои ҷумъа аз радиои тоҷикии Садои Хуросон пахш мешавад.
-
Oct 06, 2018
Пас аз ду рӯзи бекор шудани маҳдудияти интиқоли барқ дар Тоҷикистон, аз рӯзи 5 – уми октябри соли ҷорӣ ҷирабандӣ (маҳдудият) -и дубораи барқ шуруъ шуд.
-
Oct 06, 2018
Раиси тозатаъйини вилояти Бадахшон гуфт, тамоми силоҳҳои ғайриқонунии ин минтақа то 15 –уми октябри соли ҷорӣ ҷамъоварӣ хоҳад шуд.