Ҷустуҷу
-
Dec 28, 2016
Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Амрико рӯзи сешанбе, 27 декабр гузоришҳо мунташиршударо дар мавриди тасмими Вашингтон барои муҷаҳҳаз кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи фаъол дар Сурия бо дӯшпартобҳо (ПЗРК)-и зиддиҳавоӣ такзиб кард. Марк Тонер дар айни ҳол бо мазҳака хондани иддаои Эрдуғон дар робита ба ҳимояти Ғарб ва Амрико аз ДИИШ ба изҳороти раисҷумҳури Туркия вокуниш нишон дод.
-
Dec 27, 2016
Амрико бо фурӯши 40 миллиард доллар таслиҳот дар соли 2015, ҷойгоҳи худро ба унвони бузургтарин содиркунандаи ҷангафзор дар ҷаҳон ҳифз кард.
-
Dec 27, 2016
Дар остонаи соли ҷадиди мелодӣ Сафорати Амрико ба шаҳрвандони худ дар Тоҷикистон дар бораи эҳтимоли вуқуи ҳамалоти террористӣ ҳушдор додааст.
-
Dec 21, 2016
Вазорати хазонадории Амрико эълом кард, ки ҳафт шахсияти ҳақиқӣ, ҳашт шахсияти ҳуқуқӣ ва ду киштӣ ба феҳристи таҳримҳои Амрико зидди Русия афзуда шудааст.
-
Dec 21, 2016
Ҷон Кирби сухангӯи вазири хориҷаи Америко иддаои мақомоти Туркияро дар бораи террори сафири Русия дар ин кишвар аҳмақона ва нодуруст хонд.
-
Dec 20, 2016
Вазорати умури хориҷаи Амрико шаби гузашта Сафорати ин кишвар дар Анкараро таътил кард.
-
Dec 19, 2016
Қоим мақоми вазири роҳ ва шаҳрсозии Эрон дар умури байналмилал гуфт: Амрико барои марҳалаи нахуст муҷаввизи фурӯши 15 фарванд ҳавопайморо ба ширкати "Эронэйр" содир кардааст.
-
Dec 18, 2016
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, иқдомоти ахири Амрико, ба вижа тамдиди қонуни "ICO" муғойир бо Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (Барҷом ) аст.
-
Dec 15, 2016
Раисҷумҳури Сурия гуфт, ҳамлаи террористҳои ДИИШ ба шаҳри бостонии Тадмур бо «чароғи сабз»-и Амрико анҷом шудааст ва нерӯҳои ин кишвар ҳеҷ иқдоме барои мубориза бо террористҳо анҷом надоданд.
-
Dec 15, 2016
Виталий Чуркин, намояндаи Русия дар Созмони милал эълом кард, мудохилаи Амрико дар Ироқ ва Сурия, мунҷар ба пайдоиши ДИИШ ва терроризм дар минтақаи Ховари миёна шудааст.
-
Dec 13, 2016
Кремлин аз интихоби Рекс Тиллерсон, ба унвони вазири умури хориҷаи кобинаи Доналд Трамп истиқбол кард.
-
Dec 13, 2016
Дар паи нақзи БАРҶОМ аз тарафи Амрико, раисҷумҳури исломии Эрон дастурҳоеро барои иҷрои роҳкорҳои пешбинишуда дар БАРҶОМ содир кард.
-
Dec 10, 2016
Конгресси Амрико дар лоиҳае бо сароҳат ҳимояти ҳукумати ин кишварро аз ДИИШ, “ал-Қоида”, “Ҷабҳат-ун-нусра” ва кишварҳои ҳомии онҳо мамнӯъ кардааст.
-
Dec 09, 2016
Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон гуфт, посухи низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон ба коршиканиҳои Амрико дар қиболи Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) қотеъ ва кӯбанда хоҳад буд.
-
Dec 08, 2016
Музокираи вазирони умури хориҷаи Амрико ва Русия дар бораи таваққуфи даргириҳо дар Ҳалаб шимоли Сурия, бидуни ҳеч гуна натиҷае поён ёфт.
-
Dec 07, 2016
Намояндаи доими ҷумҳурии исломии Эрон дар номае ба дабири кулли Созмони милал эълом кард: Давлати Эрон мусаввабаи ахири Конгресси Амрико ва тамдиди қонуни таҳрими Эрон (ISA) то поёни соли 2026-ро муғойири тааҳҳудоти Амрико бар асоси БАРҶОМ медонад.
-
Dec 05, 2016
Гузориши ҷадид ҳокӣ аст, Амрико ва Англия имкони ирсоли маҳмулаҳои кумакии ҳавоӣ ба манотиқи таҳти контроли террористҳо дар шаҳри Ҳалаби Сурияро баррасӣ кардаанд.
-
Dec 04, 2016
Тирандозӣ дар ҷануби шаҳри Лос Анҷелес, иёлати Калифорнияи Амрико дастикам шаш кушта бар ҷой гузошт.
-
Dec 04, 2016
Барномаи “ якрӯз бо ҳиҷоб” бо ҳадафи эҷоди шинохти беҳтар аз ҳиҷоб барои ғайримусулмонони Амрико дар донишгоҳи Висконсини ин кишвар баргузор шуд.
-
Dec 04, 2016
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон дар баробар ҳар гуна бадаҳдӣ, таъхир ё нақз дар иҷрои Барномаи ҷомеъи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) қотеъона амал хоҳад кард.