Ҷустуҷу
-
Apr 15, 2019
Раиси Комиссиюни ҳуқуқи башари Афғонистон аз тасмими Девони Байналмилалии Кайфарии Лоҳа (Гаага) ба хотири таваққуфи баррасии ҷиноёти ҷангии ишғолгарони амрикоӣ дар ин кишвар ибрози таассуф кард.
-
Apr 15, 2019
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рӯзи душанбе дар дидори ширкаткунандагон дар мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карим гуфтанд, бархе сарони кишварҳои исломӣ ба дастуроти қуръонӣ амал намекунанд ва навкару дунболарави Амрико ва саҳюнистҳо ҳастанд.
-
Apr 15, 2019
Афзоиши нархи Интернет дар Тоҷикистон, ки қарор аст ба дастури ҳукумати ин кишвар аз ҳафтаи оянда иҷроӣ шавад, бо вокунишҳои эътирозии густурдае дар дохилу хориҷ аз ин ҷумҳурӣ рӯбарӯ шудааст.
-
Apr 14, 2019
Ширкаткунандагон дар 36-умин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони карим бо ҳузур дар марқади мутаҳҳари Имом Хумайнӣ (раҳ.) ба мақоми волои бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон адои эҳтиром карданд.
-
Apr 14, 2019
Ҳукумати Тоҷикистон ба ширкатҳои хадамоти интернетӣ дар ин кишвар дастур додааст, ки фармони афзоиши нархи интернетро бидуни қайду шарт иҷро кунанд.
-
Apr 13, 2019
Сайид Аббоси Мусавӣ ба унвони ёздаҳумин сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон мансуб шуд.
-
Apr 13, 2019
Бар асари инфиҷори террористӣ дар наздикии марзи Чамани иёлати Балучистони Покистон як нафар кушта шуд.
-
Apr 13, 2019
Дар идомаи эътирозот ба иқдоми хасмона ва ғайриқонунии Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико дар террористӣ хондани Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ; мардуми Эрон пас аз иқомаи намози ҷумъа бо баргузории роҳпаймоӣ дар саросари кишвар, ҳимояти худро аз ин ниҳод эълом карданд.
-
Apr 13, 2019
Узви Комиссияи марказии интихоботи Қазоқистон аз ҳузури ҳудуди 1700 нозир дар интихоботи зудҳангоми раёсати ҷумҳурии ин кишвар хабар дод.
-
Apr 13, 2019
Намояндаи Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар Сурия гуфт, ҷиноятҳои Амрико дар манотиқи мухталифи ҷаҳон исбот мекунад, ки ин кишвар бузургтарин давлати террорист дар ҷаҳон аст.
-
Apr 12, 2019
Бар асари инфиҷори бомба дар шаҳри Кувейта маркази иёлати Балучистони Покистон, ҳашт нафар кушта шуданд.
-
Apr 11, 2019
Ҷангали Ҳотам Мишосӣ дар си километрии ҷануби ғарбии Мишгин шаҳр (дар шимоли ғарби Эрон) қарор дорад, ки як минтақаи ҳифозат шуда буда ва зистгоҳи бисёр муҳимме барои анвоъи вуҳуш ва парандагон низ ба шумор меравад.
-
Apr 11, 2019
Ширкати тилифони ҳамроҳи Русия ба далели поймолсозии ҳуқуқи сармоягузорони хориҷӣ тавассути Туркманистон дархости 1.5 миллиард доллар ғаромат кард.
-
Apr 11, 2019
Мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон аз боздошти Хайрулло Раҳимов собиқ мудири кулли ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" хабар додаанд.
-
Apr 10, 2019
Бо гузашти беш аз як моҳ аз судури дастури Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар бораи афзоиши қимати хадамоти интернетӣ ва телефони ҳамроҳ, баҳсҳое дар ин замина матраҳ аст.
-
Apr 10, 2019
Дастёри раёсати Сенати Қазоқистон гуфт, ки духтари Назарбоев дар интихоботи зудҳангоми раёсатҷумҳурии ин кишвар ширкат намекунад.
-
Apr 10, 2019
Вазири умури хориҷаи Ҷопон иқдоми раисҷумҳури Амрико, Доналд Трамп дар террористӣ хондани Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эронро ғайри қобили қабул донист.
-
Apr 10, 2019
Вазири умури хориҷаи Туркия рӯзи сешанбе дар конфронси хабарии муштарак бо ҳамтои қатарии худ дар Анкара, дар вокуниш ба иқдоми давлати Амрико дар қарор додани номи Сипоҳи посдорон дар рӯйхати гурӯҳҳои террористӣ гуфт: Мо тасмимоти якҷонибаро тасдиқ намекунем.
-
Apr 09, 2019
Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ иллати хусумати амрикоиҳо бо Сипоҳи посдоронро пешгомии он нерӯ дар дифоъ аз кишвар ва инқилоб хонданд ва хотирнишон карданд, Амрико ва душманони нодон чиҳил сол аст, ки ҳар чӣ дар тавон доштанд, алайҳи ҷумҳурии исломӣ ба кор бастанд, аммо ҳеҷ ғалате натавонистанд бикунанд.
-
Apr 09, 2019
Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон душанбешаб иқдоми ахири Амрико дар террористӣ эълом кардани сипоҳи Посдорони инқилоби исломиро ҳадияе ба нахуствазири режими саҳюнистӣ ва низ як моҷароҷуии хатарнок тавсиф кард.