Ҷустуҷу
-
Oct 22, 2016
Чин ба дунболи як тарҳи баландпарвозона аст, то бо сармоягузории 40 миллиард долларӣ бо истифода аз роҳи Абрешим, роҳи иртиботии сареъ ва роҳате барои дастрасӣ ба бозори Аврупо, Осиё ва Амрико барои худ фароҳам кунад
-
Oct 22, 2016
Нерӯҳои артиши Ироқ пас аз ҳамлаи террористии дирӯзи (ҷумъа) террористҳо ба шаҳри Каркук, кантроли комили ин шаҳрро бадаст гирифтаанд.
-
Oct 20, 2016
Сухангуи вазорати умури хориҷаи Эрон, иддаои генерали амрикоӣ бино бар нақши эҳтимолии Эрон, дар ҳамлаи мушакӣ ба киштиҳои амрикоӣ дар дарёи Сурхро ба шиддат рад кард.
-
Ҳимояти Маҷлиси Тоҷикистон аз ислоҳи қонуни ихтиёроти вижаи Кумитаи давлатии амнияти милли ин кишвар
Oct 19, 2016Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ислоҳи қонуни ихтиёроти вижаи Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишварро, ки бидуни доштани муҷаввиз дар ҳар соат аз шабонарӯз вориди манзили шаҳрвандон шаванд ва мавриди бозрасӣ қарор диҳанд, ҳимоят кард.
-
Oct 19, 2016
Нахустин барфи тирамоҳии имсол вилояти Суғди Тоҷикистонро сафедпуш кард.
-
Oct 18, 2016
Маҷмаи ҷаҳонии иқтисод дар тозатарин гузориши худ Тоҷикистонро дар байни 141 кишвари ҷаҳон аз назари шохиси рақобатпазирӣ дар ҷазби гардишгар дар радаи саду нуздаҳум қарор дод.
-
Oct 18, 2016
Сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон ба амрикоиҳо ҳушдор дод, ки муроқиби домҳое, ки дигарони барояшон дар минтақа паҳн мекунанд, бошанд.
-
Oct 18, 2016
Генерали бознишастаи амрикоӣ дар додгоҳи федералии Амрико ба интишори ахбори маҳрамона дар иртибот бо вируси "Stuxnet", ки барои ҳамалот ба барномаи ҳастаии Эрон тарроҳӣ шуда буд, эътироф кард.
-
Oct 18, 2016
Намояндаи вижаи Созмони милал дар умури Яман эълом кард, тарҳи оташбас дар ин кишвар аз бомдоди панҷшанбе оғоз мешавад.
-
Oct 18, 2016
Мудирияти муваққати Бонки содироти Тоҷикистон, ки як сол аст бо мушкили пардохти манобеи молӣ ба муштариёнаш рӯбарӯст, дар дидор бо намояндагони Сандуқи Байналмилалии Пул дар Душанбе, роҳҳои хуруҷ аз ин буҳронро мавриди баррасӣ қарор дод.
-
Oct 17, 2016
Дар ҳоле, ки фишорҳо бар Амрико ба манзури поёни ҳимоятҳо аз ҷанги Арабистони Саудӣ алайҳи яманиҳо идома дорад, Ҷон Керрӣ рӯзи якшанбе бар лузӯми оташбаси фаврии ҷанг дар Яман таъкид кардааст.
-
Oct 17, 2016
Иҷлоси панҷҷонибаи роҳи оҳанҳои Эрон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркия ва Туркманистон бо ҳадафи тавсеаи ҳамкориҳои рейлии байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупо дар Теҳрон оғоз ба кор кард.
-
Oct 17, 2016
Коршиносони умури иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мизи гирде мавонеи густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории ин минтақаро баррасӣ карданд.
-
Oct 17, 2016
Ҳамалоти беамони нерӯҳои низомӣ ва мардумии Ироқ ба мавозеи такфириҳои ДИИШ, барои озодсозии Мусил оғоз шудааст.
-
Oct 16, 2016
Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия бар идомаи сиёсати таъқиби мухолифони сиёсии давлати Анкара дар дохил таъкид кард.
-
Oct 15, 2016
Намояндаи Русия дар Созмони Паймони Аҳдномаи Дастаҷамъӣ гуфтааст, ки кишварҳои узви ин паймон барои пешгирӣ аз пайвастани шаҳрвандон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва ҳамчунин бозгашти онҳое, ки дар хориҷ омӯзишҳои террористӣ дидаанд, тадобири вижа дар назар гирифтааст.
-
Oct 14, 2016
Ҳайате муташаккил аз тоҷирони эронӣ ва намояндагони 15 ширкати санъатӣ ва тиҷории Эрон бо ҳадафи бозорёбӣ ва тавсеаи муносиботи иқтисодӣ вориди Тоҷикистон шуд.
-
Oct 14, 2016
12 нафар соҳибкорони вилояти Хатлон аз сеюмин Намоишгоҳи молҳои саноатии Ҷумҳурии Халқии Хитой дар шаҳри Ӯрумчӣ дидан намуданд.
-
Oct 14, 2016
Раиси ҷумҳурии Миср дар вокуниш ба эътирозоти ахири Арабистон дар қиболи мавозеи Қоҳира дар бораи Сурия гуфт, давлати Миср дар нобудии ҳеҷ кишваре шарик намешавад.
-
Oct 13, 2016
Вазирони умури хорҷии Эрону Русия барои дувумин бор дар 24 соати гузашта дар бораи таҳаввулоти Сурия телефонӣ гуфтугӯ карданд.