Ҷустуҷу
-
Feb 17, 2021
Яке аз намояндагони порлумони Иттиҳодияи Аврупо, мавзӯот ва интиқодоти шадидеро дар бораи иддаои ҳимоят аз ҳуқуқи башар дар Ғарб, матраҳ кард.
-
Feb 17, 2021
Раиси Оҷонси давлатии мубориза бо фасоди Тоҷикистон дар бораи боздошти яке аз мудирони ширкатҳое, ки дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун фаъолият мекунанд, бо иттиҳоми азхудкунӣ хабар дод.
-
Feb 17, 2021
Ҳокими вилояти Суғд эълом кард, ки шарти бозкушоии марзҳо бо Тоҷикистон ва Қирғизистон беҳбуди авзои бемории Ковиди 19 дар ин кишвари ҳамсоя мебошад.
-
Feb 17, 2021
Хӯҷа Каримов яке аз фармондеҳони пешини фронти халқии Тоҷикистон, ки ба куштани 20 нафар дар даврони ҷанги дохилии ин кишвар айбдор аст, дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии яке аз маъмурони ин марказро мавриди лату кӯб қарор дод.
-
Feb 16, 2021
Намояндаи вижаи ҳукумати Қирғизистон дар умури марзӣ эълом кард, ки музокирот бо Тоҷикистон дар бораи аломатгузории марзи муштараки ду кишвар дар даҳаи нахусти моҳи марти имсол азсар гирифта мешавад.
-
Feb 16, 2021
Як харгӯши боҳуш тавонист бо қудрати халоқияти фавқулоддааш як гурбаро, ки дар қафас афтода буд наҷот диҳад.
-
Feb 16, 2021
Вазири тандурустии Тоҷикистон аз бемористонҳои шаҳри Душанбе боздид кард.
-
Feb 15, 2021
Расонаҳои ироқӣ аз ҳадаф қарор гирифтани як корвони пуштибонии низомиёни амрикоӣ дар Сомиррои Ироқ хабар доданд.
-
Feb 15, 2021
Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия бо баёни ин ки дигар чизи зиёде аз равобити рӯ ба уфули Русия ва Аврупо боқӣ намондааст, таъкид кард: Раванди нузулии равобити Русия бо Аврупо солҳост, ки дар ҳоли вуқуъ аст ва Аврупо оғозгари он аст.
-
Feb 15, 2021
Бетаваҷҷуҳии ронандаи як триллӣ ё мошини боркаши бузург ба қоидаи ронандагӣ, дар яке аз роҳҳои яхзадаи Техас дар Амрико ҳодисасоз шуд.
-
Feb 15, 2021
Як мақоми баландпояи хадамоти андози Суғд аз шиносоӣ ва ҳабси чаҳор нафар дар шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Ҷаббор Расулов барои истихроҷи биткоин хабар дод.
-
Feb 15, 2021
Намояндаи нави Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон расман фаъолияти худро дар ин кишвар оғоз кард.
-
Feb 15, 2021
Намояндаи доми Русия дар созмонҳои байналмилалӣ, аз ҳамкории шарикони Русия барои муқобила бо Ковиди 19 истиқбол кард.
-
Feb 15, 2021
Садҳо миллион доллар ба бозаргонони Афғонистон ношӣ аз сӯхтори гумруки Исломқалъа хисорат ворид шудааст.
-
Feb 14, 2021
Нахустин бор дар 20 соли ахир бориши беисти барф дар 36 соъати гузашта дар Маскав сабаб шуда баландии барф дар пойтахти Русия ба беш аз 80 сантиметр бирасад .
-
Feb 14, 2021
Мудири идораи тафтишотии додситонии вилояти Суғд аз талоши ин ниҳод барои озодии як сокини ноҳияи Исфара, ки ба дархости Қирғизистон дар Русия боздошт шудааст, хабар дод.
-
Feb 13, 2021
Вазири меҳнат ва муҳоҷирати аҳолии Тоҷикистон дар бораи тафовути омори теъдоди коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия миёни Душанбе ва Маскав тавзеҳ дод.
-
Feb 13, 2021
Дафтари матбуотии дивизияи "209" Шоҳин дар шимоли Афғонистон эълом кард, ки 30 тан аз афроди Толибон бар асари таркиши бомбае. ки дар ҳоли сохташ будан кушта ва захмӣ шуданд.
-
Feb 13, 2021
Вазорати дифои Амрико аз бознигарии ин кишвар дар тавофуқ бо гурӯҳи Толибон хабар дод.
-
Feb 13, 2021
Як тасодуфи занҷираии ваҳшатнок дар яке аз роҳҳои яхзадаи Техас дар Амрико 130 мошини сабукрав ва мошини боркаш бо ҳам бархӯрд карданд, ки 6 тан кушта ва 36 нафар маҷрӯҳ шуданд.