Ҷустуҷу
-
Май 30, 2019
Раиси Маҷлиси хубрагони раҳбарии Эрон бар ҳузури бошукӯҳи мардум дар роҳпаймоии Рӯзи ҷаҳони Қудс барои муқобила бо душмании рӯзафзуни Амрико ва режими саҳюнистӣ таъкид кард.
-
Май 30, 2019
Раиси ҳайати намояндагии Эрон дар иҷлоси вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ (OIC), иттиҳомоти вазири умури хориҷаи Арабистон зидди Ҷумҳурии Исломии Эронро рад кард.
-
Май 30, 2019
Охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон ба ибтикори имом Хумайнӣ (р) бунёнгузори кабири ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи ҷаҳонии Қудс номгузорӣ шудааст.
-
Май 30, 2019
Коре аст аз гуруҳи сиёсии Радиои тоҷикии Садои Хуросон Дар ин маҷмуъа барнома қасд дорем ба масоил ва иттифоқоти муртабит бо исломҳаросӣ дар ҷаҳон ба вижа кишварҳои ғарбӣ бипардозем.
-
Май 30, 2019
337 тан аз олимон ва андешмандони аҳли суннати Эрон дар баёнияе эълом карданд, уммати исломӣ ва озодагони ҷаҳон дар шароите ба истиқболи рӯзи ҷаҳонии Қудс мераванд, ки чанголи душманони ғосиби саҳюнистӣ ҳамчунон ба хуни мазлумони бедифоъ оғиштааст.
-
Май 30, 2019
Таваҷҷуҳ ба мазлумиятҳо ва ҳаққи Фаластин ва пешгирӣ аз ба ҳошия рондани мавзӯи ишғоли ин хок...
-
Май 30, 2019
Раиси Созмони зиндонҳои Тоҷикистон аз ташкили 15 парвандаи ҷиноӣ алайҳи зиндониёни муқассир дар шуриши зиндони Роҳатӣ воқеъ дар ноҳияи Ваҳдат хабар дод.
-
Май 29, 2019
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон қонуни шароити ҷангӣ дар ин кишварро, ки аз сӯи ҳукумат ироа шуда буд, тасвиб кард.
-
Май 29, 2019
Теъдоде аз гурӯҳҳои мардумниҳод ва фаъолони иҷтимоӣ ва сиёсии Малайзия компайн ё маъракаи маҳкумияти таҳдид ва таҳримҳои Амрико зидди Эрон ва ҷангафрӯзиҳои Вашингтон дар минтақа ба роҳ андохтанд.
-
Май 29, 2019
Раиси Ташкилоти худгардони Фаластин бо наздик шудан ба нишасти Баҳрайн бо ҳадафи баррасии баҳси иқтисодии тарҳи амрикоии "Муомилаи қарн" гуфт, Муомилаи қарн ё муомилаи нанг ва нишасти иқтисодии Баҳрайн ҳарду ба ҷаҳаннам восил хоҳад шуд.
-
Май 29, 2019
Рамазони Шариф, раиси Ситоди Қудс ва интифозаи Шӯрои ҳамоҳангии таблиғотии исломӣ аз роҳпаймоии рӯзи Қудс дар 950 шаҳри кишвар хабар дод.
-
Май 29, 2019
Агентии давлатии омори Тоҷикистон эълом кард, ки дар чор моҳи нахусти имсол тавлидоти нохолиси миллии ин кишвар ба 17 миллиарду 900 миллион сомонӣ (муодили як миллиарду 800 миллион доллар) расидааст.
-
Май 29, 2019
Камёб шудани доллар дар Тоҷикистон мутақозиёни хариди ин навъ арзи хориҷиро водор кардааст, ки аз соати 4-и бомдод муқобили сохтмони Бонки тиҷории Қазоқистон дар шаҳри Душанбе саф истанд.
-
Май 28, 2019
Раисҷумҳури Тоҷикистон ва вазири дифои Русия имрӯз дар дидоре дар шаҳри Душанбе густариши ҳамкориҳои низомии дуҷонибаро баррасӣ карданд.
-
Май 28, 2019
Ба муносибати бисту панҷумин солгарди таъсиси нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон мадрасаи низомии "Курӯши Кабир" дар шаҳри Душанбе бо ҳузури раисҷумҳури ин кишвар ва шаҳрдори Душанбе ифтитоҳ шуд.
-
Май 28, 2019
“Осиёи марказӣ, Қафқоз дар ҳафтае ки гузашт”, корест аз гуруҳи сиёсии радиои тоҷикии Садои Хуросон. Шавқмандон ба вижабарномаҳои сиёсӣ метавонанд ин барномаро якшанбеҳо аз Садои Хуросон бишунаванд.
-
Май 27, 2019
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон охирин мӯҳлати таъвизи шиносномаҳои қадимӣ ва дарёфти корти миллиро дар ин кишвар даҳуми август эълом кард.
-
Май 27, 2019
Раиси Сандуқи ободонии манотиқи озодшудаи Ироқ аз терроризм гуфт, 147 ҳазор хона дар ҳамалоти гурӯҳи террористии ДИИШ ба Ироқ осеб дида ва ё ба таври комил тахриб шудааст.
-
Май 27, 2019
Тими мунтахаби куштии фарангии Ҷумҳурии Исломии Эрон ноибқаҳрамони мусобиқоти байналмилалии куштии фарангии Қазоқистон шуд.