Ҷустуҷу
-
Dec 09, 2018
Беш аз 362 ҳазор тон анвои маҳсулоти нафтӣ дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба арзиши 252 миллиону 800 ҳазор доллар ба Тоҷикистон ворид шудааст.
-
Dec 06, 2018
Вазири нафти Эрон гуфт: То замоне, ки Эрон бо таҳрим рӯ ба рӯст, дар ҳеҷ тавофуқе барои тавлид ширкат намекунад.
-
Nov 24, 2018
Вазорати бозаргонии Ҳинд аз афзоиши 36 дарсадии воридоти нафти ин кишвар аз Эрон дар моҳи октябр нисбат ба давраи мушобеҳи соли гузашта хабар дод.
-
Nov 16, 2018
Мақомҳои Арабистони Саудӣ аз тасмими Амрико барои муоф кардани ҳашт кишвар аз таҳримҳо алайҳи Эрон хашмгинанд ва дар ҳоли баррасии тарҳе барои коҳиши содироти нафт худ бо ҳадафи контроли қиматҳо ҳастанд.
-
Nov 02, 2018
Шабакаи Блумберг ба нақл аз мақомоти амрикоӣ гузориш дод, ки дар остонаи иҷрои таҳримҳои нафтӣ ва бонкӣ алайҳи Эрон, Вашингтон 8 кишварро аз таҳримҳои нафтӣ алайҳи Эрон маоф кардааст.
-
Oct 30, 2018
Шабакаи телевизионии ал-Маёдин зимни ироаи гузорише аз авзои даҳшатноки инсонӣ дар Яман ва бетаваҷҷӯҳии Созмони милали муттаҳид ва созмонҳои ҳуқуқи башарӣ ба ин авзоъ, ба муқоисаи суфраҳои рангини шайхои нафтӣ бо "ғизо"-и баъзе аз яманиҳо пардохтааст.
-
Oct 22, 2018
Пас аз чанд ҳафтаи хату нишон кашиданҳои мақомоти амрикоӣ барои содироти нафти Эрон, саранҷом вазири хазонадории Амрико эълом кард, ки ин кишвар барои харидорони нафт аз Эрон муофият дар назар хоҳад гирифт.
-
Oct 09, 2018
Вазири нафти Эрон ба изҳороти валиаҳди Арабистон, ки муддаӣ шуда буд, кишвараш метавонад ҷойи нафти Эронро дар бозори ҷаҳонӣ пур кунад, вокуниш нишон дод.
-
Sep 15, 2018
Намояндаи Эрон дар ҳайати Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК) бо ишора ба нотавонии тавлидкунандагон дар рафъи камбуди нафт гуфт, Амрико ба ҳадафи худ дар хусуси ба сифр расонидани содироти нафти Эрон намерасад.
-
Jul 28, 2018
Рӯзномаи Ҳиндустон Таймс бо ишора ба хуруҷи Амрико аз барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) ва таъсири ин тасмим бар амнияти энержии Ҳинд навишт, Амрико наметавонад Ҳиндро маҷбур ба таваққуфи хариди нафт аз ҷумҳурии исломии Эрон кунад.
-
Jul 28, 2018
Нафти мавриди ниёзи нахустин полоишгоҳи нафти Тоҷикистон дар минтақаи озоди иқтисодии Данғара, дар вилояти Хатлон, аз Қазоқистон ворид хоҳад шуд.
-
Jul 14, 2018
Таъмин нашудани эътибори молии чаҳормиллиондолларӣ аз сӯйи “Агроинвестбонк” –и Тоҷикистон, ифтитоҳи нахустин полоишгоҳи нафти ин кишвар дар минтақаи озоди иқтисодии Данғара, дар вилояти Хатлонро барои чаҳорумин бор бо таъхир рӯбарӯ кард.
-
Jul 11, 2018
Вазири хориҷаи Амрико аз баррасии дархости бархе кишварҳо барои мустасно шудан аз таҳримҳои нафтии Эрон хабар дод.
-
Jul 09, 2018
Курдҳои Сурия бо вогузории таъсисоти нафтӣ дар манотиқи шарқии ин кишвар ба давлати Димишқ мувофиқат карданд.
-
Jul 08, 2018
Иттиҳодияи Аврупо зимни интишори баёнияе бо ишора ба Комиссияи муштараки БАРҶОМ дар сатҳи вазирони хориҷаи кишварҳои боқимонда, таъкид кард, ҳифзи каналҳои бонкӣ, идомаи содироти нафту гази Эрон ва эҷоди ҷави сармоягузории матлуб дар Эрон авлавият аст.
-
Jul 07, 2018
Дувумин бонки бузурги Амрико дар бораи сиёсати “содироти сифр”-и нафти Эрон ҳушдор дод.
-
Jun 25, 2018
Муовини муҳандисӣ, пажуҳишӣ ва фанноварии Вазорати нафти Эрон гуфт: Маҷмуи даромади арзии содироти Эрон дар 2017 ҳудуди 95 миллиард доллар буд, ки 50 миллиард доллар ба нафти хом ва 20 миллиард доллар ба фаровардаҳо ва петрошимиҳо тааллуқ дошт.
-
Май 26, 2018
Мудиромили ширкати миллии нафти Эрон дар шарҳи раванди содироти нафт пас аз хуруҷи Амрико аз БарҶом гуфт, содироти нафти Эрон ҳамонанди гузашта идома дорад ва ҳамакнун рӯзона ҳудуди 2 миллиону 500 ҳазор бушка нафти хом содир мешавад.
-
Apr 11, 2018
Вазири нафти ҷумҳурии исломии Эрон дар шонздаҳумин Иҷлоси анҷумани байналмилалии энержи дар Деҳлии Нав гуфт: Бозори нафт ринги бокс ва маҳалли даъвои кишварҳо нест.
-
Apr 08, 2018
Муҳаққиқони донишгоҳи санъатии Амиркабири Эрон равишеро барои истифода аз лаҷани нафтӣ дар тавлиди семент ироа карданд, ки корбурдишудани он, олояндагиҳои экологиро коҳиш хоҳад дод.