Ҷустуҷу
-
Jul 14, 2019
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, Ҷумҳурии исломии Эрон ҳеҷ гуна музокирае бо мақомоти Амрико дар ҳеҷ сатҳе надорад.
-
Jul 14, 2019
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, Амрико дар 14 моҳи гузашта сахттарин таҳримҳоро зидди миллати Эрон эъмол кардааст, аммо дар ҳар масире чи иҷтимоӣ, чи сиёсӣ ва чи ҳуқуқӣ пеш рафтанд, шикаст хурданд.
-
Jul 14, 2019
Вазири умури хориҷаи Эрон асри шанбе дар гуфтугӯи телефонӣ бо Ҷереми Ҳант вазири умури хориҷаи Англия бо таъкид бар ғайриқонунӣ будани таҳримҳои нафтии Амрико таъкид кард, Эрон ба содироти нафти худ дар ҳар шароите идома хоҳад дод.
-
Jul 14, 2019
Намояндаи Русия дар созмонҳои байналмиллалии мустақар дар Вена таъкид кард, барномаи мушакии Эрон, мушкили қонунӣ надорад.
-
Jul 13, 2019
Конгресси Амрико тарҳеро тасвиб кард, ки ихтиёроти раисҷумҳури ин кишварро барои ҷанг бо Эрон маҳдуд мекунад.
-
Jul 13, 2019
Мудири кули пешини ожонси байналмиллалии энержии атомӣ, аз иқдоми давлати Доналд Трамп дар хуруҷ аз Барҷом ва ҳамчунин сиёсатҳояш зидди ҷумҳурии исломии Эрон интиқод кард.
-
Jul 13, 2019
Тими миллии волиболи Эрон бо шикаст муқобили Бразилия, аз Лиги миллатҳо ҳазф шуд.
-
Jul 13, 2019
Сухангӯи Вазорати хориҷаи Чин рӯзи ҷумъа дар вокуниш ба таҳдиди ахири Амрико бинобар таҳрими Пекин дар сурати идомаи хариди нафт аз Эрон гуфт; тиҷорати байналмиллалӣ бо Эрон дар чорчуби қавонини ҷаҳонӣ, мантиқӣ, машруъ ва шоистаи эҳтиром аст.
-
Jul 12, 2019
Сипоҳи Посдорони инқилоби исломӣ дар иттилоъияе аз гулулаборони мақарҳои терраристҳо дар ҳошияи марзҳои иқлими Курдистони Ироқ бо Эрон ва ҳалокат ва захмӣ шудани шуморе аз онҳо хабар дод.
-
Jul 11, 2019
Вазири умури хориҷаи Эрон бо баёни ин ки дипломосии Эрон Амрикоро мунзавӣ кард, гуфт, таниш фақат аз тариқи тамом шудани терроризми иқтисодии Амрико зидди мардуми Эрон хотима пайдо мекунад.
-
Jul 11, 2019
Вазири дифои Эрон ҷон бохтани теъдоде аз афсарони неруҳои баҳрии Русия дар паи бурузи сониҳаи зердарёии ин кишварро ба вазири дифои Русия таслият гуфт.
-
Jul 10, 2019
Устондори Хуросони Разавӣ кумакҳои байналмилалиро дар баробари ҳазинаҳои Эрон барои атбои хориҷӣ нокофӣ донист ва нақши фаъолтари Аврупоро дар кумак ба паноҳҷӯён хостор шуд.
-
Jul 10, 2019
Амрико ҳама талоши худро барои ба чолиш кашондани БарҶом бо иттиҳомсозӣ алайҳи Эрон бакор гирифтааст ва ҳар рӯз тарҳ ва иддеаи тозаеро матраҳ мекунад. Дар ҳамин росто, Шӯрои ҳуккоми Ожонси Байналмилалии Энерии Атомӣ (ОБЭА), имрӯз чаҳоршанбе ба дархости Амрико, ҷаласаи вижаеро дар бораи Эрон баргузор мекунад.
-
Jul 10, 2019
Браян Ҳук, намояндаи вижаи Амрико дар умури Эрон, ки кишвараш бо эъмоли таҳримҳои бесобиқа муваффақ нашудааст Эронро ба пойи мизи музокираи иҷборӣ бикашонад, гуфт: “таҳримҳои ҷадиде алайҳи Теҳрон ҷорӣ мекунем”.
-
Jul 10, 2019
Вазири умури хориҷаи Фаронса бо баёни ин ки Амрико метавонад бо вуҷуди хуруҷ аз БАРҶОМ ба дунболи коҳиши таниш бо Эрон бошад таъкид кард, иқдоми Эрон барои афзоиши сатҳи ғанисозии ураниюм дар посух ба хуруҷи Вашингтон аз БАРҶОМ ва беамалии аврупоиҳоро вокуниши бад ба тасмиме бад тавсиф кард.
-
Jul 10, 2019
Раиси Федератсияи байналмиллалии волейбол (FIVB) дар номае ба Федератсияи волейболи Эрон ба далели интизор гузоштани аъзои тими волейболи Эрон дар фурудгоҳи Шикаго узрхоҳӣ кард.
-
Jul 10, 2019
Намояндаи вижаи раиси ҷумҳури Русия дар дидори Дабири Шурои олии амнияти миллии Эрон гуфт, бидуни дар назар гирифтани нақш ва таъмини манофеи Ҷумҳурии исломии Эрон имкони дастёбӣ ба амнияти муассир ва пойдор дар минтақа вуҷуд надорад.
-
Jul 10, 2019
Ҳиллари Клинтон вазири умури хориҷаи пешин ва рақиби демократи Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико дар интихоботи раёсат ҷумҳурии соли 2016, бори дигар аз хуруҷи кишвараш аз БАРҶОМ ва сиёсати кунунии давлати Трамп алайҳи Эрон интиқод кард.
-
Jul 09, 2019
Сафири Швейтсария дар Теҳрон гуфт, хадамот ва имконоти ироашуда ба шаҳрвандони хориҷӣ, бавижа ба шаҳрвандони Афғонистон тавассути Ҷумҳурии Исломии Эрон қобили тақдиру таҳсин аст.
-
Jul 09, 2019
Вазири умури хориҷии Эрон таваққуфи комили барномаи ғанисозии Эронро таваҳҳумӣ хонд, ки Натаняҳу ва Болтон дар соли 2005 низ ба дунболи он буданд.