Ҷустуҷу
-
Jul 13, 2017
Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон гуфт, арзиши мубодилоти бозаргонии ин кишвар ва Узбакистон аз авоили соли 2017 бо ду баробар афзоиш, дар муқоиса бо муддати мушобеҳи соли қабл ба беш аз 46 миллион доллар расидааст.
-
Jul 13, 2017
Раиси Кумитаи давлатии умури дини Тоҷикистон аз гусели нахустин гурӯҳ аз зоирони ин кишвар ба ҳаҷ дар шонздаҳуми август хабар дод.
-
Jul 13, 2017
Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳукумати ин кишвар хостааст, барои ҳамаи афроде, ки тамоюл ва тавони фаъолияти мустақил дар бахши иктишофу истихроҷ ва тавлиди тилло доранд, заминаи қонунии корро фароҳам кунад.
-
Jul 13, 2017
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе як шаҳрванди ин кишварро ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи мамнуаи “салафия” ба 13 сол зиндон маҳкум кард.
-
Jul 13, 2017
Масъули фаъолияти созмонҳои мазҳабӣ дар Кумитаи давлатии умури дини Тоҷикистон гуфт, Вазорати маориф ва илм аз судури иҷозатнома барои баргузории давраҳои омӯзиши улуми исломӣ дар масҷидҳо пешгирӣ мекунад.
-
Jul 13, 2017
Маҷлиси миллии Тоҷикистон бо ислоҳи Қонуни муқаррароти таблиғот, таблиғи танбоку ва машруботи алкулӣ (спиртӣ)-ро дар радиову телевизион ва матбуоти ин кишвар мамнуъ кард.
-
Jul 13, 2017
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон иллати ибтилои 5 нафар аз сокинони ноҳияи Бохтари вилояти Хатлонро ба бемории домана, нӯшидани оби олуда ва ғайрибеҳдоштӣ эълом кардааст.
-
Jul 12, 2017
Нахустин ҳайати намояндагони бахшҳои бозаргонии Амрико имрӯз ба Тоҷикистон сафар мекунад.
-
Jul 12, 2017
Намунаҳое аз осори шоирони муосири Тоҷикистон дар Эрон мунташир шуд.
-
Jul 12, 2017
Раиси Ҳизби сотсиал - демократи Тоҷикистон гуфт, вогузории ҳаққи таҳқиқ ва бозҷӯӣ аз фаъолияти аҳзоб ба ниҳоди давлатии мубориза бо фасод ангезаи сиёсӣ дорад.
-
Jul 12, 2017
Шӯрои мудирони Бонки ҷаҳонӣ бо ихтисоси кӯмаки 50 миллиондолларӣ ба Тоҷикистон барои тақвияти зерсохтҳои ин кишвар дар баробари осебҳои табиӣ мувофиқат кард.
-
Jul 11, 2017
Коршиносону таҳлилгарони тоҷик муътақиданд, бо шикаст хӯрдани гурӯҳи террористии ДИИШ дар Сурия ва Ироқ пайравони ин гурӯҳи такфирӣ дар шимоли Афғонистон таҷаммӯъ мекунанд, ки таҳдиди ҷиддӣ алайҳи амнияти Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
-
Jul 11, 2017
Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки саркӯб шудани ҷангиёни ДИИШ дар Ироқу Сурия хатарҳоро барои Тоҷикистон афзоиш додааст.
-
Jul 11, 2017
Раисҷумҳури Тоҷикистон эълом кард, ки иҷрои Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ин кишвар дар 10 соли гузашта 2 миллиард доллар сарфаҷӯӣ дар пай доштааст.
-
Jul 11, 2017
Дидори Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо фаъолони бахшҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии ин кишвар дар ҳоли баргузорӣ аст.
-
Jul 11, 2017
Мақомоти Тоҷикистон бори дигар аз хатари ДИИШ барои Тоҷикистон ҳушдор доданд.
-
Jul 11, 2017
Муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон муътақид аст, шиддат ёфтани даргириҳо дар шимоли Афғонистон амнияти Тоҷикистонро таҳдид мекунад.
-
Jul 11, 2017
Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва сафири ғайримуқими режими ишғолгари Қудс дар дидоре дар Душанбе муносиботи дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
-
Jul 11, 2017
Вазири маориф ва илми Тоҷикистон иддаои бархе аз расонаҳои хабарии ин кишварро мабнӣ бар мамнуияти идомаи омӯзиши донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Эрон, рад кард.