Ҷустуҷу
-
Jul 11, 2017
Мудири ширкати ҳавопаймоии “ТоҷикЭйр” эълом кард, парвозҳои ин ширкат дар масири Душанбе ба Хоруғ, маркази вилояти Бадахшони Тоҷикистон, аз рӯзи ҳафтуми июли соли ҷорӣ аз сар гирифта шудааст.
-
Jul 10, 2017
Зиёратшоҳи Аҳмадшоҳ: Сайфулло Сафаров, муовини Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон гуфт, ки иттиҳоди нерӯҳои мухолифон аз ҷумла фаъолияти ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ дар хориҷ, барои амнияти ин кишвар хатарнок аст.
-
Jul 10, 2017
Бонки ҷаҳонӣ бори дигар аз раванди афзоиши омори камбизоатон дар Тоҷикстон аз соли 2014-и мелодӣ то кунун хабар дод.
-
Jul 10, 2017
Мақомоти ноҳияи Спитамен дар вилояти Суғд аз идомаи ҳузури сокинони ин минтақа дар таркиби гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия ва Ироқ, ибрози нигаронӣ кардаанд.
-
Jul 10, 2017
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз зери об мондани 19 хона дар деҳаи Хостави ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон хабар додааст.
-
Jul 09, 2017
Размоиши чандмиллиятии Амрико ва чаҳор кишвари дигар бо унвони «Амалиёт RC17» (ҳамкории минтақаӣ 2017), аз даҳуми июл дар Тоҷикистон оғоз мешавад.
-
Jul 09, 2017
Нахуствазири Қирғизистон аз таъкиди мақомоти Тоҷикистон барои ҳалли ихтилофоти марзӣ ва зарурати суръат ёфтани аломатгузории марзи муштараки ин ду кишвар дар хабар дод.
-
Jul 09, 2017
Сафири Тоҷикистон дар Ашқобод ва вазири роҳи оҳани Туркманистон дар дидоре, раванди сохти роҳи оҳани миёни ин ду кишвар аз қаламрави Афғонистонро баррасӣ карданд.
-
Jul 08, 2017
Аз рӯзи 10-уми июл нишастҳои матбуотии мақомоти Тоҷикистон ҷиҳати ироаи иттилоъ ба расонаҳо дар робита фаъолияти шашмоҳаашон оғоз мешавад.
-
Jul 08, 2017
Коршиноси умури об дар Тоҷикистон мегӯяд, омили аслии дастрасӣ надоштани мардуми ин кишвар ба оби ошомидании тоза набуди зерсохтҳои кофӣ ва созмонҳои маблағгузори таъмини об аст.
-
Jul 08, 2017
Вазорати кишоварзии Тоҷикистон аз ҷамъоварии наздик ба 500 ҳазор тон гандум аз заминҳои ин кишвар аз оғози бардошти ин маҳсул хабар дод.
-
Jul 07, 2017
Оташсӯзӣ дар бозори "Корвон", бузургтарин бозори пойтахти Тоҷикистон дар меҳвари таваҷҷуҳи нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе қарор гирифтааст.
-
Jul 06, 2017
Нишасти чаҳорҷонибаи раисони ҷумҳурии Тоҷикистон, Афғонистон, нахуствазирони Қирғизистон ва Покистон имрӯз панҷшанбе дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.
-
Jul 06, 2017
Бо анҷоми қуръакашии марҳалаи муқаддамотии рақобатҳои Ҷоми миллатҳои Осиё - соли 2018, рақибони тими миллии Эрон мушаххас шуданд.
-
Jul 06, 2017
Нишасти сеҷонибаи раисони ҷумҳурии Тоҷикистон, Афғонистон ва нахуствазири Покистон имрӯз дар бӯстонсарои “Пуғус” дар ноҳияи Варзоб дар шимоли шаҳри Душанбе баргузор шуд.
-
Jul 06, 2017
Нахуствазири Қирғизистон имрӯз дар ҳошияи нишасти кишварҳои узви “CASA-1000” , бо раисиҷумҳури Тоҷикистон дидор кард.
-
Jul 06, 2017
Нахуствазири Покистон, ки барои ширкат дар нишасти чаҳорҷонибаи сарони кишварҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Қирғизистон ва Покистон ба Душанбе сафар кардааст, бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дидор кард.
-
Jul 05, 2017
Дар поёни дидори раисҷумҳури Тоҷикистон ва нахуствазири Покистон ва музокироти ҳайъатҳои ду кишвар дар Душанбе 3 санади ҳамкории дуҷониба ба имзо расид.