Ҷустуҷу
-
Jan 19, 2018
Мақомоту шахсиятҳои сиёсию фарҳангии тоҷик ва ҳамчунин сафирону дипломатҳои муқими Душанбе дафтари ёдбуди ҷонбохтагони ҳодисаи нафткаши «Сончи»-ро имзо карданд.
-
Jan 19, 2018
Нерӯҳои амниятии Афғонистон тайи амалиёте дар вилояти Ҳилманд, ҷануби ин кишвар 500 килограм маводи мунфаҷира аз Толибон кашф карданд.
-
Jan 18, 2018
Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбакистон бо ҳадафи тармими дастгоҳи дипломатии хориҷии кишвараш, даҳ тан аз сафирони худро дар бархе кишварҳо ба далели адами короӣ,тағйир додааст.
-
Jan 18, 2018
Муовини вазири умури динии Қазоқистон аз мамнуияти ҳузури кӯдакон дар масоҷид ва калисоҳо бидуни волидайн, хабар дод.
-
Jan 18, 2018
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон аз кушта шудани 52 шаҳрванди Узбакистон бар асари оташсӯзии як автобус дар вилояти Оқтеппаи ин кишвар хабар дод.
-
Jan 18, 2018
Маросими бузургдошти Бобоҷон Ғафуров, муаррих ва шарқшиноси машҳур ва Қаҳрамони миллии Тоҷикистон бо ҳузури ҷамъе аз уламо, асотид, донишмандон ва фарҳехтагони тоҷик ва эронӣ баргузор шуд.
-
Jan 18, 2018
Як рӯзномаи алҷазоирӣ аз тадоруки гурӯҳи ДИИШ барои амалиёти бузурги террористӣ дар Африқо, хабар дод.
-
Jan 18, 2018
Дабири Ҷамъияти уламои Ҳинд аз давлати ин кишвар хост, дар равобити худ бо Исроил, таҷдиди назар кунад.
-
Jan 18, 2018
Бо эъломи Комиссияи олии интихоботи Ироқ 143 ҳизб дар қолаби 27 эътилоф дар интихоботи парлумонии отии ин кишвар рақобат хоҳанд кард.
-
Jan 18, 2018
Давлати Ҳинд ба баҳонаи фаъолиятҳои омӯзишӣ, ёронаи ҳаҷ барои мусалмонон дар ин кишварро қатъ кард.
-
Jan 18, 2018
Амрико Тоҷикистонро дар феҳристи кишварҳои амн барои гардишгарӣ қарор дод.
-
Jan 18, 2018
Тоҷикистон аз мушорикати густурдаи Чин дар иҷрои проектҳои иқтисодии ин кишвар истиқбол мекунад.
-
Jan 18, 2018
Ожонси давлатии омори Тоҷикистон, вобаста ба ниҳоди раёсати ҷумҳурии ин кишвар эълом кард, дар моҳи ноябри соли 2017 мизони миёнаи маошу дастмузд дар ин ҷумҳурӣ 1 ҳазору 174 сомонӣ будаааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 10, 7 дарсад афзоиш ёфтааст.
-
Jan 18, 2018
Бонки Ҷаҳонӣ эълом кард, Тоҷикистон дар миёни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дорои бештарин мизони молиёт дар соли 2017 будааст.
-
Jan 17, 2018
Бо вуҷуди поёни ДИИШ, Вашингтон ҳамчунон ба талошҳои худ барои бар ҳам задани амният дар Ховари Миёна идома медиҳад.
-
Jan 17, 2018
Раҳбари мухолифони Русия, ки чанде пеш номзадиаш барои мақоми раёсатҷумҳурии Русия рад шуд, алайҳи қонуни интихоботи ин кишвар ба додгоҳи Қонуни асосӣ шикоят кард.
-
Jan 17, 2018
Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон дар соли 2017, 10 тан аз сафирони ин кишварро ба далели надоштани короии лозим, аз кор барканор кард.
-
Jan 17, 2018
Велхарҷӣ ё исрофкории бесобиқа дар ҷашни арӯсии яке аз бастагони Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон ва набераи яке аз сарватмандони ин кишвар, меҳмононро шигифтзада кард.
-
Jan 17, 2018
Як созмони амрикоӣ дар гузориши солонаи худ Тоҷикистонро дар радифи 24 кишваре қарор додааст, ки дар 10 соли гузашта беш аз дигар кишварҳо аз масири демократия ва риояти озодиҳои сиёсӣ ва шаҳрвандӣ хориҷ шудааст.
-
Jan 17, 2018
Шабакаи радиоӣ ва телевизионии давлатии “NHK” –и Ҷопон сешанбешаб дар пайи интишори хабари иштибоҳи ҳамлаи Кореяи Шимолӣ ба Ҷопон, паёми узрхоҳӣ содир кард.