Ҷустуҷу
-
Jan 06, 2019
Шуморе аз намояндагони аҳзоби сиёсии Афғонистон бар баргузории дубораи интихоботи парлумонӣ дар вилояти Кобул таъкид карданд.
-
Jan 06, 2019
Сайидаббоси Ироқчӣ, муовини сиёсии вазири умури хориҷии Эрон дар Кобул бо мақомоти Афғонистон дар бораи мавзӯоти муҳиме гуфтугӯ кард. Пайгирии умури кории кумитаҳои панҷгонаи Эрону Афғонистон барои имзои санади ҷомеи ҳамкориҳои ду кишвар ва музокироти сулҳ бо гурӯҳи Толибон аз муҳимтарин меҳварҳои музокироти Ироқчӣ бо мақомоти Афғонистон буд.
-
Jan 06, 2019
Баррасиҳо нишон медиҳад масрафи сигарет дар мардҳо ба мурур на танҳо ноборвариро ба дунбол меоварад, балки муҷиби сифоти занона ҳам мешавад, зеро бар мутаболизми гормони мардона ё тестотерон таъсири мустақим мегузорад.
-
Jan 06, 2019
Раиси ҷумҳурии Туркманистон аз оғози раёсати давраии кишвараш бар Иттиҳодия кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ (ИДМ) аз оғози соли 2019 хабар дод.
-
Jan 06, 2019
Вазорати кишвар ва амнияти миллии Фаластин ҳувияти омилони ҳамла ба бинои телевизиони Фаластин дар шаҳри Ғаззаро эълом кард.
-
Jan 06, 2019
Вазири энержии Қазоқистон аз баргузории музокироти ин кишвар бо ширкати «Узбакнефтгаз» барои содироти бензин ба Узбакистон хабар дод.
-
Jan 06, 2019
Муовини вазири умури хориҷаи Русия аз идомаи мудохилаи низомии Амрико дар Сурия интиқод кард.
-
Jan 06, 2019
Вазорати умури дохилаи Русия аз иҷрои тарҳи ангуштнигории саросарӣ барои коргарони муҳоҷири хориҷӣ, ба вижа кишварҳое, ки бо Маскав низоми раводид надоранд, дар тобистони имсол хабар дод.
-
Jan 05, 2019
Маросими ифтитоҳияи рақобатҳои футболи Ҷоми миллатҳои осиёи 2019 шомгоҳи шанбе (панҷуми январ) дар варзишгоҳи 43 ҳазор нафарии Zayed Sports City дар шаҳри Абу Забии Иморот баргузор шуд.
-
Jan 05, 2019
Бо вуҷуди коҳиши омори талоқ дар соли 2018 нисбат ба соли пеш аз он, падидаи талоқ дар ҷомеаи тоҷик ҳамчунон вазъияти нигаронкунанда дорад.
-
Jan 05, 2019
Раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон эълом кард, ки то ду моҳи дигар нархи симкорти телефони ҳамроҳ дар ин кишвар, тағйир нахоҳад кард.
-
Jan 05, 2019
Сухангӯи Толибон эълом кард, ки ин гурӯҳ барои баргузории нишасти сулҳи Афғонистон дар Арабистон тавофуқе накардааст, бино бар ин дар Ҷидда бо намояндагони Амрико музокира намекунад.
-
Jan 05, 2019
Туркманистон раёсати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил(ИДМ)-ро дар соли 2019 бар ӯҳда гирифт.
-
Jan 05, 2019
Коршиноси рус гуфт, ки Эрон дар таъмини субот ва оромиш дар Сурия нақши мусбат ва қобили таваҷҷуҳ дорад.
-
Jan 05, 2019
Бар асари инфиҷори бомбаи ҷосозишуда дар як мошин дар шаҳри Пешовар, маркази иёлати Хайбар Пахтунхоҳ (шимоли ғарби Покистон), дастикам чаҳор нафар захмӣ шуданд.
-
Jan 05, 2019
Ҷомеаи мадании Тоҷикистон дар шок ва сӯги даргузашти Файзиннисо Воҳидова аст.
-
Jan 05, 2019
Мудири Дидабони Ҳуқуқи Башари Созмони Милал гуфт, наметавон тасаввур кард, ки дар парвандаи қатли Ҷамол Хошуқҷи, рӯзноманигори мунтақиди саудӣ мақомоти Арабистон худашонро маҳкум кунанд, дар натиҷа муҳокимаи авомили ин парванда дар Арабистон эътимодсоз нест.
-
Jan 05, 2019
Як марзбони тоҷик дар даргирии мусаллаҳона бо қочоқчиёни афғони маводи мухаддир дар марзи ду кишвар кушта шуд.
-
Jan 05, 2019
Камбуди доллар бо оғози соли нави мелодӣ дар бозори муомилоти арзии Тоҷикистон муҷиби нигаронии бозаргонони ин кишвар шудааст.
-
Jan 05, 2019
Сухангӯи раиси вилояти Бадахшон гуфтааст, ки Тоҳир Муҳаммадбоқиров, бародари боздоштшудаи Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров, аз сарони гурӯҳҳои ғайрирасмии ин минтақа ҳамчунон дар боздоштгоҳи шаҳри Хоруғ, маркази ин вилоят нигаҳдорӣ хоҳад шуд.